Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар сафари корӣ ҳастанд ва баъди бозгашт масъалаи сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбиро дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон матраҳ хоҳанд кард.

Вакилони порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди пахши хабарҳо дар бораи сарбозозорӣ ё "дедовшина" ва марги иҷбории баъзе аз сарбозон дар артиш, то ҳол ҳеч нафар бо ариза ба онҳо муроҷиат накардааст.

Рустам Қудратов, узви Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон, рӯзи 25 апрел ба Озодӣ гуфт, ки масъалаи латту кӯб ва бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ то ҳол дар ҷаласаҳои порлумон матраҳ нашудааст, вале ӯ ваъда кард, ки баъди бозгашт аз сафари корӣ ин масъаларо дар баррасӣ хоҳанд кард. Ҷаноби Қудратов дар сафари кории худ аҳамияти референдуми моҳи майро ба интихобкуннадаҳо шарҳ медиҳад.

Ӯ дар робита ба сарбозозорӣ дар артиш гуфт, “медонед, ҳар рӯз чанд ҳазор қонунвайронкунӣ рух медиҳад. Чаҳор-панҷ нафар узви як кумита фурсати баррасии ҳамаи онро надорад. Албатта, ин масъала вуҷуд дорад ва баъд аз баргаштан мо дар ҷаласаи порлумон баррасӣ мекунем ва ман ин масъаларо бо мақомоти низомӣ низ дар миён мегузорам.”

Наздикони сарбоз Фирдавс Раҳматов, ки дар сӯги ӯ нишастаанд. Моҳи июли 2015

Наздикони сарбоз Фирдавс Раҳматов, ки дар сӯги ӯ нишастаанд. Моҳи июли 2015

Дар чанд моҳи охир якчанд сарбози артиши Тоҷикистон бо сабабҳои барои наздикони онҳо номаълум аз дунё гузаштанд ва ё бо осори латту кӯб дар бемористон бистарӣ шуданд. Аз рӯи баъзеи ин ҳодисаҳо парванда боз шудааст, аммо дар маҷмуъ мақомоти низомӣ марги иҷбории сарбозонро ба сахтӣ эътироф мекунанд ва аз масъулият канор мераванд. Созмонҳо ва ниҳодҳое, ки масъалаи зӯроварӣ ба сарбозонро пажуҳиш мекунанд, мегӯянд, ки мизони чунин ҳодисаҳо дар муқоиса бо солҳои пешин дар ҳоли афзош қарор дорад.

Ҳанӯз омори ягона ва дақиқи ҳолатҳои латту кӯб ва марги сарбозони тозадаъвати артиши кишвар аз ҷониби идораҳои давлатӣ вуҷуд надорад, вале созмони ғайридавлатии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, агар дар соли 2013 вакилони ин созмон ду ҳолатро сабт кардаанд, соли 2015 ҳудуди 15 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.

“Дар қиёс ба солҳои гузашта дар соли 2016 аз ҳама бештар муроҷиати шаҳрвандон ба мо расид. Фақат дар як ҳафтаи гузашта чаҳор муроҷиат карда шуд. Дар баъзе ҳолатҳо нисбат ба сарбоз зӯроварӣ шудааст, ки ба

Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова

марг анҷомидааст. Парвандаҳое,ки мо дар назар дорем он парвандаҳое, мебошанд, ки ҳодисаи марги сарбоз ва ё шадидан латту кӯб қарор гирифтани онҳоро дар бар мегирад,”- гуфт Дилрабо Самадова аз “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”.

Аммо вакилони порлумон мегӯянд, на волидони сарборзон дар робита ба мушкили сарбозозорӣ дар артиш ҳеч гоҳ ба онҳо муроҷиат накардаанд ва ба назар мерасад, ки худи вакилон низ дар самти омӯзиши мавридҳои куштор дар артиш ибиткор накардаанд. Дар таҷрубаи порлумони Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад, ки намояндагони мардумӣ бо истифода аз мандати худ вазирҳоро ба бозҷӯии порлумонӣ даъват кунанд.

Гулбаҳор Ашӯрова, вакили кумитаи ҳифзи иҷтимоии Маҷлиси Намояндагон ба ин суол, ки чаро намояндагони мардуми масъаларео, ки метавонад ба эҳсоси ватанпарварии сарбозони ҷавон латма занад, ба баррасӣ намегиранд? посухи мушаххас надод. Ӯ гуфт: “Албатта, мо метавонем даъват кунем. Дар Маҷлиси Намояндагон нишастҳои порлумонӣ ҳаст ва метавонем даъват кунему суолу ҷавоб кунем”.

Мавлуда Қаландарзода

Мавлуда Қаландарзода

Вакили мардумӣ Мавлуда Қаландарзода аз Кумитаи қонунгузорӣ дар бораи сарчашмаи бадрафтории сарбозони "кӯҳна" бар "аскарон"-и навро ба тарбияи хуб надоштани бархе аз сарбозон марбут донист. Ӯ гуфт, ки “сарчашмаи рух додани бадрафториҳо дар қисмҳои ҳарбӣ ба тарбияи фарзандҳо дар хона рабт дорад. Боз ҳам гап дар бораи тарбияи дуруст меравад. Меҳрубонӣ, адлу адолат, аз байн бурдани таҷовузу зӯровариро бояд аз хурдӣ дар фарзандон парвариш дод. Ба ин масъала ҳамаи мо муваззаф ҳастем. Фарқ надорад фарзанди ман аст ва ё аз ҳамсоя ва шогирд аст. Бовар кунед, боз ҳам сабаби аслӣ тарбия аст.”

Фарҳанги муроҷиат ба депутат ва ёрӣ хостан аз намояндаи мардумӣ, ки дар порлумон аз мардум намояндагӣ мекунад, бо суқути Шӯравӣ аз байн рафт. Коршиносон мегӯянд, бо онки даҳҳо депутат мандати худро аз халқ дарёфт кардаанд, вале бидуни иҷозаи ҳукумат ба масъалае, ки мардум дар ҳалли он мушкил мекашанд, дахолат намекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG