Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии тоҷирон аз афзоиши боҷи гумрукӣ


Боло бурдани арзиши боҷҳои гумрукӣ боиси норозигии тоҷироне шудааст, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд.

Тоҷироне, ки аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Покистону Эрон, Чину Русия ва Туркияву Беларус ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мекунанд, мегӯянд, ки афзоиши арзиши боҷи гумрукӣ онҳоро дар ташвиш гузоштааст. Зеро бори онҳо аз ин ба баъд бо арзиши гаронтар ворид мешавад ва ин ба нарху наво дар бозори дохилӣ таъсир хоҳад кард.

Баҳриддин Алишеров, як тоҷири тоҷик, ки аз Чину Русия масолеҳи сохтмонӣ ворид мекунад, мегӯяд, чор дарсад боло рафтани арзиши боҷи гумрукӣ боис гаштааст, ки ӯву падараш рӯи қатъи идомаи тиҷорати худ фикр бикунанд. Молу маҳсулотро аз хориҷ падари Баҳриддин меорад ва худи ӯ ин маҳсулотро дар инҷо мефурӯшад.

Баҳриддин мегӯяд, агар моҳи гузашта барои ворид кардани 95 метри мукааби тахта 23 500 сомонӣ боҷи гумрукӣ пардохт карда бошанд, ҳафтае пеш бо пардохти 25 200 сомонӣ аз гумрук иҷоза гирифтанд, то борашонро ворид кунанд: "Дигар ҳайрон мондаем, ки борро бо чӣ нарх ба савдо гузорем. Як куб тахта бо арзиши 231 доллар ворид шуда, мо бояд онро 200 доллар савдо кунем. Ба хотири ҳамин алакай чандин тоҷир тасмим гирифтаанд аз корашон даст кашанд."

Ба қавли ин тоҷири тоҷик, агар онҳо боҷи гумрукиро ҳисоб карда, ба болои нархи маҳсулоташон гузоранд, шумори харидоронашон кам мешавад, чунки мардум низ дар ин шабу рӯз ба далели мушкилоти иқтисодӣ аз надоштани пул шикояти зиёд доранд. Ба гуфтаи Алишеров, онҳо бо маблағи қарз тиҷорати худро пеш мебаранд ва агар шеваи кор чунин рафтан гирад, ба эҳтимоли зиёд наметавонанд фоизи бонкро пардохт кунанд.

Тоҷирон мегӯянд, Хадамоти гумрук далели боло бурдани арзиши боҷи гумрукиро шарҳ намедиҳад.

Диловар, тоҷири дигари ҷавон, ки ба гуфтаи худаш, ба тиҷорати мошин ва ҳам ба тиҷорати собуну маводи косметикӣ машғул аст, гуфт, онҳо маводи косметикиро аз Эрон вориди Тоҷикистон мекунанд. Ӯ барои мисол мегӯяд, агар як моҳе пеш барои ҳар тонна собун беш аз 500 доллар, яъне ҳудуди 3 400 сомонӣ боҷи гумрукӣ пардохт карда бошанд, ҳоло барои ҳар тонна собун бояд 800 доллар пардохт кунад.

Барои воридоти мошин низ, ба гуфтаи Диловар, дар қиёс ба ду моҳи пеш арзиши боҷи гумрукӣ ҳудуди 1300 сомонӣ бештар шудааст.

Ба қавли тоҷирон, бештар арзиши боҷи гумрукӣ барои он маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, ки Туркия, Чину Эрон ва Покистону Беларус ворид карда мешаванд, боло рафтааст. Боҷи гумрукӣ барои маҳсулоте, ки аз Русия меояд, ба гуфтаи онҳо, камтар аст.

Зимни боздиди мо низ аз се истгоҳи гумрукӣ - Душанбе-2, Хонақоҳ ва Айнӣ - тоҷирон аз он ки бидуни ҳеҷ далел аз онҳо боҷи бештар талаб мекунанд, изҳори нигаронӣ намуданд.

Соҳибкорон мегӯянд, дар чунин шароит онҳо маҷбуранд нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро боло бубаранд ва ё дар сурати бе самар шудани тиҷораташон аз тиҷорат канор раванд. Канор рафтани тоҷирон ба навбаи худ метавонад камчинӣ ва ё дефитсити молу маҳсулот ва рафҳои холии дӯконҳоро ба миён орад.

Ба қавли тоҷирон, азбаски Хадамоти гумрук имсол натавонистааст нақшаашро иҷро кунад, шояд ба ҳамин сабаб бидуни шарҳу тавзеҳ боҷи гумрукиро зиёдтар ситонида истодаанд. Як ҳамсӯҳбати Озодӣ дар Хадамоти гумрук низ гуфт, шадидтар шудани муқаррароти гумрукӣ ба иҷрои нақшаи солонаи ин идора бастагӣ дорад.

Аммо ба суолҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ масъулони Хадамоти гумрук ба таври расмӣ посух надоданд. Як масъули ин ниҳод танҳо гуфт, онҳо тибқи дастур амал мекунанд ва арзиши боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар муқаррар мешавад, на аз сӯи Хадамоти гумрук. Вале кормандони ин ниҳод дар посгоҳҳои гумрукӣ эътироф карданд, ки якбора боло бурдани боҷи гумрукӣ боиси камтар ворид шудани вагонҳо ба ин посгоҳҳо шудааст.

Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Бино ба омори расмии Хадамоти гумрук, ин ниҳод дар нимаи аввали равон аз ҳисоби тамоми боҷу хироҷу аксизе, ки ҷамъ меорад, ба буҷа чизе бештар 1,6 миллиард сомонӣ интиқол додааст, ки ҳамагӣ 81,5 дарсади нақшаи нимсолаашро ташкил медиҳад.

Мушкилоти иқтисодии Русия, пойин рафтани қурби сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – ва боло рафтани ҳаққи транзит дар кишварҳои ҳамсоя аз омилҳое номбар мешуд, ки ҳаҷми воридоту содироти Тоҷикистонро коҳиш дода, дар ниҳояти амр боиси қариб 300 миллион сомонӣ аз нақша камтар ҷамъоварӣ шудани боҷу хироҷи гумрукӣ аз сӯи ниҳодҳои гумруки ин кишвар шудааст.

Зимнан, Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр зимни баррасии тарҳи буҷаи соли оянда дар парлумон гуфт, саҳми пардохтҳои гумрукӣ дар буҷаи соли 2016 боз ҳам кам хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG