Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати зӯракӣ ба хидмати ҳарбӣ манъ шуд


Сарбозони қисми низомии ҷадид дар дараи Ромит

Сарбозони қисми низомии ҷадид дар дараи Ромит

Лағви даъвати ҳатмӣ ба хидмати артиш дар Гурҷистон умедвориҳоеро дар Тоҷикистон ҳам бедор кардааст, ки шояд ин кишвари пасошӯравӣ низ ягон вақт ба артиши касбӣ мегузарад ва даъват ба хидмати ҳарбиро, ки дар байни мардум бо номи “облава” маъруф аст, бекор мекунад.

Вазири дифои Гурҷистон Тинатин Хидашели, аз занони ангуштшумор дар ин мансаби гӯё “мардона” дар ин ҳафта бо як қарори мардонааш ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Хонум Хидашели рӯзи 27 июн дар ҳузури хабарнигорон ба фармоне имзо кард, ки аз соли оянда даъвати ҳатмии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро манъ мекунад. Лағви даъват ба артиш аз ҷумлаи ваъдаҳое буд, ки Тинатин Хидашели моҳи майи соли 2015, дар пайи таъин шуданаш ба мақоми вазири дифои Гурҷистон дода буд.

Хонум Хидашели ҳангоми имзои фармони таърихиаш гуфт: “Ба нирӯҳои мусаллаҳи мо сарбозоне, ки маҷбуран оварда шудаанд, даркор нест. Дар артиш бояд онҳое хидмат кунанд, ки бо хости дил либоси низомиро ба бар мекунанд. Ман ба фармоне имзо мекунам, ки тибқи он, вазорати дифои Гурҷистон соли 2017 барои даъват ба хидмати ҳатмӣ ягон дархост нахоҳад дод.”

Ин дар ҳолест, ки парлумони Гурҷистон моҳи гузашта пешниҳоди ҳукумат дар мавриди лағви даъват ба хидмати ҳарбиро рад карда буд.

Ираклий Сесиашвили, раиси кумитаи мудофиа ва амният дар парлумони Гурҷистон фармони ахири вазири дифоъро "намунаи бемасъулиятӣ" номид. Сарвазири Гурҷистон Георгий Квирикашвили ва раиси ин ҷумҳурӣ Георгий Маргвелашвили низ гуфтанд, ки чунин масъалаҳои муҳим бояд на бо фармони як мансабдор, балки ба тариқи муштарак ва дар сатҳи тамоми ниҳодҳои зидахл ҳаллу фасл шаванд.

Аммо Тинатин Хидашели аз фармони худ ақиб гаштанӣ нест. Хонум Хидашели гуфт, вазири оянда метавонад фармони ӯро бекор кунад, вале феълан ки ӯ вазири дифои Гурҷистон аст, касеро ба хидмати ҳарбӣ ба сафи артиш даъват нахоҳанд кард.

Ӯ аз ҷумла ба ин нукта такя мекунад, ки артиши Гурҷистон алакай 90 дарсад аз ҳисоби сарбозони қарордодӣ такмил мешавад ва танҳо 10 дарсад – аз ҳисоби даъвати ҳатмӣ, ки дигар таъсири бузурге дар такмили суфуфи артиши ин кишвари пасошӯравии минтақаи Қафқоз надоранд.

Тинатин Хидашели бо фармондеҳони артиши Гурҷистон

Тинатин Хидашели бо фармондеҳони артиши Гурҷистон

Тинатин Хидашели – ҳамсари раиси парлумони Гурҷистон Давид Усупашвили - баъд аз Линда Абу Мери (қаблан – Мурниетсе), ки дар соли 2006 муддати 4 моҳ вазири дифои Латвия буд, дувумин зан дар паҳнои пасошӯравист, ки ба мақоми вазири дифоъ менишинад. Ӯро дар Гурҷистон барои иродаи оҳанин ва якравиаш ҳатто “Саакашвилии юбкапӯш” ҳам ном мебаранд.

Вале фармони Хидашели танҳо манъи даъват ба хидмати ҳатмӣ ба сафи ҷузвутомҳои вазорати дифоъро дар бар мегирад. Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, даъват ба хидмат ба ниҳодҳои дигари низомиву ниманизомӣ, аз ҷумла ба нирӯҳои дохила ва ба воҳидҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба таври маъмул идома хоҳад ёфт.

Генерали мустаъфӣ Амиран Сулаквадзе, аз афсарони собиқадори артиши Гурҷистон, рӯзи 29 июн дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ӯ шахсан мухолифи гузариши бошитоб ба артиши комилан касбист ва тарафдори ҳифзи даъвати ҳатмӣ ба сафи артиш аст, вале: “Мехоҳем – намехоҳем, мо бояд ин роҳро тай кунем ва дар ниҳоят ба артиши касбӣ бирасем. Вале дар ҳоли ҳозир, аксари кишварҳо аз низоми омехтаи такмили сафҳои артиш кор мегиранд. Хидмати ҳарбӣ як манбаи муҳими пур кардани артиши захиравист. Албатта, бояд бархӯрд ба он дигар шавад. Даъватшавандаҳоро на барои анҷоми корҳои хоҷагӣ, балки дар воқеъ барои тарбияи ҷангӣ бояд даъват кунанд. Барои аз як даъватшаванда сохтани як аскари омода, фикр мекунам, 6 моҳ кофист. Вале онҳо ҳар рӯзи ин 6 моҳ бояд баробари сарбозони қарордодӣ машғули тарбияи ҷангӣ шаванд.”

Хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Гурҷистон дар ҳоли ҳозир як солро ташкил медиҳад. Ҷамъи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар 20 650 нафар ва буҷаи солонаи низомиаш 711 миллион лари, муодили 300 миллион долларро ташкил медиҳад.

Аммо оё то куҷо имкон дорад, ки Тоҷикистон низ аз даъват ба хидмати ҳатмӣ рӯ тофта, ба низоми қарордодӣ ва артиши касбӣ гузарад?

Як гурӯҳи даъватшавандаҳо қабл аз ирсол ба артиш

Як гурӯҳи даъватшавандаҳо қабл аз ирсол ба артиш

Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то ҳол бар асоси шеваи меросмонда аз Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне бар пояи хидмати ҳатмӣ бунёд ёфтаанд. Хидмати ҳатмӣ дар Тоҷикистон ду сол буда, бино ба ҳисобҳо, ҳар сол ба сафи артиш ва воҳидҳои дигари низомиву ниманизомӣ, бо шумули нирӯҳои марзбонӣ, нирӯҳои дохила ва Горди миллӣ, 15-16 ҳазор ҷавонони синнашон аз 18 то 28 даъват мешаванд. Даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон соле ду маротиба – дар баҳор аз 1 апрел то 31 май – ва дар тирамоҳ – аз 1 октябр то 31 ноябр – барпо карда мешавад.

Як генерали тоҷик, ки дар низоми даъват ба сафи артиш кор мекунад, рӯзи 29 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз барои гузаштан ба артиши қарордодӣ омода нест, чунки ба ҷуз аз ҳайъати афсарон боқӣ низоми артишаш пурра ба сарбозони даъватшуда такя мекунад: “Дар артиши мо ҳайъати сержантҳо, ки ба тарбияи бевоситаи сарбозони навомада машғуланд, аз ҳисоби сарбозони собиқаи хидматашон кӯҳнатар такмил мешавад. Дар артиши қарордодӣ мураббиён қарордодианд, яъне низомиҳои касбианд. Барои гузаштан ба артиши касбӣ ва даст кашидан аз даъват ба артиш мо бояд аввал низоми тарбияи ҷангии нирӯҳои мусаллаҳро иваз кунем, аз ҷумла бо ҷалби сарбозони қарордодӣ ба ҳайъати сержантӣ. Ин як раванди тӯлонист.”

Вале ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар ҳоли ҳозир, кадом барномаи тасвибшудаи гузариш ба артиши қарордодӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳое, ки ба назорати вазъи ҳуқуқи сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва риояи ҳуқуқи даъватшавандаҳо дар мавсимҳои даъват ба артиш машғуланд, аз гузаштани Тоҷикистон ба артиши касбӣ истиқбол мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки чунин гузариш метавонист “меҳтарсолорӣ” ё “дедовщина“-ро дар қисмҳои низомӣ коҳиш бидиҳад ва курсии фасодро аз зери маъмурони комиссариатҳои низомӣ дар мавсимҳои даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба артиш, ки бо номи “облава” маъруфанд, бизанад.

Дилафрӯз Самадова, ҳуқуқшинос аз “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо ишора ба байти маъруфи “Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор”-и Абулқосим Фирдавсӣ мегӯяд: “Бисёр хуб мешуд ва барои Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат мусбат мебуд, агар адои хидмати ҳарбӣ фақат ихтиёран ва ба тариқи касбӣ ба роҳ монда шавад. Танҳо бояд таҳлил кард, ки давраи гузариш ба чунин артиш чӣ қадар фурсат ва чӣ қадар маблағ мехоҳад. Вале фикр накунам, ки барои ин фурсати зиёд ё харҷи зиёде лозим бошад.”

Мақомоти Тоҷикистон рӯи ҳар навъ маълумоти марбут ба буҷаи низомии кишвар ва теъдоди нирӯҳои мусаллаҳаш мӯҳри махфӣ задаанд. Вале созмонҳои байналмилалӣ, назири Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм (SIPRI), хароҷоти низомии Тоҷикистонро дар сол ҳудуди 104 миллион доллар рақам мезананд. “Global Firepower” (GFP), имсол нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз лиҳози иқтидори низомӣ дар байни 126 кишвари дунё дар ҷойи 112-ум гузошт. Ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нерӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ ва 7500 нерӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нерӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нерӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст.

Дар Тоҷикистон тақрибан 600 ҳазор нафари синну соли даъватӣ, яъне аз 18 то 28-сола ба сар мебаранд. Ҳар сол дар ду даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳудудан 15-16 ҳазор нафарро ҷалб мекунанд. Яъне ба ҳар ҷуфти мӯзаҳои сарбозӣ дар Тоҷикистон тақрибан 40 нафари синну соли даъватӣ рост меояд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин таносуби бузург байни талабот ва пешниҳод деги фасодро дар атрофи комиссариатҳои низомӣ дар мавсимҳои даъват ба артиш гарм мекунад ва агар як нафар ба дасти “облава” биафтад, 39 нафари дигар худро бо роҳҳои мухталиф – фирор ба Русия, дохил шудан ба ягон донишгоҳ ва ё гарм кардани дасти комиссари низомӣ аз ин масъулияти хидмати ҳатмии ҳарбӣ, ки дар қонунҳои Тоҷикистон “қарзи муқаддас” таъбир мешавад, халос мекунанд.

Харитаи кишварҳое, ки аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ даст кашидаанд, ва кишварҳое, ки то ҳол аз ҳисоби ҳамин нирӯи бепул сафи нирӯҳои мусаллаҳи худро пур мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG