Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензин дар Тоҷикистон: Арзонтар аз дунё, гаронтар аз ҳамсояҳо


Нархи бензин дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ амалан аз ҳама гарон будааст, вале боз ҳам аз нархи миёнаи бензини дунё арзонтар аст.

Сомонаи globalpetrolprices.com, ки нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои кишварҳои дунёро рӯзбарӯз пайгирӣ мекунад, нархи бензинро дар Тоҷикистон 89 сенти амрикоӣ баровард карда, ин кишварро аз нигоҳи нархи бензин дар байни 188 кишвар дар ҷои 59-ум гузоштааст.

Ин назар ба 1 доллару 5 сент нархи миёнаи бензин дар саросари ҷаҳон 16 сент, ё тақрибан 1 сомониву 10 дирам пойинтар аст, вале аз арзонтарин нархи бензини ҷаҳон, ки дар Венесуэла мушоҳида шудааст, қариб 45 маротиба - гаронтар.

Ҳамин тавр, бино ба ин манбаъ, нархи бензин дар Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба ҷуз аз Узбакистон гаронтар будааст, вале он ҳам танҳо аз лиҳози қурби расмии сӯми узбакӣ дар муқобили доллар. Як литр бензин дар ин кишвар, ба ҳисоби миёна, 93 сент нарх доштааст, яъне 4 сент гаронтар аз нархи бензин дар Тоҷикистон.

Вале globalpetrolprices.com нархи бензинро дар ҳар кишвар тибқи қурби расмии пули он кишвар ҳисоб мекунад. Қурби расмии сӯми узбакӣ (1 доллар = 2677 сӯм) аз қурби бозор (5800 сӯм барои як доллар) беш аз 2 маротиба фарқ мекунад ва аз ин нигоҳ, нархи як литр бензин дар Узбакистон, ки то 3000 сӯм аст, амалан на 93 сент, балки тақрибан 52 сентро ташкил медиҳад. Яъне боз ҳам хеле арзонтар аз қимати бензин дар Тоҷикистон.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бино ба охирин омори сомонаи globalpetrolprices.com, ки вазъи нархи бозор дар рӯзи 26 октябрро мунъакис мекунад, арзонтарин нархи бензин дар Туркманистон будааст. Як литри ин навъи маводи сӯхт дар ин кишвари саршор аз манобеи нафту гази ин минтақа 28 сент, яъне баробари ҳудуди 2 сомонӣ баровард мешавад. Қазоқистон, яке дигар аз кишварҳои нафтхези Осиёи Марказӣ бо 50 сент, ё ҳудудан севуним сомонӣ нархи миёнаи як литр бензинаш дар ҷои дуюм меояд.

Дар Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон конҳои бузурги нафт надорад ва маҳсулоти нафтиро асосан аз хориҷ ворид мекунад, боз ҳам 1 литр бензин ҳамагӣ 65 сент қимат доштааст. Яъне 24 сент, ё якуним сомонӣ арзонтар аз Тоҷикистон.

Бино ба мушоҳидаи хабарнигорони Озодӣ, ҳоло дар Душанбе як литр бензини навъи АИ-95 бо нархи аз 6 сомонию 40 дирам то 6 сомонию 70 дирам фурӯхта мешавад. Як литр бензини навъи АИ-92 дар сӯхтфурӯшиҳои пойтахти Тоҷикистон феълан аз 6 сомонию 20 дирам то 6 сомонию 40 дирам қимат дорад.

Бо ин ҳол, як намояндаи бахши умдафурӯшии ширкати русии “Газпромнефт-Тоҷикистон” – яке аз таъминкунандаҳои асосии бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон - рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат як литр бензини навъи АИ-92-ро ба нуқтаҳои фурӯши сӯхт бо қимати 5 сомонию 50 дирам ва як литр бензини навъи АИ-95-ро бо нархи 5 сомонию 80 дирам месупорад ва дигар ба инсофи соҳибони ин нуқтаҳо вобаста аст, ки рӯи ин нарх боз чӣ қадар ҳаққи худро илова мекунанд.

Тоҷикистон захираҳои кофии нафт надорад ва то 90 дарсади маҳсулоти нафтии мавриди ниёзаш, бо шумули бензину керосин ва соляркаро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад. Дар соли 2010 Русия – таъминкунандаи асосии бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон – рӯи содироти бензину соляркааш ба ин кишвар боҷи гумрукӣ ворид кард, ки аз 300 то 400 доллар барои ҳар тоннаро ташкил мекард. Ин иқдом боиси ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон шуд.

Аммо дар соли 2013 байни Душанбеву Маскав созишномае ба имзо расид, ки содироти бидуни боҷи то 1 миллион тонна маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистонро иҷозат медиҳад. Баъди ин нархи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон як андоза пойин омад.

Бино ба охирин омори нашркардаи globalpetrolprices.com, ки нархи бензинро дар рӯзи 26 октябр инъикос мекунад, бензини аз ҳама арзонтарин дар Венесуэла, кишвари нафтхезе дар қораи Амрикои ҷанубист ва ҳамагӣ 2 сенти амрикоӣ, ё тақрибан 13 дирамро ташкил медиҳад. Бензин, ҳамин тавр, дар Либия 14 сент, дар Арабистони Саудӣ, яке аз бузургтарин тавлидкунандаҳои нафти дунё, 16 сент ва дар Кувайту Алҷазоир, ду кишвари дигари нафтхези арабӣ, 21 сент будааст.

Дар айни замон, гаронтарин қимати бензин - 1 доллару 86 сент, ё тақрибан 13 сомонӣ барои 1 литр - дар Ҳонгконг мушоҳида шудааст. Бино ба омори сомонаи globalpetrolprices.com, 1 литр бензин дар ҷазираҳои Бермуд 1 доллару 75 сент, дар Ҳолланд 1,72 доллар, дар Норвегия 1,71 доллар ва Ҷибутӣ 1 доллару 68 сент нарх доштааст.

XS
SM
MD
LG