Пайвандҳои дастрасӣ

Талаб аз Душанбе: Вакилони дифоъро озод кунед


Шӯҳрат Қудратов бо фарзандонаш.

Шӯҳрат Қудратов бо фарзандонаш.

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, то 4 вакили мудофеъ ва ду писари боздоштшудаи як вакили дигарро “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунад.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон – дар як гузориши муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд. Дар гузориши ин ду созмон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” рӯзи 4 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст. Бақия, бино ба ин гузориш, бо ҳукмҳои машкук зиндонӣ шуда ваё бо иттиҳомоти бофта таҳти муҳокима қарор доранд.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то таъқибу табъизи вакилони мустақилро бас кунад. Бино ба ин гузориш, боздошти вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон бо ҳадафи интиқом аз онҳо барои ҳимоят аз мухолифини сиёсии ҳукумат ваё талоши онҳо барои расидагӣ ба парвандаҳои ҳассоси сиёсист. Гузориш меафзояд, вакилони дигари шинохта низ таҳдиди куштан гирифтаанд ваё бо иттиҳомоти сохта таҳдид шудаанд.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони “Human Rights Watch” мегӯяд, “ҳукумати Тоҷикистон ҳалқаро дар гардани вакилоне, ки нохушоянд мешуморад, танг карда, онҳоеро, ки аз мухолифин ва рақибони сиёсиаш дифоъ мекунанд, пушти панҷара меандозад. Ҳар рӯзе, ки ин вакилони дифоъ пушти панҷара сипарӣ мекунанд, шармовар аст ва обрӯи низоми адлияи Тоҷикистонро ба замин мезанад.”

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Гузориш меафзояд, беш аз як сол боз ҳукумати Тоҷикистон ба сурати мунтазам мухолифини сиёсии осоиштаашро таъқиб мекунад, аъзо ва тарафдорони мухолифинро худсарона боздошт ва шиканҷа мекунад, дар пайи истирдоди онҳо аз хориҷ мешавад ва агар ноком шуд, мунтақидонашро аз хориҷ мерабояд.

Саркӯби бесобиқаи озодии баён ва гирдиҳамоиҳо аз сӯи мақомоти Тоҷикистон, бино ба гузориши ин ду созмони ҳомии ҳуқуқ, дар соли 2015 бо манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ – як ташаккули умдаи мухолифин дар моҳи сентябр ва боздошти даҳҳо узви он боз ҳам бадтар шуд. Дар моҳи марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов, раҳбари дигари мухолифин дар Истамбули Туркия дар шароите кушта шуд, ки ба даст доштан ё ризоияти ҳукумати Тоҷикистон дар ин куштор ишора мекунад.

Се вакили Зайд Саидов

Се вакили Зайд Саидов

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, боздошти вакилони мудофеъи тоҷик дар соли 2014 аз Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров – ду вакиле, ки аз намояндаи аршади мухолифин Зайд Саидов дифоъ мекарданд, оғоз ёфт. Саидов, вазири собиқи саноат, дар пайи эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ ва ду вакили ӯ ҳарду бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд. Ба дунбол, ду писари Исҳоқ Табаров, вакили сеюми Зайд Саидов низ пушти панҷара рафтанд.

Вакилоне, ки дар соли 2015 пушти панҷара рафтанд (Ёров, Маҳкамов ва Додоҷонова) онҳое буданд, ки ҳимояти аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломиро ба дӯш гирифтанд.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар гузоришашон мегӯянд, мақомот вакилони дигареро ҳам, ки мехостанд аз аъзои ҳизби наҳзат дифоъ кунанд, таҳдиди боздошт кардаанд.

Давлати Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, ҷиҳати назорати бештари кори адвокатҳо низ иқдомҳое рӯи даст гирифта, мустақилияти онҳоро маҳдуд кардааст. Аз ҷумла аз вакилони тоҷик талаб шудааст, ки иҷозатномаи фаъолияти худро аз вазорати адлия аз нав ва он ҳам баъди супурдани санҷиш бигиранд. То тасвиби қонуни нави адвокатура вакилони мудофеъ чунин иҷозатро аз созмонҳои мустақили адвокатӣ дарёфт мекарданд, на аз давлат.

Вакилони тоҷик ба Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтаанд, санҷиши дониши онҳо як силсила саволҳоеро ҳам, ки ба фанни ҳуқуқ рабт надорад, аз ҷумла роҷеъ ба таъриху фарҳанг ва сиёсат фаро мегирад. Онҳо изҳори ташвиш мекунанд, ки анҷоми ин санҷишҳо таҳти назорати давлат метавонад бо ҳадафи аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳрум кардани вакилони дахил дар парвандаҳои ҳассос истифода шавад.

Ин дар ҳолест, ки Принсипҳои асосии СММ дар бораи нақши вакилони мудофеъ мегӯяд, адвокатро набояд бо муваккилаш тавъам гирифт ва вакилон бояд имкони “анҷоми вазифаҳои касбии худро бидуни тарсондан, мамониат, табъиз ё дахолати номуносиб дошта бошанд.”

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар поёни гузориши муштараки худ навиштаанд, ки Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистонбояд рӯи ҳукумати ин кишвар бо талаби раҳоии билофосилаи вакилоне, ки бо иттиҳомоти ангезаҳояшон сиёсӣ боздошт ё зиндонӣ шудаанд, фишор биоранд ва замонат бигиранд, ки тамоми вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон имкони анҷоми вазифаи худ бидуни тарс аз таҳдид ё табъиз, бо шумули ҳабсу муҷозотҳои худсаронаро дошта бошанд.

Тақозои дигари ҳомиёни ҳуқуқ аз шарикони байналмилалии Тоҷикистон фишор овардан ба Душанбе бо талаби иҷрои ӯҳдадориҳояш дар масоили озодии гирдиҳамоӣ ва озодии баён аст. Онҳо мегӯянд, кишварҳои ширкаткунандаи баррасии гузориши нави ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки қарор аст, рӯзи 6 май доир шавад, бояд нигарониҳои худ дар мавриди саркӯби вакилони мудофеъ ва мухолифини осоишта дар Тоҷикистонро изҳор бидоранд.

Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ гуфт, “вакилоне, ки пушти панҷара рафтаанд, садоҳои аз ҳама фаъолу мустақил дар Тоҷикистон буданд. Душанбе далелҳои қобили боварие алайҳи ҳеҷ кадоми онҳо наовардааст ва аз ин рӯ, бояд онҳоро билофосила озод карда, амнияти онҳо барои анҷоми пурраи масъулиятҳои касбиашонро бояд замонат бидиҳад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG