Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозоти ду афсар ва як сарбоз дар робита ба марги Фаррухҷон


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Ду афсар ва як сарбози қисми низомии "2847"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар робита ба марги сарбоз Фаррухҷон Ҳайталиев аз 4 то 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе фармондеҳи постгоҳи қисми ҳарбии “2847”-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ капитан Сӯфи Сӯфиев ва муовини ӯ лейтенант Бобурҷон Ортуқовро тибқи моддаи 391, қисми 3,(сӯистифода аз вазифаи давлатӣ) ба муддати чаҳор солӣ, аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳ айбдоршавандаи севум -- сарбози ин қисми низомӣ Алихон Туйчиевро тибқи моддаи 373 қисми 2 (вайрон намудани ойиномаи муносибат бо аскарон) ва моддаи 110, қисми 3 (огоҳона зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан), ба 14 сол зиндон маҳкум кардааст. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод, рӯзи ҷумъаи 27-уми май эълон шудааст.

Як масъули созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ба нақл аз тафтишоти ин парванда гуфт, ки Фаррухҷон Ҳайталиев чандин бор аз сӯи сарбоз Алихон Тӯйчиев мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Аз ҷумла соати 2-и шаби таърихи 4-уми ноябри соли гузашта дар майдони қисми ҳарбӣ Алихон Тӯйчиев бо мушт ва қундоқи "Калашников" чанд зарба ба Фаррухҷон Ҳайталиев ва сарбози дигар С.Эргашбоев задааст. Чунин ҳолат дар рӯзҳои 8 ва 11 январ низ такрор шудааст ва сарбоз Алихон Тӯйчиев дар вақти дарси таълимӣ ва дар хобгоҳи низомӣ, Фаррухҷонро бо қундоқи автомат латукӯб кардааст.

Бар асоси тафтишот, баъд ин ҳама латукӯбҳо, Фаррухҷон худро то андозае бад ҳис мекунад, ки рӯи пои истода наметавонад ва бистарӣ мешаванд. Сардори қисми ҳарбӣ капитан Сӯфӣ Сӯфиев ва муовини ӯ Бобурҷон Ортуқов вазъи ногувори Фаррухҷонро мушоҳида намуда, танҳо рӯзи 16 январ кӯмаки тиббӣ расониданд ва ба ӯ доруи “парасетамол” доданд.

Созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ба нақл аз тафтишоти парванда мегӯяд, ки тайи як ҳафта ба ин сарбоз ҳеҷ гуна кӯмаки тиббӣ дигар расонида намешавад ва танҳо 18-уми январ баъди он, ки вазъи Фаррухҷон хароб мешавад, Сӯфӣ Сӯфиев ба пизишки қисми ҳарбӣ дар тамос шуда, аз вазъи саломатии сарбоз хабар медиҳад.

Ӯро аз 18 то 20 январ дар беморхонаи қисми ҳарбӣ бистарӣ мекунанд, вале бадани ӯ, ки осори латту кӯб доштааст, мавриди муоинаи тиббӣ қарор намегирад ва сабаби вазъи ногувори саломатии ӯро бемории “тиф” ва “зоб” нишон медиҳанд. Ҳамин тариқ, Фаррухҷон Ҳайталиев дар соати 09:00-и 20-уми январ дар роҳ ба беморхонаи ҳарбӣ воқеъ дар маҳаллаи Калинини пойтахт, ҷон медиҳад.

Наздикони Фаррухҷон ҳоло аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва мегӯянд, ки афсарони қисми ҳарбӣ барои хунукназарӣ ҷазои сазовор нагирифтанд. Ҷумъагул Додохонова, модари Фаррухҷон рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пизишкони қисми ҳарбӣ низ бояд муҷозот шаванд, зеро сари вақт писарашро муоина накарданд ва наҷоташ надоданд. Вай мегӯянд, ки аз болои ҳукми додгоҳи низомӣ, шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Додситонии низомӣ ҳанӯз дар таърихи 26-уми апрели соли равон нисбат ба ин ду афсар ва сарбози қисми ҳарбии 2847-и мутааллиқ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Волидони Фаррухҷон Ҳайталиев қаблан иддао карда буданд, ки ӯ охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи латту кӯб аз ҷониби ҳамхизматонаш ба ҳалокат расидааст. Раҷабалӣ Ҳайталиев, падари Фаррухҷон Ҳайталиев, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки то хатми хидмати писараш ҳамагӣ ҳашт моҳ монда буд.

"Вақте ҷасади писарамро ба хона оварданд, дар бадани ӯ изи латту кӯбро мушоҳида кардем. Баъд аз он ки ҷасадро ба хона фиристоданд, касе ба суроғи мо наомад, то бипурсад, ки дар чӣ ҳол қарор дорем?," – нақл кард Раҷабалӣ Ҳайталиев.

Ӯ гуфта буд, ки писараш бо хоҳиши худ ба хидмат рафта буд ва интизор надошт, ба ин шакл посухи ташаббуси фарзандашро мебинад. Фаррухҷон зодаи деҳаи Шурқули ҷамоати деҳоти Саймуддин Раҳимови ноҳияи Темурмалик буда, 21 сол дошт. Дар хонавода Фаррухҷон писари калонӣ будааст.

Фармондеҳи қисми марзбонии 2847 дар ноҳияи Рӯдакӣ қаблан дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки Фаррухҷон Ҳайталиев бар асари латту кӯб нафавтидааст. Ба қавли ӯ, дар қисми низомии таҳти фармондеҳияш корҳои ғайриоинномавӣ вуҷуд надорад

Тайи ду соли ахир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аскарони навомада дар артиши Тоҷикистон сабт шуда ва ин вазъ волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Вале мақомот ҳама гуна меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро рад карда ва ҳатто Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буд, ки барои назорати рафтори сарбозон дурбинҳои назоратӣ насб кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG