Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИРТ: Раъйпурсӣ баргузор шуд


Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтанд, ки то нимирӯзи 22 май ҳудуди се миллион нафар барои ислоҳи Қонуни асосӣ овоз додаанд.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, то нимирӯзи якшанбе 2 миллиону 933 ҳазору 812 (66,6 дарсад) дар раъйпурсӣ иштирок кардаанд ва ин маърака баргузоршуда ҳисоб меёбад. Аз ин пештар, Бахтиёр Худоёрзода - раиси КМИРТ гуфта буд, ки дар се соати аввали раъйдиҳӣ 1 миллиону 320 ҳазору 678 нафар (29,8 дарсад) иштирок кардаанд.

Худоёрзода гуфт, то ин дам аз сӯи нозирони миллӣ ва байналмилалӣ дар бораи шева ва ҷараёни баргузории раъйпурсӣ ягон муроҷиат ва арзу шикоят ворид нашудааст. "Ин раъйдиҳиро ҳафтуним ҳазор нозири миллӣ ва беш аз 120 нозири байналмилалӣ назорат доранд," - афзуд ӯ.

ОҒОЗИ РАЪЙПУРСӢ

Субҳи барвақти 22 май раъйдиҳӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ дар сартосари Тоҷикистон ва намояндагиҳои расмии кишвар дар хориҷ оғоз ёфт. Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯянд, ки ин ислоҳот аз 41 бахш иборат буда, вале беш аз 4 миллион афроди қобили раъй фақат ба саволи инки оё тарафдори ислоҳи Қонуни асосӣ ҳастанд, ё не? ҷавоб хоҳанд дод.

Овоздиҳӣ то соати ҳашти шоми якшанбе идома карда, натиҷааш соати даҳи рӯзи 23 май мустақим тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, иштироки сокинон дар ин раъйпурсӣ "фаъолона" будааст. Аз ҷумла, дар қитъаи рақами 23-и Душанбе ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки дар ду соати аввали раъйдиҳӣ аз 3 ҳазор афроди қобили раъй 28 дарсадашон овоз додаанд.

Дар баъзе аз қитъаҳои раъйдиҳӣ танҳо нозир аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳузур дошта, ҷои нозирони байналмилалӣ аз маҳалли овоздиҳӣ дуртар воқеъ шудааст.

АЗ ПРЕЗИДЕНТИ "ЯКУМРӢ" ТО МАНЪИ ҲИЗБИ ИСЛОМӢ

Мавзӯи тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ дар порлумон баҳс шуд ва баъдан Маҷлиси намояндагон 22 майро рӯзи баргузории раъйпурсӣ эълон кард. Ин тарҳи ислоҳот пеш аз он ки ба дасти мардум бирасад, ба Додгоҳи конститутсионӣ низ рафта ва ин ниҳоди ҳуқуқӣ ризояташро барои раъйпурсӣ дода буд.

Ин тарҳи тағйиру иловаҳо бештар аз ивази калима ва ибораҳо иборат аст. Мисли ин ки вожаи “Сарқонун” ҳазф шуда, "ҳуқуқи" ба "ҳаққи", "шаҳрвандоне" ба "шахсоне", "муқарраргардида" ба "эълоншуда" ва "сайёҳӣ" ба "туризм" иваз карда хоҳанд шуд. Вале коршиносон мегӯянд, асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон имкон хоҳад дод, бидуни маҳдудият дар сари қудрат бимонад. Дувум, бар асоси ин тағйирот синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз 35 то 30 поин оварда хоҳад шуд, ки ба бовари коршиносон, ба эҳтимоли зиёд талоши роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.

ИСЛОҲИ СЕВУМ

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Ин раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мегардад, ки созмонҳои байналмилалӣ интихоботҳои то ин дами кишварро “ношаффоф” ва “ғайриозод” хондаанд. Аз ҷумла, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳангоми натиҷагирӣ аз интихоботи порлумонии моҳи марти соли гузашта гуфта буд, ки ҳанӯз раъй додани як нафар ба ҷои чанд нафар мушоҳида мешавад. Вале раъйпурсии 22 майро асосан нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мушоҳида доранд, ки дар гузашта аз кулли интихоботу раъйпурсиҳои Тоҷикистон пуштибонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG