Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

14 соли зиндони сержант Табуров барои марги Бахтиёр дар артиш (ВИДЕО)


Акси Бахтиёр Қурбонмадов

Акси Бахтиёр Қурбонмадов

Додгоҳи низомии Душанбе як сарбозу ду афсари Вазорати дифоъро бо гуноҳи ба марг расондани як ҳамхидматашон ба зиндон маҳкум кард. Дар ин додгоҳ рӯзи 19-уми июл ба Озодӣ гуфтанд, лейтенанти калон Акмалшои Талабшо ва капитан А.Ҷонов 2-солӣ ва сержант Сайидумрон Табуров 14 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Бахтиёри ҷавон фақат баъди 5 рӯзи хидмат дар як воҳиди низомии нерӯҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рашт кушта шуд.

Ба қавли масъулони додгоҳ, ин афрод бар асоси қисми дуи моддаи 373-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "вайрон намудани оинномаи муносибат бо аскарон" – ва қисми сеи моддаи 391 – "сӯиистифода аз мансаби давлатӣ" – муҷрим шинохта шудаанд. Борон Темуров, бобои Бахтиёр Қурбонмадов низ гуфт, "дар рафти мурофиа сержант Саидумрон Табуров ҳамаи гуноҳро ба дӯш гирифт."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Бахтиёр аз чӣ мурд - аз дарди дил ё зарбу лат?

Тибқи хулосаи додгоҳ, ҳодиса 14 апрели соли ҷорӣ рух додааст. Сержант Сайидумрон Табуров шабона ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ ба тарафи дили Бахтиёр Қурбонмадов зарба задаааст ва ӯ тоб наоварда ба замин афтода, баъдан ҷон додааст. Аммо лейтенанти калон – Акмалшои Талабшо ва капитан Ҷонов, ки масъулияти назорат ба сарбозонро доштанд, нисбат ба ин рафтори сержант Табуров бемасъулиятӣ нишон додаанд.

Дар ҷараёни мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ бо назардошти сангинии ин ҷиноят дар артиш ба 19 соли зиндон маҳкум шудани Табуровро талаб мекард. Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз карда буд.

Ӯ дар хонавода писари калонӣ буда, ду додар дорад.

Хулосаи ташхиси ҷасади сарбоз

Он замон наздикони Бахтиёр ба расонаҳо ва тафтишот гуфтанд, ки осори латукӯби шадид дар бадани писар баёнгари латукӯб шудани ӯст, вале масъулони қисми низомӣ он вақт исрор меварзиданд, ки Бахтиёр Қурбонмадов бар асари сактаи қалбӣ фавтидааст.

Фирӯз Раҷабзода, додситони гарнизони ҳарбии шаҳри Кӯлоб, рӯзи 18 июл дар нишасти хабарияш гуфт, Бахтиёр Қурбонмадов дар давраи берун аз хизмат буданаш ягон бор аз дарди дил шикоят накардааст. Раҷабзода афзуд, “баъди овардани ҷасад ташхис гузарондем, ки ӯ бе ягон беморӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудааст. Фавти ӯ баъд аз панҷ рӯзи хизматаш бинобар муносибатҳои ғайриоинномавӣ сурат гирифтааст.”

Марги мармузи Бахтиёр Қурбонмадов дар ҳолест, ки моҳе пеш волидони Меҳровар Мақсудов, як сарбози дигари ҳамин қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар Рашт аз мавриди латту кӯб ва ба бемористон афтодани вай хабар доданд. Пайвандони ин сарбоз иддао доранд, ки Меҳровар аз сӯи ҳамхизматонаш латту кӯб шудааст, вале масъулони қисми низомӣ ва Вазорати дифоъ ин иддаоро рад карданд.

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс кардаанд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG