Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон иҷро нашуд ва ин падидаест, ки дар панҷ соли охир собиқа надоштааст.

Бино бар маълумоти Оҷонсии омор, моҳҳои январу феврали соли равон ба будҷаи давлат каме беш аз 1 миллиарду 725 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 94 дарсади нақшаи буҷаи давлатӣ барои соли 2015-ро ташкил мекунад. Дар панҷ соли охир бори аввал аст, ки бахши даромади буҷа ба 100 фоиз намерасад, дар ҳоле ки баъзе солҳо то 120 дарсад низ расида буд.

Агар ин камомад танҳо ба ҷамъбаст нашудани бархе аз арқом ва тасдиқ нагаштани ин ё он қарордоди иҷрошуда бастагӣ дошта бошад ва на баёнгари тамоюл, пас дар моҳҳои баъдӣ бо иҷрои зиёда аз нақша ҷуброн хоҳад шуд. Вале агар ин ҳолат яке аз паёмадҳои бӯҳрони Русия бошад, метавон ҳадс зад, ки буҷаи давлатиро рӯзҳои душвортаре дар пеш аст.

Як манбаъ аз Вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 13-уми апрел гуфт, масъулони ин вазорат ҳоло машғули баррасии дахлу харҷи буҷаи давлат дар семоҳаи аввал ҳастанд ва натиҷаҳои ниҳоии он баъд аз чанд рӯз маълум хоҳад шуд. Вай гуфт: “Аммо аз ҳоло маълум аст, ки қисми даромади буҷа таъмин нашудааст. Мо сабабҳои инро таҳлил карда истодаем. Ҳоло мо аз Хадамоти гумрук гузоришро интизорем. Даромади буҷа аз ҳисоби боҷи гумрукӣ кам шудааст, чунки воридоти баъзе аз маҳсулот коҳиш ёфтааст“.

Мусоҳиби мо афзуд, таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия дар Тоҷикистон ҳам эҳсос мешавад. Вай гуфт, бинобар ворид шудани иқтисоди Русия ба марҳалаи рукуд, бисёре аз муҳоҷирон ҷои кори худро аз даст доданд, қисми дигар аз ҳаққи вуруд маҳруманд, ки дар натиҷа ҳаҷми пули муҳоҷирон аз он ҷо коҳиш ёфтааст.

Кам шудани мавҷи пули муҳоҷирон аз Русия бар замми коҳиши қурби рубли русӣ ба ҷайби хонаводаҳои тоҷик зарба зад. Бино бар арзёбиҳои охир, даромади 83 дарсади оилаҳои тоҷик аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирашон аст. Аз ин рӯ, поин рафтани қурби рубли русӣ ва душвор шудани шароити кор дар Русия, тавоноии харидории мардумро коҳиш дод ва ба гуфтаи тоҷирон, савдо дар бозорҳои кишвар “тафс”-и як сол пешро надорад.

Айни ин вазъият, аллакай дар омори расмӣ низ бозтоб ёфтааст. Бино бар арқоми фаврии Оҷонсии омор, воридоти мол ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза то ба 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Кишвар дар ду моҳи аввали соли равон ба 466 миллион доллари амрикоӣ мол ворид кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 139 миллион доллар камтар аст. Камшавии воридот дар навбати худ боиси коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ шуд ва ин яке аз сабабҳои иҷро нашудани қисмати даромади будҷа дониста мешавад.

Зуҳуриддин Кенҷаев, роҳбари сарраёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, коҳиш ёфтани мизони воридот барои Тоҷикистон чандон тамоюли мусбат нест, чунки боҷҳои гумрукӣ бахши аъзами даромади буҷаи кишварро ташкил медиҳанд. Вай мегӯяд, “албатта, бо 22 дарсад коҳиш ёфтани воридот даромади буҷаи кишвар ҳам аз ҳисоби боҷи гумрукие, ки аз молҳои воридшаванда ситонида мешавад, коҳиш меёбад“.

Иҷро нашудани қисми даромади будҷаи давлат барои Тоҷикистон ҳадди ақал дар панҷ соли охир ва ҳатто бӯҳрони молиявии соли 2008 собиқа надошт. Аз ин рӯ, суоли матраҳ ин аст, ки буд нашудани нақшаи даромади буҷа барои кишвар чӣ паёмад дошта метавонад? Оё ин метавонад сабаби таъхир дар пардохти музди муаллимон, духтурҳо ва дигар кормандони буҷавӣ шавад?

Баҳром Шарифов, доктори улуми иқтисодӣ ва таҳлилгари умури молиявӣ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Қисмати хароҷоти будҷаи давлат ду намуд дорад. Ҳаст бандҳои хароҷоте, ки ҳимояшуда ҳастанд, мисли соҳаи маориф, тандурустӣ ва пардохти нафақаву кӯмакҳои иҷтимоӣ. Бино бар ин, дар ҳама гуна ҳолат ин бандҳои хароҷоти будҷа тағйир дода намешаванд”.

Ҷаноби Шарифов афзуд, ба ҷуз аз пардохтҳои ҳатмӣ буҷа харҷҳое низ дорад, ки дар сурати коҳиши даромад кам карда мешаванд ва ё иҷрои он ба таъхир андохта мешавад. Ба гуфтаи ин иқтисодшинос, маъмулан дар ҳолати кам шудани даромади будҷа, иҷрои ягон барномаи рушди иқтисодӣ ва ё лоиҳаи инвеститсионӣ барои чанд муддат мавқуф гузошта мешавад.

Зимнан дар барномаи зиддибӯҳронии қабулкардаи ҳукумати Тоҷикистон, ки аз 41 банд иборат аст, гуфта мешавад, ки дар сурати коҳиш ёфтани даромади буҷаи давлат вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ вазифадоранд пешниҳодҳои худро барои коҳиш додани хароҷот ба ҳукумат ирсол кунанд.

Тоҷикистон барои соли 2015 қонуни буҷаеро қабул кардааст, ки қисмати даромадаш дар сатҳи 15,3 миллиард сомонӣ, ҳудуди 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар пасманзари коҳиш ёфтани пули интиқолдиҳандаи муҳоҷирони кории тоҷик, аксари иқтисоддонҳо бар инанд, ки ба эҳтимоли зиёд буҷаи Тоҷикистон дар соли равон ин миқдор даромад нахоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG