Пайвандҳои дастрасӣ

Могерини: Вазъи амниятии Тоҷикистон шикананда аст


Масъули равобити умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар як ҳамоише дар шаҳри Рига дар соли 2015.

Масъули равобити умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар як ҳамоише дар шаҳри Рига дар соли 2015.

Федерика Могерини, масъули равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки бо вуҷуди раъйпурсӣ иттиҳодия кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро қатъ намекунад.

Федерика Могерини, масъули равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо, гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории раъйпурсӣ, ки қудраташро таҳким мебахшад, худро дар шароити чолишбарангези сиёсӣ қарор хоҳад дод. ​Могерини гуфтааст, дипломатҳои баландпояи Аврупо, аз ҷумла худи ӯ, масъалаи ҳамапурсӣ барои тағйиру ислоҳоти Конститутсияро бо мақомоти тоҷик дар миён гузоштаанд.

Масъули равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи референдуми қарибулвуқӯи Тоҷикистон дар посух ба суолҳои як вакили порлумони Аврупо сӯҳбат кардааст. Здислав Краснодебский, вакили лаҳистонӣ аз Гурӯҳи муҳофизакорон ва ислоҳталабони Аврупо, моҳи марти соли ҷорӣ аз масъулони Иттиҳоди Аврупо хоста буд, раъйпурсии умумӣ - тағйири умда дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, як ҳамкору шарики Иттиҳодро шарҳ диҳанд.

Здзислав Краснодебский

Здзислав Краснодебский

​Ӯ бо муроҷиат ба мақомоти иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо гуфта буд, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон, "муҳити саркӯбгаронаи сиёсӣ ҳамроҳ бо иқтисоди заиф, сабаби ноумедии шаҳрвандони Тоҷикистон шуда ва онҳоро дар баробари тарғиботи гурӯҳҳои ифротгаро осебпазир кардааст. Шумораи ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи гурӯҳи Давлати исломӣ зиёд мешавад, ки оқибати он таҳдид ба амнияти кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аст".

Ёвари вакили лаҳистонӣ дар посух ба дархости Радиои Озодӣ навишт, ки бинобар маъмурияташ дар Испониё, Здислав Краснодебский наметавонад, бо мо сӯҳбат кунад.

Здислав Краснодебский аз масъули равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хоста буд, дар бораи корҳои анҷомдодааш дар муносибот бо Тоҷикистон посух бидиҳад ва аз ҷумла ба ин савол, ки оё Иттиҳодияи Аврупо барои даст кашидани ҳукумати Тоҷикистон аз баргузории раъйпурсӣ чӣ фишор овардааст?

Дар посухи хаттӣ ба ин суол, Федерика Могерини гуфтааст, ки мақомоти Иттиҳоди Аврупо борҳо масъалаи раъйпурсии умумӣ, масъалаҳои ҳуқуқи инсонро бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ кардаанд. Аз ҷумла, дар машваратҳо бо ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодитяи Аврупо дар Брюссел дар декабри соли 2015, дар Шӯрои ҳамкориҳо дар моҳи феврали соли 2016.

Ба гуфтаи Федерика Могерини, масъалаҳои мазкурро худи ӯ, Доналд Туск - раиси Иттиҳодияи Аврупо ва Жан Клод Ҷанке - раиси Кумиссиёни Аврупо дар моҳи декабр зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел баррасӣ кардаанд.

Федерика Могерини бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов

Федерика Могерини бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов

Дар номаи Федерика Могерини ба Здислав Краснодебский, ки ба тозагӣ дар вебсайти Порлумони Аврупо нашр шуд, омадааст: “Бояд эътироф кард, ки вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва дар тамоми минтақа бисёр шикананда боқӣ мемонад ва бӯҳрони иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ сабаби поин омадани сатҳи зиндагӣ дар ин яке аз кишварҳои фақиртарини ҷаҳон шудааст.” Бо назардошти ҳамин шароит, ба гуфтаи Федерика Могерини, Иттиҳодияи Аврупо кумакҳо ба Тоҷикистонро идома медиҳад ва аз ҷумла имтиёз барои кишварро, ки метавонад, маҳсулоташро бе боҷ ва ё боҷи камтар ба Иттиҳодияи Аврупо содир кунад, нигаҳ медорад.

Дар раъйпурсии умумии рӯзи 22 май дар Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ гузошта шудааст. Дар маҷмӯъ бештар аз 40 ислоҳ ба Конститутсия пешниҳод шудааст, вале дутои он ислоҳи умда ба шумор меравад. Аввал ин ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки “пешвои миллат” эълон шудааст, иҷоза медиҳад, бе ҳеҷ маҳдудият номзадиашро ба мақоми президент пешбарӣ кунад. Ислоҳи дуввум синни довталаби номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро аз 35 то ба 30 поин меорад, ки ин тағйиротро ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳур ба қудрат арзёбӣ мекунанд.

Дар остонаи ин раъйпурсӣ ва дар охири соли гузашта дар Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ, як ҳизби умдаи мухолифи давлатро, бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби хунини Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ дар моҳи сентябр, созмони террористӣ эълон карда ва фаъолияташро мамнӯъ карданд. Фишор ба матбуоту афроди дигарандеш ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз ин пештар шурӯъ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG