Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Ҳушдори пешакӣ ба Тоҷикистон: Фишорҳои дохилӣ, таҳдидҳои берунӣ”


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар як гузориши 16-саҳифаӣ вазъи сиёсӣ дар дохил ва таҳдидҳои беруна ба Тоҷикистонро таҳлил карда, хостори қатъи таъқиби дигарандешон аз сӯи ҳукумат шудааст.

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ ( International Crisis Group – ICG), як созмони таҳқиқотӣ, ки авзоъ дар кишварҳои рӯбарӯ бо бӯҳрону хатари низоъро пайгирӣ мекунад, дар гузориши наваш, ки рӯзи 11 январ таҳти унвони “Ҳушдори пешакӣ ба Тоҷикистон: Фишорҳои дохилӣ, таҳдидҳои берунӣ” дар 16 саҳифа нашр шуд, вазъи Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар гузориш аз ҷумла мехонем, ки ин “фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ ба фишори хатарборе ҳам дар дохил ва ҳам аз берун рӯбарӯ шудааст.”

Ба ақидаи муаллифон, ҳукумати 23-солаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо хушунат, камбуди масъулият, фасод ва муҳоҷирати саросарӣ буда, манбаъҳои асосии даромади кишвар пули муҳоҷирон ва қочоқи маводи мухаддир аст ва назорати бештар бар мазҳаб ва мухолифин, аз ҷумла баста шудани ҳизби мӯътадили наҳзати исломӣ норозигиҳоро дар ин кишваре, ки бо Афғонистони ҷангзада ва бесубот ҳудуди 1400 километр марзи мустақим дорад, афзоиш медиҳад.

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо дар гузоришаш созишномаи сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифинро, ки ба 5 соли ҷанги, ба таъбири муаллифон, “ваҳшиёна”-и шаҳрвандӣ хотима гузошт, “ниқоб”-е меномад, ки танишҳои баъдиҷангиро дар ин кишвар ба ҷои ҳал кардан баракс рӯпӯш кард. Муаллифон курсиҳои ҳизби наҳзат дар парлумони Тоҷикистонро “реша”-и ин созишномаи сулҳ меноманд, вале мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ин ҳизбро дар интихоботи моҳи марти соли 2015 бо тахаллуфот аз ҳарду курсияш дар парлумон маҳрум кард ва дар моҳи сентябр фаъолияташро манъ ва онро сохмони террористӣ эълон кард.

Гузориш мегӯяд, баста шудани ҳизби наҳзасти исломӣ ва маҳдудиятҳо дар роҳи озодиҳои мазҳабӣ беэҳтиромии давлати Тоҷикистон ба гуногунандеширо ба намоиш гузошт. Ҳамзамон, “фасоди фарогир ва хешутаборбозӣ ба шаҳрвандони исломгарову дунявигаро паём медиҳад, ки ҷараёнҳои сиёсӣ ба рӯи ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд Раҳмонро ба чолиш бикашанд, баста шудааст.”

Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ ҳамин тавр, меафзояд, дар моҳи май ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” пайвастани полквоник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зиддиятҳо дар элитаи амниятии кишварро ифшо кард ва Раҳмонро дар ҳолате гузошт, ки намедонад, ба кӣ бовар кунад ва ба кӣ не?

Муаллифон менависанд, президент Раҳмон бештар дар фикри бақои худ аст ва барои дигар кардани тасаввуроте, ки ҳукумати ӯ аз нигоҳи сиёсӣ ва маънавӣ банкрот шудааст, кори чандоне намекунад.

Дар ин гузориш вазъи иқтисодии Тоҷикистон низ ба далели бӯҳрони иқтисодии Русия ва коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик, ки беш аз 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медод, сангин тасвир мешавад. Ва ин дар ҳолест, ки бино ба ин гузориш, иқдомҳои ҳукумат вазъро боз ҳам мушкилтар кардааст. Гуфта мешавад, солиёни фасоди густарда тоҷирони маҳаллиро дар тангно қарор дода, таъсири кумакҳои донорҳо низ маҳдуд шудааст.

Дар айни замон, ба навиштаи Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистони ҳамсоя меафзояд. Бо вуҷуди кумакҳои фанниву сармоягузориҳои Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, амният дар марз бо Афғонистонро бештар релефи мушкилгузари кӯҳистонӣ таъмин мекунад, то талоши худи нирӯҳои интизомӣ.

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар гузоришаш бо номбар кардани ин мушкилот, навиштааст, Тоҷикистон бояд аз лиҳози ҷилавгирӣ аз низоъ бояд дар меҳвари таваҷҷӯҳи ҷомиаи байналмилалӣ қарор бигирад. Ҳамкорӣ бо ҳукумати Раҳмон, ба ақидаи муаллифон, бояд рӯи пешгирӣ аз таъқиботи бештар ва ташвиқ ба гузариши муназзам дар пайи анҷоми замони раёсати Раҳмон дар соли 2020 тамаркуз кунад, вале “ин раҳбари худкомаро, ки ба навиштаи муаллифон, ба равандҳои сиёсии қобили эътимод таваҷҷӯҳ надорад, бояд ба ин кор ҷалб кунанд.

Нокомиҳои ҳукумати Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, боиси эҷоди дардисари бузург ҳам барои Русия, ҳам барои аъзои дигари созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ҳам барои Чин, ки бо Тоҷикистон 414 километр марз дорад, мешавад. Узвият дар ин паймон ва ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон омилҳое ном бурда шудаанд, ки метавонанд аз таҳдидҳои беруна пешгирӣ кунанд. Узбакистону Қирғизистон ва Қазоқистон низ, ба навиштаи муаллифон, ба далели заъфи ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон бояд рӯи таҳкими амнияти марзҳои худ фикр кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG