Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарҳанг"-и занозории тоҷикон аз куҷо об мехӯрад?


Аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки бо оғози маъракаи зидди озори занон дар хонаводаҳои Тоҷикистон бармеояд, қисме аз мардҳои тоҷик шиорҳои ин маъракаро хилофи урф ва мафкураи миллӣ мешуморанд.

Таъкиди чунин мардҳо ба фарҳанг ва менталитети миллӣ гӯиё далолат мекунад, ки зан бояд ҳама вақт фармонраво ва тобеи марди худ бошад ва барои нигаҳдории сиёсат занро метавон бо зӯри бозу "гапдаро" кард. Аз ҷумла, Диловар Сафаров, як сокини пойтахт ва падари 5 фарзанд мегӯяд, "дар хонаводаи ҳар як тоҷик бояд мард сарвар бошад ва зан ҳамеша ба ӯ итоат кунад. Як мақоле ҳам ҳаст, ки задани зан одати мардон бошад ва ё агар зан итоат накард, бо табар бизан. Дар Қуръон ҳам омадааст, ҳарфи мард барои зан қонун аст. Домуллоҳо ҳам зиёд аз он мегӯянд, ки тибқи фармоиши Қуръон бояд ба занҳо имконияти камтар дода шавад. Худи мо ҳам мебинем,ки ҳоло занҳои замонавӣ зиёд шудаанд, ки агар мард сиёсати худро ба роҳ намонад, онҳо аз ҳама чаҳорчӯба берун мебароянд."

Мусоҳиби дигари мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, низ мегӯяд, "ду бор издивоҷ кардаам. Зани якумамро ҳам мезадам ва дувумашро ҳам мезанам. Агар одам занашро бо задан омӯхта кунад, вай ба роҳи рост меравад. Агар хуб шудаст гуфтан гирӣ, бадтар мешавад. Барои гапгардонӣ ва кори безеб кардан на бо мушт, балки бо лагад мезанам."


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим



Чунин, ба истилоҳ, “менталитет”-и миллӣ сабаб мешавад, ки садҳо зан зери мушту лагад боқӣ бимонанд, маъюбу маълул гарданд ё даст ба худкушӣ зананд. Бино ба омори расмӣ, танҳо дар 9 моҳи солӣ ҷорӣ ҳудуди 500 зану духтар роҷеъ ба латукӯби наздиконашон ба Кумитаи занони Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Дар ин миён Дилором Раҳматова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, таърихан, бадрафторӣ бо зан аз сӯи мард ба фарҳанги тоҷикӣ бегона будааст. Аммо бо маъмул шудани бисёрҳамсарӣ дар ҷомеа то андозае қадру манзалати занро дар назди мард кам кард. Бону Дилором мегӯяд, "мақоми зан ва эҳтироми ӯ ҳамавақт дар сатҳи баланд буд. Масалан, ба кадом як классикон ва файласуфони мо муроҷиат накунед, дар ягон ҷо занро паст назадаанд ва истисмор ҳам накардаанд. На аз ҷиҳати адабиёт, на аз ҷиҳати фарҳанг ва на аз ҷиҳати анъана. Дар мавриди мақоми модар умуман ҷойи гап ҳам нест, чун ба ӯ ба ҳайси офарндаи ҳаёт муносибат мекарданд."

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ
Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ
Нурмуҳаммад Амришоҳӣ, пажӯҳишгари таърихи адён дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, рабт додани хушунати занонро ба фарҳанги миллӣ иштибоҳе беш намедонад ва мегӯяд, зан дар тамаддуни ин мардум ҳамеша ҷойгоҳи баланд доштааст. Ӯ гуфт, "ҳатто аз назари дини Ислом ҳам бигирем, гуфта мешавад биҳишт зери пойи модарон аст. Мисли он нест, ки имрӯз баъзе аз китобҳои таассубие, ки дар фурӯшгоҳҳо гузошта мешавад ва гӯиё занон ҳезуми дӯзаханд. Ҳатто дар Қуръон омадааст, ки чун занон ба тарбияи кӯдакон машғуланд ва имконияти корро надоранд, мард бояд ба ҳамсар нафақаи махсус таъин кунад. Яъне, эътибори зан то ин ҳад боло бурда шуд. Вақте муғулҳо омаданд ва то 30-40 ҳамсар доштанд, таассуб боло гирифт ва он арзишҳои милливу диние, ки аз мо буданд, паси парда рафтанд."

Аммо бо он ки гуфта мешавад, озори латукӯби зан хоси фарҳанги бегонагон аст, аммо хушунат, хоса зулми хонаводагӣ дар ҷомеаи тоҷик беш аз пеш мушоҳида мешавад. Равоншиносон мегӯянд, чунин шеваи бархӯрди волидайн ҳатман ба рӯҳияи фарзандон бетаъсир намемонад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, фарзанд ҳар чизи бадеро, ки аз калонсол қабул мекунад, барояш мисли як одат мешавад ва ӯ ин рафторро оянда дар зиндагии худ истифода мекунад. Коршиносон бар инанд, ки маъракаҳои ҳарсолаи зидди занозорӣ танҳо дар ҳоле самара дода метавонанд, ки қолаб ё стереотипҳои иҷтимоӣ ва чунин далолатҳо ба менталитет ё фарҳанги миллиро аз байн баранд.

Шумо боре ҳам зани худро озор додаед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
XS
SM
MD
LG