Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги мармузи Рамазон дар артиш. ВИДЕО


Рамазон Забиров ҳамроҳи модараш Мавлуда Тағоева ҳангоми рафтан ба хидмати ҳарбӣ

Рамазон Забиров ҳамроҳи модараш Мавлуда Тағоева ҳангоми рафтан ба хидмати ҳарбӣ

Наздикони Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда ва баъдан ҷон додааст. Рамазон моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта ва ҷасадаш рӯзи 7 август ба хок супурда шудааст.

Иллати расмии марги Рамазон Забировро, ки дар қисми низомии 2858-и ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хидмат мекард, то ҳол эълон накардаанд. Хонаводаи ӯ мегӯянд, касе аз масъулони қисми низомӣ низ сабаби марги писарашонро шарҳ надода, ҷасадро гузошта рафтаанд.

​Мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, натиҷаи ташхиси ҷасади Рамазон Забиров ҳанӯз дастрас нашудааст ва барои ҳамин дар бораи чигунагии марги ӯ суҳбат кардан барвақт аст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, низ рӯзи 10-уми август ба Озодӣ гуфт, маълумоти бадастомадаро баъдан дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.

Рӯзи чоршанбе дар манзили хонаводаи сарбоз азо буд. Мавлуда Тағоева, модари Рамазон Забиров, дар суҳбат бо хабарнигори Радаои Озодӣ гуфт, ки фарзандашро дар қисми ҳарбии рақами 2858 дар ноҳияи Зафаробод латту кӯб карда ва боис ба ҳалокати ӯ шудаанд.

Мавлуда Тағоева

Мавлуда Тағоева

Вай афзуд, ҳангоми шустани ҷасади писараш дар зери манаҳ, сутунмуҳра ва тарафи рӯяш доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд ва ин баёнгари латту кӯб шудани ӯст. “Аз гуноҳи онҳое, ки фарзандамро ба марг расондаанд, намегузарам. Талаб мекунам, ки омилони марги ӯ сазои амали худро бигиранд,” – гуфт Мавлуд Тағоева.

Муллозокир Забиров, падари Рамазон, низ гуфт, аз ин ҳодиса дар ҳолати "шок" афтодааст ва чанд рӯз боз дар худ нест. Ӯ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, писараш пештар ба чӯпонӣ машғул буд ва дар пайи ваъдаи мақомот барои додани қитъаи замин довталабона ба хидмат рафтааст. "Ӯ ҳар моҳ аз кори чӯпонияш то якуним ҳазор сомонӣ даромад дошт. Бо вуҷдуи ин, ҳамаро гузошту ба артиш рафт. Вале то ҳол ҳамон қитъаи замини ваъдагиро надодаанд ва дар иваз мо ҷасади беҷонашро гирифтем," - афзуд ӯ.

Муллозокир Забиров гуфт, онҳо рӯзи 11 -уми август расман ба Додситонии ноҳияи Ҳисор аризаи шикоятӣ навишта ва таҳқиқи марги писарашонро тақозо хоҳанд кард. Ӯ гуфт, "бигзор, аз рӯи қонун гунаҳкорро маълум карда, ба муҷозот кашанд."

Муллозокир Забиров

Муллозокир Забиров

Рамазон Забирови 18-сола писари калонии хонавода буда, бори таъмини наздиконашро бар дӯш доштааст. Зиндагии хонаводаи Рамазон Забиров хоксорона ва фақирона мегузарад.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба артиш мегӯяд, ин ҳодисаро таҳқиқ хоҳад кард. Хуршеда Раҳимова, як масъули ин созмон ба Озодӣ гуфт, ки аз ҳоло онҳо метавонанд наздикони Рамазон Забировро бо вакили дифоъ таъмин кунанд.

Тайи солҳои охир чанде аз сарбозон ҳангоми хидмат дар қисмҳои низомӣ ҳалок шуда, додгоҳҳои кишвар низ чанде аз омилони онҳоро ба зиндон фиристодаанд. Ахиран Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба падару модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Аммо наздикони Фирдавс Раҳматов гуфтанд, даъвои онҳо то ҳадди лозим қонеъ карда нашудааст ва ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Онҳо 238 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG