Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ пешниҳод кардааст, ки аз ин ба баъд бояд дар хонадони ҳар як фарди Тоҷикистон Парчами миллӣ гузошта шавад.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳар сокини кишвар ҳамчун ифтихори миллӣ, дар хонадонаш парчам гузорад. Ин матлабро Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми май зимни суханронӣ дар маросими оғози мусобиқаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ», ки дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе доир шуд, баён дошт.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ба ин хотир ин вазоратхона ҳар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва гурӯҳи "Пешоҳанг" зери унвони "Парчам ифтихори ман" аксия доир намуд ва танҳо имрӯз миёни сокинони пойтахт 25 ҳазор ва дар тамоми ҷумҳурӣ 50 ҳазор парчам тақсим шудааст. Раҳимзода ин амалро “ҳамчун рамзи садоқат ба давлату миллат ва арҷгузорӣ ба муқаддасотӣ миллӣ”, унвон кард.

Дар ин ҳамоиш, ки сарояндагон ва овозхонон низ ширкат доштанд, вазир аз ҷавонон хост тавассути рақс ҷонибдории худро ба чунин даъватҳо исбот кунанд. Ҳатто вазир ба беҳтарин рақскунандаҳо, туҳфаҳо аз ҷумла телефонҳои ҳушманди тамғаи "Самсунг" ва матои атлас тақдим кард.

Аҳмадхӯҷа Давлатов, раиси созмони “Пешоҳанг” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксияи тақдими парчам ба ҳамдигар, пешниҳоди ҷавонони ин гурӯҳ будааст, ки ба хотири боло бурдани ҳисси ватандӯстиии мардум ва ташвиқу ҷалби сокинон ба тарафдорӣ аз раъйпурсӣ барои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ, роҳандозӣ шудааст. Вай гуфт, онҳо дар баробари тақдими парчам ба сокинон, ҳамчунин нақшаи тақсими 12 ҳазор адад маводҳои иттилотиву тарғиботӣ оид ба референдумро доранд.

Пешниҳоди гузоштани парчам дар хонадон аз сӯи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки то ҳанӯз парчами миллӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва роҳраву хиёбонҳо гузошта мешуд. Дар ин авохир ҳам бархе аз ронандаҳо парчамро дар мошинҳои худ низ мегузоранд.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, раҳбари Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон парчамро ба унвони рамзи аслии давлатдорӣ ёд мекунад. Вай мегӯяд, гузоштани парчам ва ё байрақ дар хонадон як унсурест, ки метавонад, ҳисси ватанпарастиро барои мардум бедор кунад, агар ба моҳияти он дуруст ва огоҳона сарфаҳм рафт.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, “парчам барои кишвар муҳим ҳаст, чунки аввалин рамз барои давлатдорӣ дониста, ҳамчун символи сиёсӣ-идеологӣ истифода мешавад”. Аз ин хотир, ба гуфтаи ӯ, пешниҳоду таблиғи мақомот барои барафроштани он дар хонаҳои сокинон маҳз ба ин хотир роҳандозӣ мешавад.

Пешниҳоди гузоштани парчам дар манзили сокинон дар ҳолест, ки бо мақсади бештар кардани рағбати мардум ба рамзи миллӣ, порлумони Тоҷикистон, соли 2009 санадеро ба имзо расонид, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Аммо Сайф Сафар, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, мардум наметавонад ба таври иҷборӣ садоқат ба миллат ва арҷгузорӣ ба муқаддасотӣ миллиро дар қалбаш ҷой диҳад, то замоне, ки муҳаббати самимӣ вуҷуд надоштабошад. Ӯ ба унвони намуна мегӯяд, Амрико кишварест, ки аз кӯчактарин ҳуқуқи иқтисодию иҷтимоӣ то ҳуқуқи инсонии шаҳрвандонаш дар ҳар гӯшаи ҷаҳон пуштибонӣ мекунад ва ин боис шудааст, ки ҳар сокини он дар хонаи худ парчами кишварашро овезад.

Сайф Сафар.

Сайф Сафар.

Ба бовари ин ҳамсӯҳбати мо, дар шароити феълӣ намешавад аз ин роҳ меҳанпарастиву арҷгузорӣ ба ватанро таблиғ кард. “Медонед, замоне, ки шаҳрванд бо ҳамон зарфияту қобилият ва шоистагие, ки дорад, дар кишвараш барои худ нон ёфт, он вақт аз ин ифтихор мекунад. Он замон бидуни кадом як пешниҳоду таблиғ метавонад арзишҳои миллиро эҳтиром гузорад. Вале мутаассифона дар мо чунин нест”-афзуд ӯ.

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Панҷ сол пеш дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, 9-уми сентябри соли 2011 сутуни 165-метрии парчами миллӣ дар маркази Душанбе барафрохта шуд ва он вақт номи кишвар ба китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG