Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон мушкил мешавад


Бинои порлумони Тоҷикистон

Бинои порлумони Тоҷикистон

Тоҷикистон ба зудӣ Созишномаи миёни Душанбеву Бишкекро дар бораи "тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ" бекор хоҳад кард.

Ин масъала рӯзи 28 июн дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – баррасӣ шудааст. ​Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон гуфт, тасмими ниҳоӣ дар ин замина рӯзи панҷшанбе, дар ҷаласаи навбатии вакилони Маҷлиси Намояндагон гирифта хоҳад шуд.

Чаро ҳоло зарурати бекор кардани Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ ба миён омадааст?

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Азизмуҳаммад Холмуҳамадзода, узи Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, пас аз тасвиби Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар 8 августи соли гузашта дигар ба ин созишнома ниёзе намондааст. Ӯ гуфт: "Дар қонуни нав тартиби қабул ва баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон муайян шудааст. Аз ин лиҳоз, Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ бекор карда мешавад."

Ҳамзамон ҷаноби Холмуҳаммадзода таъкид кард, ки ҳангоми баррасии масъалаи бекор кардани ин созишнома мавридҳои дигар, аз ҷумла, ба хотири имтиёзҳои шаҳрвандии Қирғизистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ва гурези бархе аз сокинони қирғизтабори Тоҷикистон аз хидмати артиш дар назар гирифта шудааст.

Зимнан, ҷавонони минтақаҳои наздик ба марзҳои Қирғизистон ба хотири фирор аз хидмати сарбозӣ дар артиши Тоҷикистон роҳи осон - шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт мекунанд. Дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон барои сокинони қирғизтабори ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) бисёр осон буда ва дар муддати аз чор то шаш моҳ метавон онро ба даст овард.

Гуфта мешавад, онҳое, ки шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд, бо додани 175 сомони қайди шашмоҳаи Тоҷикистонро ба даст меоранд ва бо тамом шудани мӯҳлат дубора ба Қирғизистон мераванд.

Шаъбон Шарифов, комиссари низомии ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин) дар ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳудуди 80 дарсади ҷавонони синни хидмати артиш бо дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон аз хизмати сарбозӣ фарор мекунанд. Бар асоси оморҳои ғайрирасмӣ, ҳудуди 20 ҳазор сокини ноҳияи Лахш шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст овардаанд. Ҳамакнун дар пайи бекор шудани Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ мумкин аст, мушкили ҷалби ҷавонон ба хизмати артиш дар ноҳияи Лахш то андозае ҳал шавад.

Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ моҳи майи соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва системи дарёфти шаҳрвандиро барои сокинони ин ду кишвар содда кардааст. Дар матни ин созишнома омадааст, ин иқдом "ин иқдом ба хотири ҳифз ва таҳкими равобити дӯстии таърихӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ барои эҳтироми ҳаққи интихоб ва дарёфти шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам кардан" анҷом шудаст.

Тибқи ин санад шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ҳудуди яке аз ин кишвар ҳамсар, падару модар, хоҳару фародар, фарзанд ё бобо ё бибиашон зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба таври содда шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд. Муддати будубош маҳдудият надорад.

Амали ин созишнома пас аз 6 моҳи дарёфти огоҳиномаи хатии яке аз ҷонибҳо дар бораи имконпазир набудани иҷрои он қатъ мегардад.

Тоҷикистон бо Русия низоми душаҳрвандӣ дошта, ба истиснои Узбакистон, Туркманистон ва кишварҳои Соҳили Балтик бо давлатҳои дигари пасошӯравӣ низоми раводид надорад. Туркия низ ба таври якҷониба барои шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррароти визаро лағв кардааст.

XS
SM
MD
LG