Пайвандҳои дастрасӣ

Дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон, ба иддаои таҳлилгарон, айни ҳол ду тарҳ – ҳифзи бисёрҳизбӣ бо аҳзоби содиқ ба давлат ва эҳтимоли ҷорӣ шудани низоми яккаҳизбӣ баррасӣ мешаванд.

Шок, навмедӣ ва рӯҳафтодагӣ... Вазъи бархе аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баъд аз панҷ моҳ аз интихоботи парлумонӣ бо ин вожаҳо арзёбӣ мешавад. Акнун суоли “Ҳизбҳо куҷо ғайб заданд?” ҳарчӣ бештар зеҳни қишри огаҳи ҷомеаро машғул медорад.

ВАҚТЕ КИ СУКУТ АЛОМАТИ РИЗО НЕСТ

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон одатан пас аз ҳар интихоботҳо ба сукут мераванд. Аммо ин бор хомӯшии онҳо, зоҳиран, амиқтар аст. Онҳо акнун на ба таҳаввулоти Тоҷикистон вокуниш мекунанд ва на ба ончӣ дар ҷаҳон мегузарад. Интихоботи оянда дар соли 2020 баргузор хоҳад шуд, вале мумкин аст, то он вақт, бино бар ҳаракате, ки имрӯз ба назар мерасад, ҳизбҳои мухолифи ҳукумат дигар дар саҳна набошанд.

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

​Сукут на танҳо ба аҳзоб, балки ба бисёре аз дигарандешон ва мунаққидони фаъолиятҳои ҳукумат низ рабт мегирад ва бархе аз намояндагони элитаи ҳоким мегӯянд, ҳукумат бо истифода аз таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ", вазъи Афғонистон ва бӯҳрони Украина мухолифонашро баҳамзанандаи субот нишон медиҳад. Дар натиҷа, ба ақидаи таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо, Ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ яккатози саҳнаи сиёсӣ мешавад. Формати “секунҷа” – ҳизби ҳоким, ҳизби коммунист ҳамчун қадимитарин ҳизби Тоҷикистон ва Ҳизби Исломӣ (ҲНИТ) -- мухолифи давлат дигар вуҷуд надорад.

Акнун ба ин зарурате нест, зеро ҳатто дар сурати баста шудани ҳизбҳои коммунистӣ, сотсиал-демократӣ ва наҳзати исломӣ дар майдон чанд ҳизби ҳукуматгаро боқӣ мемонанд. "Аз сӯи дигар, дар Тоҷикистон ҳоло як низомии қавии президентӣ барқарор шудааст ва вақте раисиҷумҳур берун аз ваколатҳояш нафарҳоеро ба мақом таъин ё аз вазифа барканор мекунад, ин паём ба дигарон аст, ки дар ин кишвар ҳама чиз зери назорати як нафар – раисиҷумҳур аст ва ҷуз назари ӯ назари дигаре вуҷуд надорад," -мегӯяд Раҷаб Мирзо.

Ҳизбҳои дигар амалан дар вазъе қарор доранд, ки фаъолияти васеъ бурда наметавонанд. Ба назар мерасад, ки ҳизбҳои мухолиф ҳоло танҳо як барнома доранд, чӣ тавр ту фурӯ нишастани тӯфон ҷон ба саломат бубаранд ва мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор нагиранд.

Коммунистҳои Тоҷикистон, баъди рафтани Шодӣ Шабдолов аз порлумон дигар хабарсоз нестанд ва матбуот низ ба ин ҳизб таваҷҷӯҳ нишон намедиҳад. Коммунистҳои Тоҷикистон иддао доранд, ки теъдоди ҷонибдорони онҳо то 42 ҳазор мерасад.

Амнияти Абдуназар, узви садорати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо ишора ба фазои сокиту беранги сиёсӣ мегӯяд, ҳизбҳо фаҳмиданд, ки талоши онҳо барои ҷойгоҳсозӣ дар саҳнаи сиёсӣ як кори беҳуда аст. Сотсиал-демократҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ҳам домангиранд, ки натавонистаанд, ба ҳукумат таъсир расонанд ва фазои сиёсиро гуногунранг бисозанд. Аз ин ҳизб ба гуфтаи раҳбаронаш ҳудудан 7 ҳазор сокини Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд.

ДУРОҲАИ БӮҲРОНӢ – БИСЁРҲИЗБӢ Ё ТАШКИЛИ КПСС-И НАВ?

Соли 2014 ва оғози 2015 барои Ҳизби Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки мегӯяд то 40 ҳазор аъзо дорад, соли пур аз чолиш буд. Умдатарин зарба ба обрӯи ин ҳизби исломӣ дар ҳоле ворид шуд, ки наворҳои шаҳвонии бархе аз намояндагони он дар шабакаи телевизионӣ ва интернет пахш шуд. Бо он ки раҳбарони ҳизб ин наворҳоро тақаллубӣ ва талоши бадномкунии ҲНИТ унвон карданд, саҳнаҳои фаҳш ба зеҳни қишрҳое аз ҷомеаи Тоҷикистон таъсир гузошт. Ба дунбол намояндагони ҳизб ду курсиро дар порлумон аз даст доданд ва ин раванд ҳамчун "мантиқӣ"- и наворҳо арзёбӣ шуд. Ҳоло раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар ба сар мебарад ва пешгӯӣ мешавад, ки ин ҳизб дар кишвар дигар "оянда" надорад.

Муҳаммадалии Ҳаит

Муҳаммадалии Ҳаит

Яке аз раҳбарони ин ҳизб Муҳаммадалии Ҳаит мегӯяд, элитаи ҳукмрони Тоҷикистон дигар иродаи сиёсии баргузор кардани интихоботи озод, шаффоф ва демократиро надорад, зеро рӯ ба авторитаризм оварда, сарнавишти ҳама маъракаҳои сиёсӣ фақат дар дасти як кас, раисиҷумҳур, аст, мегӯяд ӯ. “Вақте мо аз ҳаққи худ барои муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба вазъи сиёсии Тоҷикистон истифода кардем, моро дар хиёнат айбдор ва алайҳи мо маъракаи густардаеро роҳандозӣ карданд ва ин рӯҳияи яъсу навмедиро бештар намудааст,” - мегӯяд Ҳаит.

Дар интихоботи 1-уми марти соли 2015 ҲНИТ, Ҳизби коммунист ва ҳизби сотсиал-демократ дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ мандате ба даст наоварданд ва аммо ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат – аграрӣ, сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва демократӣ соҳиби курсиҳои Маҷлиси намояндагон шуданд.

Сиёсатшиносон бо такя ба манбаъҳои худ дар ҳукумат мегӯянд, дар сатҳи боло воқеан ҳам ду модел – ҳифзи бисёрҳизбӣ бо ҳизбҳои содиқ ва эҳтимоли бозгашт ба низоми яккаҳизбӣ баррасӣ мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки кадоме аз ин моделҳо ҷонибдори бештар дорад. Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ки дар кишвар де-факто яккаҳизбӣ барқарор мешавад – Ҳизби халқӣ-демократӣ яккатози саҳнаи сиёсӣ аст ва дар гӯшаҳои ин саҳна чанд ҳизби хурди дигар ҳам ба назар мерасанд.​ Бархе аз коршиносон бо ишора ба таваҷҷӯҳи ҳарчӣ бештари Тоҷикистон ба Чин, ягона давлати коммунистӣ дар минтақа мегӯянд, ки шояд ҳукумати Тоҷикистон ин моделро "ба тани худ чен мекунад".

ВАҚТЕ КИ ХОСТАҲОИ МАРДУМ РӮШАН НЕСТ...

Бино бар чунин пешгӯиҳо интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Тоҷикистон шояд бидуни ширкати коммунистҳову исломиҳо ва сотсиал-демократҳо баргузор шавад. Аммо аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ин ҳизбҳо метавонад, паёмадҳои номатлуб дошта бошад.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, вақте рӯшан нест, ки хостаҳои идеологии мардум чӣ аст, гароиши мардум ба кадом самт аст, сару калобаҳо гум мешаванд. Аз ин вазъ гурӯҳҳои фурсатталаб ва тундрав истифода ё сӯиистифода мекунанд ва ин хело хатарзост. “Ман фикр намекунам, ки ҳамин гуна қолаб, агар онро ҳукумат барои худ муқаррар карда бошад, барои ояндаи кишваре чун Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҳассос ва дар меҳвари бозиҳои геополитикист, пайомадҳои мусбат дошта бошад”.

Намунаи кишварҳое, ки қудрат дар дасти фақат як нафар аст, баёнгари он аст, ки ҳодисаҳо ба таври стихиявӣ сар зада, хеле зуд шакли ваҳшатангез мегиранд, мегӯяд ӯ. "Аз ин рӯ тарроҳони саҳнаи сиёсӣ, агар хостори оромию суботанд, пеш аз тасмим дар бораи ҳизбҳо бояд сад бор чен кунанду як бор буранд..."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG