Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳайат аз идораи Роҳи оҳан барои музокира дар масъалаи ҳаракати қатораҳои боркаши Тоҷикистон ва пайдо намудани роҳи ҳал барои дубора фаъол кардани роҳи “Амузанг-Қӯрғонтеппа”, ба Тошканд рафтааст.

Дафтари матбуоти Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 30 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳайати намояндагони ин ниҳод иборат аз сардорони хадамотҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Тошканд қарор доранд ва масъалаҳои марбут ба ҳаракати қатораҳо дар роҳи оҳани ду кишварро баррасӣ мекунанд.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, яке аз масъалаҳои асосие, ки бояд мавриди баррасӣ қарор бигирад, мавзӯи дубора фаъоли кардани роҳи оҳани “Қурғонтеппа – Ғалаба−Амузанг” мебошад. Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ки ин роҳи ҳаётӣ ҳарчӣ зудтар барқарор карда шавад. Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, баъди ду рӯз ин ҳайат бармегардад ва аз натиҷаҳои ин гуфтушунид ба матбуот маълумот ироа хоҳанд кард.

Қурбон Саидов, роҳбари раёсати нақлиёти рӯизаминӣ рӯзи 30 октябр дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон баъзе аломатҳои нармиш мушоҳида мешавад. Вай афзуд:

“Дар як масъала аллакай ҷониби Узбекистон ба мо гузашт кард. Кишвари ҳамсоя аз имрӯз, 30−уми октябр тарифҳои иловагиро барои ҳамлу нақли қатораҳо тариқи роҳи оҳани ин кишвар аз байн бардошт. Ин тарифҳо 1,83 коифитсент буданд. Яъне, агар нархномаи боркашонӣ ҳазор сомонӣ бошад ба 1,83 зарб мешуд, ҳамакнун ин тариф то 31−уми декабр аз байн бардошта шуд ва албатта нархи боркашонӣ тариқи роҳи оҳан арзон хоҳад шуд.”

Ҷаноби Саидов афзуд, ҳайати Тоҷикистон ҳоло дар Тошканд дар масъалаи дубора барқарор кардани қитъаи роҳи оҳани Амузанг−Хатлонро музокираро идома медиҳад ва мо умедворем, ки дар ин масъала ҳам пешрафт ҳосил хоҳад шуд.

Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июни соли равон тариқи ҳайати Ҳукуматии фиристодааш аз Тошканд хоста буд, ин қитъаи роҳро дубора барқарор кунад. Ҷониби Узбакистон аз Тоҷикистон хоста буд, зарурати барқарор кардани ин қитъаи роҳро собит кунад. Масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон зарурати дубора барқарор сохтани ин роҳро собит карда ба ҳамтоёни худ фиристоданд ва ҳамакнун умедворанд Тошканд барои аз сар гирифтани равуои қатораҳо тариқи ин масир “ок” хоҳад гуфт.

Қурбон Саидов дар ин робита гуфт: “Нархномаҳои боркашонӣ дар тамоми қаламрави кишварҳои ИДМ ягона аст. Танҳо ҷониби Узбакистон бар замми ин нархномаҳо коифитсентҳои иловагӣ таъин карда буд. Аммо ҳоло хушбахтона ин аз байн бардошта шуд ва ин оғози кор аст.”

Зимнан, Тоҷикистон ҳам барои нармиши муносибатҳо ба ҷониби Узбакистон имтиёзҳое қоил шудааст. Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ пешниҳод кардааст, ки омода аст, нархномаи убуру мурури қатораҳои Узбакистонро тариқи қаламрави хеш то 50 фисад поин бубарад.

Узбакистон қитъаи роҳи оҳани “Қурғонтеппа−Амузанг”− ягона роҳи оҳане, ки вилояти Хатлонро бо марказ ва хориҷи кишвар мепайваст соли 2011 бо баҳонаи “таркиш” дар як пул баст ва баъдан ин қитъаи роҳро комилан тахриб кард.

Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст. Зиёни пурраи ба Тоҷикистон расида аз тахриби ин роҳ ҳисоб нашудааст, аммо бино бар арзёбии иқтисоддонҳо, зарари кишвар аз масдуд шудани ин роҳ ба миллионҳо доллар расид ва ба рушди вилояти Хатлон халал ворид кард

Содироти пахта ба хориҷи кишвар ва воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва муҳимтар аз он, маводи ғизоӣ ба қаламрави вилояти Хатлон маҳз тавассути ин қитъаи роҳи оҳан сурат мегирифт ва ҳоло истифода аз роҳҳои дигари ҳамлу нақл даҳҳо ҳазор доллар хароҷоти изофиро дар бар мегирад.

Пас аз қатъ шудани равуои қатраҳо тариқи Амузанг–Хатлон, Тоҷикистон сохтмон ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷанубу марказ -- роҳи оҳани Душанбе−Қӯрғонтеппаро бо 60 миллион доллар қарзи Эксимбонки Чин шурӯъ кард ва қарор аст, он моҳи сентябри соли 2016 анҷом ёбад.

Ин ҳама монеагузориҳои Узбакистон ҷиҳати интиқоли молу коло ба Тоҷикистон дар пасманзари азми қавиаш барои сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун сурат гирифт. Ба таъкиди коршиносон, ин ҳама фишорҳои Тошканд болои Душанбе маҳз барои боздоштани Тоҷикистон аз азмаш ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи Роғун сурат гирифтанд.

Пас аз мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ислом Каримов, президенти Узбакистон дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар сентябри соли 2014 дар Душанбе, бархе аз таҳлилгарон аз нармиш дар муносиботу Душанбеву −Тошканд ҳарф заданд.

Ҳатто расонаҳои маҳаллӣ аз эҳтимоли барқарор шудани парвозҳо дар масири Душанбе - Тошканд ва содда шудани режими раводид гузоришҳо доданд. Аммо бо гузашти вақт, на парвозҳо аз сар гирифта шуд на режими раводид содда ва бархе аз таҳилгарон ин ҳайёҳуи расонаҳои Узбакистонро як компанияи пеш аз интихоботии Каримов хонданд ва яхи муносиботи Душанбеву Тошканд ҳамоно обношуда боқӣ монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG