Пайвандҳои дастрасӣ

Осиёи Марказӣ бе раҳбарони "дарозумр"-аш чӣ ҳол хоҳад дошт?


Дар акс: Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев

Дар акс: Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев

Ояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа камтар мавриди гуфтугӯст, аммо дар хориҷа ҳарчӣ бештар чаҳор фарзияи интиқоли қудрат аз дасти раҳбарони дарозумри ин давлатҳо баррасӣ мешавад.

Дарозумрии сиёсии раҳбарони ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар пасманзари таҳдидҳои амниятии минтақа, бозиҳои геополитикии қудратҳо, заъфи воқеӣ ва ҳам сунъии оппозитсиюнҳо ва бетафовутии сиёсии оммаи мардум кайҳост, ба як рукни субот ва шеваи давлатдорӣ табдил ёфтааст. Ояндаи онҳо дар ин замина дар худи ин кишварҳо камтар мавриди гуфтугӯст, аммо дар хориҷа ҳарчӣ бештар чаҳор фарзияи интиқоли қудрат аз дасти ин раҳбарони дарозумр баррасӣ мешавад, ки аз сенарияи "интиқоли қудрат ба ворисон" то "сенарияи Украина" ном доранд.

Расонаҳои байнулмилалӣ ин мавзӯъро ба баҳс кашидаанд, ки вазъи баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди аз қудрат рафтани раҳбарони "дарозумраш"-он чӣ гуна хоҳад шуд? Нашрияи бритониёии Financial Times дар мақолае ҳоли Қазоқистону Узбакистони баъди Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримовро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Нурсултон Назарбоев дар ҷашни ҳафтодсолагии Ғалаба дар Маскав

Нурсултон Назарбоев дар ҷашни ҳафтодсолагии Ғалаба дар Маскав

Раҳбарони Қазоқистону Узбакистон аз оғози солҳои навадум то ҳоло тағйир накарда, зимоми қудратро дар тӯли ин муддат Нурсултон Назарбоеви 74-сола ва Ислом Каримови 77-сола дар даст доранд ва ин ҳам дар ҳоле ки дар бораи вазъи саломати дувумӣ гузоришҳои зиддунақиз мерасанд.

Назарбоев дар интихоботи ахири президентии кишвараш бо бештар аз 97 дарсад ва Каримов бо 91 дарсади раъйи сокинонашон пирӯз эълон шуданд. Ҳатто расиҷумҳури Қазоқистон аз шаҳрвандонаш барои чунин як пирӯзии камсобиқа узрхоҳӣ кард.

Таҳлилгарони Financial Times чаҳор фарзияи вазъи сиёсии Қазоқистону Узбакистонро баъди аз сари қудрат рафтани раҳбаронашон пешбинӣ кардаанд. Аввалин фарзияе, ки онҳо дар миён гузоштаанд, "интиқоли қудрат аз падарон ба ворисон" аст. Ҳамон тавре ки соли 2003 Ҳайдар Алиев, раисиҷумҳури собиқи Озарбойҷон, калидро ба дасти писараш Илҳом Алиев супурд, то мурвати сиёсату иқтисод ва иҷтимои

Илҳом Алиев

Илҳом Алиев

кишварашро тоб диҳад. Аммо Financial Times мегӯяд, на Қазоқистон ва на Узбакистон мисли Ҳайдар Алиев вориси ҳақиқӣ ва омодаи тахташонро надоранд.

Фарзияи дувуми Financial Times сенарияи "интиқоли қудрат аз Борис Елтсин, раисиҷумҳури собиқи Русия, ба Владимир Путин" будааст. Таҳлилгарони ин нашрияи бритониёӣ ин фарзияро дар Қазоқистон нисбатан амалишаванда хондаанд.

Сенарияи севум "сенарияи Туркманистон" гуфта мешавад, ки баъд аз марги Сафармурод Ниёзов ё Туркманбошӣ дар моҳи декабри 2006, элитаи сиёсии ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови ношиносро ба раҳбарӣ пешниҳод карданд ва ӯ тақрибан нӯҳ сол боз ҳукмронӣ дорад. Дар мақолаи Financial Times гуфта мешавад, амалӣ шудани ин сенария дар Узбакистон ба эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад. Ин нашрия раҳбари идораи амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов, нахуствазир Шавкат Мирзиёев ва вазири молия Рустам Азимовро ҷойгузини Ислом Каримов дар сурати амалӣ шудани ин сенария донистаанд.

Фарзияи охир "беназмии идоранашаванда" ё "сенарияи Украина" унвон гирифта, дар ин ҷо аз таҳдиди ифротгароҳо ба Узбакистон ёдоварӣ шудааст. Ҳатто як дипломати аврупоӣ ба ин нашрия гуфтааст, аз он метарсад, ки "Узбакистан Афғонистони дувум мешавад."

Меҳмоншоҳ Шарифзода

Меҳмоншоҳ Шарифзода

Меҳмоншоҳ Шарифзода, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, шояд ба баъзе аз ин раҳбарон муяссар шавад, ки тавонанд мақоми худро ба фарзандони худ ва ё наздиконашон ба мерос гузоранд, "вале фикр мекунам, ҳар кадоме аз онҳо чӣ коштаанд, онро хоҳанд даравид". Ӯ афзуд, "шоҳидем, ки аксари давлатмардон дар минтақа ба ҷои сохтани ҷомеаи солим, мустаҳкам кардани ниҳодҳои ҷомеа ва ташкили фазои солими сиёсӣ, аслан паси шиорҳо буда, фасодоро ниҳодина кардаанд."

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, низ ду ҳолати кишварҳо баъди аз қудрат рафтани раҳбарони дарозумрашонро пешбинӣ мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аввал ин ки ҷомеа ба зиддиятҳои дохилӣ рӯбарӯ хоҳад шуд ва дувум - агар элитаи сиёсӣ нерӯманд бошад, дар он ҳолат давлат метавонад бе ягон ҷангу ҷидол ва вайронкорӣ ба вазъияти дигар гузарад ва ё бо роҳбари нав ҳамон ислоҳотеро идома диҳад, ки бо раҳбари пешинаш дошт."

Сайфуллоҳ Сафаров

Сайфуллоҳ Сафаров

Ноиби аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, аммо солҳои тӯлонӣ дар сари қудрат боқӣ мондани як нафарро дар кишварҳои дар ҳоли гузариш муҳим хонд. Ӯ гуфт, ки "бисёр муҳим аст чунин шахсҳо солҳои дароз дар қудрат бошанд, то давраи гузаришро хотима бахшанд."

Ҳамсӯҳбати мо дар ин ҷо вазъи Тоҷикистону Узбакистону Қазоқистонро бо Қирғизистон, ки аз замони фурӯпошии Шӯравӣ боз чаҳор раҳбарро иваз кардааст, беҳтар хонд. "Ин бисёр хуб аст, ки дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон чунин шахсият вуҷуд доранд. Мо агар бо Қирғизистон муқоиса кунем, вазъияти инҳо хубтар аст,"-- таъкид дошт ӯ.

Тоҷикистон ҳам аз даврони азҳампошии Шӯравӣ се бор раҳбари худро иваз кардааст. Ду раҳбари аввалаш - Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев - дар маҷмӯъ каме бештар аз як сол сари қудрат буда, ҳарду ҳам зери фишори мухолифон ба номаи истеъфояшон имзо гузоштаанд. Аммо 23 соли охир зимоми қудрат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва аз соли 1994 то кунун дар чаҳор

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

интихоботи президентӣ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шудааст. Интихоботи ахири президентӣ дар кишвар моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуд ва ҷаноби Раҳмон ҳақ дорад, то соли 2020 дар сари қудрат бошад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар бораи шеваи табдили қудрат сӯҳбат намешавад, вале ҳар дафъаи ба мақоми нав ё болотар расидани Рустами Эмомалӣ -- писари калонии Эмомалӣ Раҳмон матбуот ба ин мавзӯъ доман мезананд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон писари худро барои раҳбарӣ омода мекунад ва ҳадаф аз мақомҳояш дар ниҳодҳои мухталиф шояд на худи мансабгирист, балки озмудану дидану пухтан аст.

Ба ақидаи коршиносон, масъалаи қудрат дар Тоҷикистон низ то рафт шабеҳи Узбакистон ва Қазоқистон мешавад. Вале ба фарқ аз онҳо, масъалаи ояндаи қудрат дар ин кишвар мисли ду ҳамсояаш бо тангии фурсат рӯбарӯ нест ва ҳанӯз яке аз чаҳор сенарияро ба он низ рабт додан зудҳангом ба назар мерасад. Аммо расонаҳои байнулмилалӣ бар инанд, ки дигаргуниҳо дар Узбакистон ё Қазоқистон ба сурати умда рӯйи вазъ дар кишварҳои дигари ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир хоҳанд дошт ва ояндаи онҳоро ғайри қобили пешгӯӣ хоҳанд кард. Он ҳам дар ҳоле ки агар онҳо ба чунин дигаргуниҳои эҳтимолӣ омодагӣ надошта бошанд.

Вале, меафзоянд онҳо, ба чунин раванди ҳаводиси сиёсӣ дар ин минтақа самтгириҳои геополитикӣ низ таъсири муайян хоҳанд дошт. Ба вижа, ки Осиёи Марказӣ саҳнаи бархӯрди манфиатҳои Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳида ба шумор меравад. Русия ва Чин одатан раҳбарони озмударо меписанданд ва нерӯҳои мухолиф чашми умед ба Ғарб доштанд, ки, зоҳиран, ҳамеша хостори ислоҳоти демократӣ дар ин кишварҳост.

Аммо Washington Post рӯзи 15 май навишт, "амалан, демкоратияҳои Ғарб шиквае аз ин вазъ надоранд. Президент Барак Обама хеле тез "пирӯзӣ"-ро ба ҷаноби Назарбоев шодбош гуфт. Ҳукумати ӯ бештар аз афзоиши нуфузи Русия ва ҷоннок шудани ҳамкориҳои иқтисодию амниятии он дар Осиёи Марказӣ нигарон аст. Моҳи феврал он ризо шуд, бо вуҷуди собиқаи ҷаноби Каримов дар саркӯби нооромиҳоои дохилӣ бо истифода аз нерӯи ҳарбӣ 300 зиреҳпӯшро ба Узбакистон диҳад. Ноиби вазири умури хориҷии Амрико Энтонӣ Блинкен ахиран сиёсати Амрикоро "таҳкими коршарикӣ барои пешбурди амнияти муштарак" ва "густариши ҳамкориҳои наздиктари иқтисодӣ" бо Осиёи Марказӣ" номид, дар ҳоле ки гуфт, "амалкардҳои Русия дар канораҳои он ... бунёди низоми байнулмилалиро таҳдид мекунад".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG