Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саймуддин Дӯстов дар бораи элитаҳои нав, нардбон ва шаттаҳои таърих


Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Баъд аз раъйпурсии моҳи май кишвар ба марҳилаи дигар ворид хоҳад шуд. Аммо ба чӣ марҳилае ва Тоҷикистон ба куҷо хоҳад рафт?

Рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор хоҳад шуд. Баъд аз ин раъйпурсӣ бо овардани тағйирот дар Қонуни асосӣ, кишвар ба марҳилаи дигар ворид мешавад. Вале ба чӣ марҳилае ва Тоҷикистон ба куҷо меравад?

Озодӣ барои гирифтани посух ба ин суол Саймуддин Дӯстов, пажуҳишгари масоили сиёсӣ ва молики нашрияи "Нигоҳ" ва хабаргузории "Тоҷнюс"-ро ба барномаи "Меҳмони Озодӣ” даъват кард. Дар оғоз аз ин таҳлилгари тоҷик пурсидем, оё чунин нест, ки бо овардани фарзандону наздикони шахсиятҳои раҳбарӣ ба сохторҳои давлативу ҳукуматӣ акнун элитаи нав ё насли дувуми ин раҳбарон тадриҷан сари кор меоянд?

Саймуддин Дӯстов: "Бале, чунин тамоюл ҳадди ақалл дар 5 соли охир бармало ба назар мерасад. Ин 5 солро мешавад шартан ба ду марҳила ҷудо кард: марҳилаи аввал, ба вазифаҳои баланд ҷалб кардани ҷавонон аз ҳисоби домодҳо, келинҳо, ҷиянҳо ва хешовандони мансабдорони воломақом буд, ки бемории гузарандаро мемонд. Хуб, ҳамон раванде, ки дар илми сиёсатшиносӣ онро такя ба хешу ақрабо ё непотизм мегӯянд. Марҳилаи дувум, ки тақрибан дар 2-2,5 соли охир шакл мегирад. Дар он нафароне соҳиби вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла мақоми консуливу сафирӣ, намояндагиҳои ниҳоду ширкатҳо дар хориҷ, вазорату агентиҳо раёсат ва идораҳои муҳим мешаванд, ки падару бобоҳояшон аз рақибони эҳтимолии президент Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои пеш буданд. Дар долонҳои ҳукуматӣ ин корро “аз фалонӣ қадрдонӣ кард” сифат мекунанд. Вижагии дигари ин марҳила ин аст, ки баъзе падарон ва бобоҳоро аз мақомашон дур мекунанд ва дар иваз яке аз фарзандон ё ҷиянҳову набераҳои онҳоро ба вазифаҳои калидӣ ё умедбахш ҷалб мекунанд."

Озодӣ: Оё метавонем дар ҳамин замина намунаҳоеро пешкаш кунем?

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов: "Бале, масалан, вақте ки Абдулмаҷид Достиевро аз мақоми давлатӣ гирифтанд, фарзанди он касро ба мақоми олии дипломатӣ пешбарӣ намуданд. Достиев акнун бознишаста аст. Ба фарзанди Ҳикматулло Насриддинов вазифаи баланд доданду худаш кунун хушомадгӯи раддаи аввал шудааст. Додари Абдуфаттоҳи Ғойиб ба даст афтида бошад ҳам, писараш Шоҳрух Саидов, ки кадри умедбахш ба назар мерасад, ба мақоми калидии Вазорати корҳои дохилӣ гузашт. Писари Асадулло Ғулом, ки падараш боварии президентро аз даст дода буд, тавонист худро истеҳсолотчии қавӣ нишон диҳаду боварӣ ва эҳтироми ӯро ба даст орад, ки албатта истисноест барои собит кардани қоида. Хуллас, аз ҳар як ноҳияи Тоҷикистон тақрибан 8-10 намуна ҳаст. Ин раванд як навъ сиёсати тарҳрезишуда ба назар мерасад, ки онро “нақшаи роҳкушоӣ” гуфтан мумкин аст. Маъмулан, онҳое вазифа мегиранд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон падару бобоҳои онҳоро шахсан мешиносад. Агар волидони як кадри ҷавон дар уфуқҳои фаъолияти ҳозираву қадимаи президент наафтода бошад, шонси вазифаи давлатӣ гирифтанаш ба сифр баробар аст."

Озодӣ: Оё гуфтан мумкин аст, ки бо гузашти 25 сол аз истиқлол акнун дар Тоҷикистон силсилаи нухбагон ё кланҳои қабилавӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст?

Саймуддин Дӯстов: "Наметавонам ба ин гуфта розӣ бошам. Чаро? Зеро сухан танҳо дар бораи хидматгорони як гурӯҳи хурди ҳукмрон меравад. Онҳое қадр карда мешаванду каме имтиёз ба даст меоранд, ки замоне хидмат нишон додаанду амбитсияи сиёсӣ надоранд. Барои онҳое, ки амбитсияи сиёсӣ доранд, ҳама роҳҳо баста аст. Барои «контрнухбаҳо» низ. Ҳукумат ҳоло ба дарки муҳим будани онҳо барои устувории ҳокимияту суботи ҷомеа нарасидааст. Ин ки фарзандони сиёсатмадорону хоҷагидорони қавии пешинро ҷалб мекунанд, маънии онро надорад, ки беҳтаринҳоянд. Баръакс, тақрибан ҳеч кадом аз онҳо шахсияти барҷаста ё касбии соҳибэҳтиром ба назар намерасанд."

Озодӣ: Баъзе аз ин нухбагони ҷавон таҳсилкардаи Ғарб ҳастанд ва дар муқоиса бо падаронашон шояд бештар ба меъёрҳои раҳбарии демократӣ ошно хоҳанд буд?

Саймуддин Дӯстов: "Ҷавонони зиёди тоҷик дар донишгоҳҳои Аврупову Амрико, Русия ва Ҷопону Австралия таҳсил мекунанд, соҳибкасбу соҳибмалака ҳастанд, вале онҳоро ин сиёсат фаро намегирад. Низоми кадрии мавҷуда, тавони ҷалби онҳоро надорад. Агар мушовири кадрӣ хоҳад ҳам наметавонад. Ӯ зуд дар мустақилияти барзиёд ва манфиатдорӣ гумонбар мешаванд. Вале агар сухан аз авлод ё фарзандони нухбагони ҳукмрон меравад, ба ҷуз аз фарзандони Убайдуллоев ва Алимардон тақрибан ҳама “дарди сари” волидонанд.

Дӯстов Саймиддин Ашӯрович 28 августи соли 1972 таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро бо медали нуқра ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кардааст. Фориғутаҳсили факултаи идораи давлатӣ ва шаҳрдории Донишгоҳи давлатии Челябински Русия (1997-2001). Солҳои 1994-1996 яке аз муассисон ва директори ширкати истеҳсолию тиҷоратии “Самак энд С” дар Душанбе буд. Соли 1995 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, баъди ду сол ба Донишгоҳи давлатии Челябинск дохил мешавад. Соли 1998 корхонаи истеҳсолии “ДокаС – хлеб”-ро дар Русия фаъол карда, то соли 1999 роҳбарии онро бар уҳда дошт. Солҳои 1999-2005 муассис ва роҳбари Маркази тиҷоратии “ИЛОНА”, 2002-2005 муассис ва роҳбари Маркази ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Русия. Соли 2002-2006 ҳаммуассис ва раиси Раёсати Бунёди ҷумҳуриявии “Информатика барои демократия” дар Тоҷикистон. Соли 2005 сармутахассиси шӯъбаи иттилоот, таблиғот ва нашр ва солҳои 2005-2006 мудири бахши иттилоот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ-и Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Нахустин сомонаи ҳизби ҳоким ва рӯзномаи интренетии tribun.tj аз тарҳҳои ӯ мебошанд. Соли 2006 нашрияи “Нигоҳ” ва соли 2009 Оҷонсии иттилотии TojNews –ро таъсис додааст. Соли 2010 ба ҳайси номзади мустақил дар интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи № 11 (Файзобод) иштирок дошт. Алҳол, раиси созмони “ИНДЕМ” аст.

Рафтору кирдори онҳо аз мавзуъҳои асосии интригаҳои дохилидарборист. Ҳар коршинос метавонад ҳадди ақалл 10 нафар аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон ва нухбагони ҳукмрону қаввии тиҷҷории Тоҷикистонро мисол орад, ки фарзандонашон дар донишгоҳҳои хуби Русияву Ғарб хондаанд. Вале ҳеч кадоми онҳоро шахсият ва соҳибкасби барҷаста гуфтан намешавад. Ягонтои онҳоро ширкатҳои шинохтаи минтақаву дунё ба кор даъват накардааст. Вале инчунинҳо аз шумули фарзандони одамони миёнаҳол ҳастанд. Ба тақвияти ин бардошт шеваҳои бизнес ё тиҷорате, ки фарзандони нухбагон машғуланд, хидмат мекунанд. Тақрибан ҳар бизнесе, ки фарзандони онҳо мекунанд, бозорсозӣ, мағоза рост кардан, тарабхонаи дуруст кардан аст ё метавонад сохтмон бошад. Агар сармояашон аз 20-25 миллиондоллар зиёд шуд, мераванд пушти ташкилоти хурди қарздиҳӣ сохтан, дар орзуи бонк. Ҳеч бизнеси интеллектуалӣ аз онҳо рӯ назадааст, ки як точик бо он ифтихор карда тавонад."

Озодӣ: Шумо бахшҳои мухталифи бизнеси онҳоро намуна овардед. Оё бо гузашти вақт байни онҳо барои манфиати бештар рақобат ба вуҷуд нахоҳад омад?

Саймуддин Дӯстов: “Дар ҳамаи кишварҳое, ки як гурӯҳи ҳукмрон сарватҳои миллиро ба даст гирифтаанду аз имтиёзҳо бархӯрдоранд, дер ё зуд рақобати носолими дохилӣ миёни кланҳо аз нухбагони ҳукмрон ногузир мешавад. Таърих инро собит кардааст. Ин гуна задухӯрдҳо буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд буд. Тоҷикистон кишвари хурд аст, сарватҳояш ба шуморанд, замоне ҳам ин ресурсҳо поён хоҳанд ёфт ва рақобат дар миёни худи гурӯҳҳо шадид хоҳад шуд.”

Озодӣ: Дар кишварҳои ғарбӣ бар асоси қонун системае дуруст шудааст, ки танҳо истеъдодҳои беҳтарин ба раҳбарият роҳ меёбанд. Оё дар мавриди Тоҷикистон ҳам инро гуфтан мумкин аст, қонунҳои Тоҷикистон ҳам ҳамин гуна дуруст шудаанд ва демократӣ ҳастанд?

Саймуддин Дӯстов: "На, ман ба ин нукта розӣ нестам, ки қонунгузорӣ дар Тоҷикистон демократӣ аст. Дар кишварҳои демократӣ нухбагон қонунҳоро барои танзими муносибатҳои байни худ иншо мекунанд ва сипас ба омма таҳмил мекунанд. Ин шеваи эҷоди қонунҳо ҳамаро дар назди қонун баробар мекунанд. Вале дар кишварҳои номуваффақ, баръакс. Ҳукуматдорон кӯшиш мекунанд, қонунҳоеро иншо кунанд, ки тавассути онҳо оммаро идора кунанд. Нухбагон аз қонун болотаранд. Қонуни танзими мо хостаи президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз садҳо тӯю сури хешону тобеонаш ба дод омад буд. Ин қонун то ҷое кор дод. Омили таҳрикдиҳандаи Қонуни масъулияти волидон низ ҳамин буд. Барои ҳамин ин ду қонун миллӣ шуданд. Аммо танзими баъдии дину мазҳаб ҳадафи зери назорати сиёсӣ гирифтани оммаи мардум буд. Натиҷааш ҳам маълум. Дар Тоҷикистон қонунгузории демократӣ набуд ва дар чанд соли наздик ҳам нахоҳад буд. Ҳамчунон ки ягон бор интихоботи шаффофу демократӣ сурат нагирифтааст. Ин интихоби бошууронаи нухбагони ҳукмрон аст, ки ба қавли мардум уболу савобаш ҳам ба онҳост.

Посух ба бахши аввали суол, ки “оё шахсони соҳибистеъдод метавонанд дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгоҳе пайдо кунанд?” манфӣ аст. Не, наметавонанд. “Нардбонҳои иҷтимоӣ” барои орзусозӣ ва боло бурдани як нафари соҳибистеъдод дар Тоҷикистони кунунӣ вуҷуд надоранд. Ҷавононе, ки дипломҳои донишгоҳҳои беҳтарини Амрикову Аврупо ва Русияро доранд, дар кишварашон ҷои кори муносиб ёфта наметавонанд. Барои ҳамин, онҳо ё ба Тоҷикистон намеоянд ё Тоҷикистонро тарк мекунанд. Маоши муносиб ва манзил барои як ҷавон ё ҷуфти навхонадорон мушкили сангинтарини ҷомеаи мост. Ҳукумат дар ин бахш фикр ҳам намекунад ва ягон барномаву стратгеия ҳам надорад. Зиёда аз ин, зарфияти ақлонии шинохту ҳалли чунин мушкилот ҳам дар ҳукумат мавҷуд нест. Буҷаи солонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамагӣ чансад ҳазор доллар аст. Ин маблағро ба се самти муҳим ҷудо карда, “ранг бинеду ҳол пурсед”.

Ҳамин муносибат аст, ки дар ду соли охир ҳар моҳ тақрибан ду ё се нафар аз шиносҳои ман тарки Тоҷикистон мекунанд. “Фирори мағзҳо” яке аз тамоюлҳои баръалои 5-7 соли ахири Тоҷикистон шудааст, мутаассифона. Бар замми ҳама мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ ва мазҳабии ду соли ахир ҷавонони ҳушмандро ноумед кардан дорад. Вале ҳоло ҳам дер нашудааст."

Озодӣ: Бо васфи ҳамаи ин вазъи озодии баён ва матбуот чӣ мешавад?

Саймуддин Дӯстов: "Дар ду соли охир вазъи озодии баён то ҷое нигаронкунанда аст. Вале ин соҳаи муҳим нисбат ба бахшҳои дигар: фарҳанг, иқтисод, сиёсат ва чандин соҳаи дигар беҳтар аст. Худсонсурӣ дар муҳити расонаии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки дар ҳамин марҳила аз камҳимматии ноширону журналистон дарак медиҳад. Журналистони алоҳида зери фишори ниҳодҳо буданд, ки кори баде аст ва натиҷаи додани ташаббус ба ниҳодҳои қадратӣ аз иштибоҳҳои аслии ҳукумати кунунӣ маҳсуб мешавад. Аммо нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюс”, ки ман ношири онҳо ҳастам, дар якуним соли охир ҳарчанд ду кӯшиши маҳдуд кардани сомонаи “Тоҷнюс” буд, зери фишори мустақими мақомот қарор нагирифтаанд. Худи давлати Тоҷикистон, ки як маркази қабули қарор дорад ва он ҳам ном дорад, президент Эмомалӣ Раҳмон, иродаи бастани расонаҳои мустақилро надорад. Инро соҳибрасонаҳо хуб медонанд. Агар президент нахоҳад, расонаҳои мустақил як рӯз ҳам дар дохил кор карда наметавонанд. Маҷбуранд ё берун раванд ё пинҳонкорӣ кунанд. Аммо мушкили асосии озодии баён дар Тоҷикистон худи таркиби он аст. Бозори расонаии Тоҷикистон миллӣ нест. Он аслан аз ҷониби бегонаҳо идора мешавад, ҳатто забонаш ҳам забони ғайр аст, яъне русӣ аст. Ҳукуматдорони мо ба дарки ин чизҳо алҳол нарсидаанд. Таркиби бозор, ки хусусияти олигополӣ дораду дар он рақобати носолим ҳукмфармо аст, омилҳои иқтисодиро зодаанд, ки боиси маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон гаштаанд. Аз соли 2006 то соли 2013 фонди маоши журнализми тоҷик пайваста зиёд мешуд. Се сол аст, ки ба шиддат поин меравад. Онҷо ки маош нест, кормандони хуб ҳам намеоянд. Буҷаи солонаи ягон расонаи мустақили тоҷикӣ ҳоло аз 60 ҳазор доллар зиёд нест. Ягон расонаи мустақил аз ТОП-5 барои таҳияи бахши бисёррасонаии худ 36-48 ҳазор доллар сармояи иловагӣ ёфта наметавонад. Вагарна, студияҳои Миллат, Фараж, СССР, Нигоҳ ва Озодагон кайҳо пайдо мешуданд. Молҳои иттилотии онҳо Тоҷнетро пур мекарданд. Ин расонаҳо бо ҳама каму костияшон моли миллатанд. Миллати нодорҳо. Бале, мо миллате шудаем, ки барои таъмини озодии баёнамон 90-96 ҳазор доллар ёфт намешавад. Нархи озодии баён ҳоло ҳамин аст, ки онро ҳич кас пардохт кардан намехоҳад. Агар ҳукумат барои аз байн рафтани озодии баён гунаҳкор аст, сабабаш ин аст, ки ба расонаҳои мустақили Тоҷикистон имтиёзҳои иқтисодӣ надодааст, балки ба расонаҳои ҳукуматӣ маблағҳои ҳангуфт ҷудо карда, ба онҳо имтиёзҳои хос медиҳад ва ба ин тартиб ҷои расонаҳои мустақилро маҳдуд мекунад. Ва ин амали ҳукумат ғайриқонунӣ аст. Ба назар мерасад, мушовири нав Абдуҷаббор Рааҳмонзода ин воқеиятро дарк кардааст. Акнун масъала ин аст, ки президент сари ин масъала чӣ мегӯяд. Ҳукумат хомушӣ баргузинад, охири ҳамин сол 50-70%-и матбуоти даврии мустақил ё аз байн меравад ё аз манобеи дигар маблағ гирифта, мустақилияташро таслим мекунад. Рушди Тоҷнет ё бахши тоҷикии Интернет ҳам барои солҳо ақиб партофта мешавад. Зарфияти кадрии журнализми тоҷик бузург нест, вале аз ҳар кишвари дигари ИДМ, ба истиснои Русия ва Укроин зиёдтар аст."

Озодӣ: Бо чунин вазъ Тоҷикистон ба кадом самт ҳаракат мекунад?

Саймуддин Дӯстов: “Эҳсос мешавад, ки ҳукумати кунунӣ як барномаи рушд ва фаъолияти бардавом барои чандин солҳоро дар ҳеч самт надорад. Зери фишори воқеиятҳо ва мушкили интиқоли қудрат даступохӯрда менамояд. Барнома ва стратегияҳо рӯи коғаз зиёданд. Вале дарки вазъи воқеии сиёсат, иқтисод, мазҳабу фарҳангро надоранд, рисолати таърихияш назди миллатро эҳсос намекунад, балки пушти вазифаҳои сеюмдараҷа меравад. Ҳамин аст, ки тавре болотар гуфтам, ташаббусро дар муҳити сиёсӣ маркази ягонаи қабули қарор ба ниҳодҳои қудратӣ додааст, ки ба фикри ман, иштибоҳи бузург аст. Ҳоло агар рушди равандҳои сиёсии Тоҷикистонро дар ду-се соли охир, ба як ҷумла тасвир кунем, ҳаракати инертсиониро мемонад. Шаттаи таърихро хӯрда, пеш паридан дорему намедонем кай ва дар куҷо меафтем. Фикр мекунам, ҳукумати феълӣ ба диди нави воқеиятҳо ва ислоҳоти амиқи сиёсиву иқтисодӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, нафарони бомасъулият ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро зарур аст, ки чашми ҳукуматро бикшоянд, дар шинохту ҳалли мушкилоти мардум ва ҳукумат саҳм гиранд. Шаҳрванд ва ватандӯст будан ба фикрам ҳоло ҳамин аст. Фаъолияти мо ба ҳамин равона шудааст. Дар охир, бо иҷозаи “Озодӣ” ҷомеаи журналистии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи озодии баён, ки дар пеш аст, муборак бод мегӯям. Бошад, ки мо дар ин соли буҳронӣ ин арзиши бебаҳо ва суботи кишварро ҳифз кунем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG