Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Умаров: “Мурватро сахт битобем, як рӯз мешиканад”


Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Бархе аз иқтисоддонҳо ва вакилони парлумон якбора то 19 дарсад афзудани ҳаҷми буҷаи давлатии соли ояндаи Тоҷикистонро дар шароити бӯҳрони молиявӣ дардисарсоз мехонанд.

Маҷлиси Намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр тарҳи қонуни буҷаи соли 2016-ро тасвиб кард, ки ҳаҷмаш ба 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ баробар буда, дар муқоиса ба буҷаи соли гузашта 3 миллиард сомонӣ зиёдтар аст. Баҳси вакилон сари тарҳи қонуни буҷа то нисфирӯзи чоршанбе идома кард, аммо ҳангоми ба овоз мондани ин тарҳ, ки оё қабул кунем, ё накунем, аз 63 вакили ҳозир дар Маҷлиси Намояндагон касе бар муқобили он раъй надод.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони шинохтаи тоҷик, рӯзи 18 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба иҷро шудани буҷаи соли оянда хеле шубҳа дорад, чунки, мегӯяд ӯ, "қисмати даромади онро якбора 3 миллиард сомонӣ бештар кардаанд, ки ба сатҳи рушди иқтисоди мо мувофиқ нест. Ҳоло кормандони идораи андоз шабу рӯз барои иҷрои “план” кор мекунанд. Лекин ҳарчанд мурватро сахт тофтан гирем, ягон рӯз шикастанаш мумкин аст."

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода - раҳбари Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон, ҳангоми баҳси ин тарҳ ва чанд лаҳза пеш аз қабули он дар парлумон гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи ногувори кишварҳои шарики Тоҷикистон иҷрои буҷа дар соли оянда душвор хоҳад буд.

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, дар назди вакилони парлумон гуфт, онҳо ба иҷрои буҷаи соли оянда бовар доранд ва ин тарҳ пеш аз он ки ба Маҷлиси Намояндагон бирасад, дар ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ баррасӣ шудааст. Ӯ гуфт, “нақшаи буҷа барои соли оянда бо назардошти паёмадҳои манфии буҳрони молӣ таҳия шудааст ва мақомот аз иҷрои бандҳои он хоҳанд баромад.”

Дар тасдиқи гуфтаҳои хеш Қурбониён афзуд, имсол даромади буҷа маҳз аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ иҷро нашуд ва дар тарҳи буҷаи соли оянда ин нукта ба инобат гирифта шуда ва ҳиссаи пардохтҳои гумрукӣ дар буҷаи соли оянда кам карда шудааст.

Буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон ба 3 миллиард доллар мерасад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Вале бо ин ҳол, ӯ гуфт, мушкили молиявӣ дар кишвар боқӣ мемонад ва ин масъала имкон намедиҳад, то маош ва нафақаи сокинони кишвар боло бурда шавад. "Имсол ниҳоят соли мушкили молиявӣ дар назар дошта шудааст. Агар имконияти молиявии давлат шавад, танҳо он вақт маошу нафақа боло хоҳад рафт," - афзуд ӯ.

Абдусалом Қурбониён
Абдусалом Қурбониён

Ба қавли вазири молияи Тоҷикистон, буҷаи соли оянда низ "хусусияти иҷтимоӣ" дошта, дар соли 2016 барои таъмини бахшҳои иҷтимоии кишвар 8,3 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Тарҳи буҷаи соли оянда дар ҳоле баррасӣ ва қабул шуд, ки ба қавли мақомоти тоҷик иҷрои буҷаи соли равон дучори мушкил шудааст. Ба гуфтаи онҳо, то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба буҷа ҳамагӣ 10 миллиарду 800 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 391 миллион сомонӣ, ҳудуди 60 миллион доллар, камтар аст.

Таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон дар пайи дучори рукуд шудани иқтисоди Русия ва уфти бесобиқа қурби рубл расид. Бо ворид шудани иқтисоди Русия ба марҳалаи рукуд, бисёре аз муҳоҷирон ҷои кори худро аз даст доданд ва қисми дигар аз ҳаққи вуруд маҳруманд, ки дар натиҷа ҳаҷми интиқолҳои пулии муҳоҷирон ба ватан то 32 дарсад коҳиш ёфт.

Коҳиши даромади хонаводаҳо ба “сард шудани” савдо дар бозорҳо мунҷар шуд ва ҳамин тариқ таъсири ин буҳрон то болотарин сатҳ ба буҷаи кишвар расид. Кишвар дар нимсолаи аввали соли равон ба беш аз 2 миллиард доллар мол ворид кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 562 миллион доллар камтар аст. Камшавии воридот дар навбати худ боис ба коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ шуд ва ин яке аз сабабҳои иҷро нашудани қисмати даромади буҷа дониста мешавад.

Дар пайи ин, Вазорати молия саромоягузории иншооти давлатии сохтмонаш шурӯъношударо мавқуф гузошта, аз ҳисоби буҷа харидорӣ намудани мошинҳои хидматӣ барои мансабдорон, мебел ва дигар таҷҳизоти гаронбаҳоро манъ кардааст.

Бино ба иттилои мақомоти Вазорати молия, Тоҷикистон ҳоло аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ба ҳавзаи кишварҳои вазъи молиявиашон миёна ворид шуда ва аз ин ба баъд ба кишвар дигар грант намедиҳанд. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 18 ноябр дар парлумон гуфт, ки ба ин хотир давлат ният дорад, дар соли оянда 216 миллион доллар, соли 2017 271 миллион доллар ва соли 2018 104 миллион аз хориҷ қарз дарёфт кунад. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, ин қарз имтиёзнок буда аз 15 то 40 сол ба Тоҷикистон дода мешавад ва фоизи ин қарзҳо аз 0,15 то 2 дарсади солона аст. Қарзи берунаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG