Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони Иттиҳодияи мухолифони пешини тоҷик дар Рашт мегӯяд, мардуми ин минтақа аз "Гурӯҳи 24" пуштибонӣ намекунанд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони саршиноси мухолифони пешини тоҷик дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди баргузории гирдиҳамоии ҷонибдоророни Гурӯҳи 24 гуфт, ки ин гурӯҳ дар минтақаи Рашт пуштибон надорад. Дар гуфтугӯ бо "Озодӣ", Мирзохӯҷа Аҳмадов ибтидо дар бораи ҳузури худ дар намози ҷумъаи масҷиди маркази шаҳраки Ғарм дар рӯзи 10 октябр ва суханронии худ дар назди намозгузорон гуфт:

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Як чиз моро водор кард, то дирӯз дар масҷиди марказии Ғарм бо мардум ҳамсӯҳбат шавем. Ман худам нафақахӯр ҳастам, лекин чизе, ки моро водор кард, ҳамин вазъият дар минтақаи Қаротегин, хусусан дар ноҳияи Рашт буд. Гуфтем, бояд бетараф наистода бошем ва равем, фаҳмем, чи гуфтугузор ҳаст ва чаро мардум безобита аст. Хатиби ноҳия моро дастгирӣ кард ва сухан дод. Барои як масъала ҳаст. Гуфта мешавад, як гурӯҳ пайдо шудааст, Гурӯҳи 24 ном доштааст. Ҳамин Гурӯҳи 24 худаш марказаш дар Маскав будай ё дар Франсия будай ё дар куҷо будай, номаълум. Аз ҳамон ҷо мардумро бо овозаҳои дурӯғ безобита кардааст, ки гӯё дар минтақаи Рашт, махсусан дар маркази ноҳияи Ғарм митинг мешавад. Мо аз мардум пурсон кардем, гуфтанд, ки ин танҳо овоза ҳаст, ягон гуфтугузор нест. Мо баъд аз ин, ки ин овозаҳоро шунидем, чанд рӯз кофтем, ин овозаҳо аз куҷо сарчашма мегиранд. Вале шукри Худо дар ҳеҷ куҷо митинг нашуд. Ин Гурӯҳи 24 дар нисбати мардуми Раштонзамин як хиёнат карданд. Ҳамин овоза пайдо шуду як халта орд аз 140 сомонӣ 170 сомонӣ шуд. Қимати маводи хӯрока 4-5 маротиба зиёд шуд. Ҳамин қадар бадбахтиҳо ба сари мардуми мо омада бас набуд, ки ҳоло ин овозаро паҳн кардаанд? Ман шахсан дар назди мардум баромад кардам, ки мо мардуми Раштонзамин ҳамин Гурӯҳи 24-ро надидаем ва намедонемаш ҳам. Онҳо ба гуфтаи худашон аз ҳисоби дини ислом баромад мекунанд. Аммо мо пурсон кардем, ягонтои онҳо ба ислом ва мусалмонӣ ягон дахолате надоранд. Аз ислому мусалмонӣ ягон заррае бӯ набурдаанд.

Баъд аз он, ки мо бо мардум суҳбат кардем, мардум гуфтанд, ки мо аз онҳо безорем ва ягон гуфтугузори онҳоро дастгирӣ намекунем. Илтимос, аз номи мо дар тамоми расонаҳо нашр кунед. Шахсан манро таклиф карданд, ки аз номи тамоми мардуми Рашт баромад кунем, ки мо аз ин мардум безорем ва ягон кору бори онҳоро дастгирӣ намекунем ва сиёсати давлат ва ҳукумати ҳозираро дастгирӣ мекунем. Ман шахсан худам ҳамчун нафақахӯр ва ҳамчун собиқ қумандони минтақаи Рашт на онҳоро тарафдорӣ мекунам ва на дастгирӣ менамоям. Як худи ман не, балки нафароне, ки моро дар минтақа дастгирӣ мекунанд ва ба гуфтаҳоямон гӯш мекунанд. Дар минтақаи Рашт агар гурӯҳе пайдо шавад, дар ин ҷо ҷавонмардоне ҳастанд, ки ҳамон одамони нохондаро саркӯб мекунанд ва аз ин минтақа онҳоро меронанд. Агар кадом гурӯҳе, ки бошад, агар ба хубӣ шуд, ки шуд, агар нашуд ба зӯрӣ ин корро мекунем. Ҳоло минтақаи Рашт ҷавонмардоне дорад, ки мардумро раҳбарӣ кунад ва ин минтақаро нигаҳ дорад. Худоро шукр дар давлат депутатҳои хуб дорем, коркунҳои хуб дорем. Баъд ҷавонмардҳое дорем, ба монанди генерал Шоҳ Искандаров, Маҳмадзоҳир Нариков, ки ҳаматарафа мардумро раҳбарӣ мекунанд.

Озодӣ: Чанд рӯз қабл хабарҳо дар мавриди нишасти фармондеҳони собиқ нашр шуд, ки "Гурӯҳи 24"-ро маҳкум карданд ва аз Шумо ҳам ном бурда шуда буд. Оё воқеан дар ин нишаст ширкат доштед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Шахсан манро таклиф карда буданд, дар ноҳияи Рашт будам, рафта натавонистам, лекин вогузор кардем, ки аз номи мо ҳам гап зананд, ки мо ба ин маслиҳат розӣ ҳастем. Ман худам дар минтақаи Рашт будам, рафта натавонистам, вале гуфтам, ҳамон тавр ки шумо маслиҳат мекунем, мо ба ҳамон маслиҳати шумо розӣ ҳастем.

Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро ин мухолифон мехоҳанд даст ба гирдиҳамоиҳо бизананд ва эътироз бикунанд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Ин худаш маълум аст. Касе ба кори ношоистае даст мезанад, маълум аст, ки даъвои вазифа дорад. Лекин одаме, ки вазифагир аст ва ба сари қудрат омадан мехоҳад, бояд дар байни мардум бошад. Ҳамон тавр, ки дар Қонуни асосӣ аст, бояд биоянд дар байни мардум бошанд, худро нишон бидиҳанд. Дар шароити ҳозира Ҷаноби Олӣ (манзур Эмомалӣ Раҳмон --РО) ҳастанд, беҳтарин нафаре, ки дар Тоҷикистон ҳастай, сарвари мо ҳастанд ва ҳозирашда ай инда одама хубу хубтараша надидем, ки биояд. Интихоботи президентӣ шуд, ҳамин мардакҳое, ки даъвогар буданд, дар куҷо буданд, ки биоянд, номзадиашонро бимонанд. Чӣ даркор ҳамин? Ҳоло дар пеш интихоботи парлумонӣ ҳаст, биоянд, агар дар байни мардум обрӯ дошта бошанд, депутат интихобашон мекунанд. Депутат ки шуд, худашро нишон диҳад.

Озодӣ: Вақтҳои охир овозаҳое ба гӯш мерасад, ки баъзе гурӯҳҳои хурди вобаста ба созмони "Ансоруллоҳ" бо раҳбарии Мулло Амриддин Табаров дар минтақаи Рашт вуҷуд дорад. Оё дар мавриди онҳо хабаре доред?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Мо ҳамин ҷо ҳастем ва касеро надидем. Албатта мо ҳам шунидем, вале ягон касро надидем. Мо минтақа, аз ҷумла ҳама дараҳоро хуб медонем, лекин дар шароити ҳозира касе нест.

Озодӣ: Дар шароити ҳозира кадом минтақаҳои Тоҷикистон метавонанд осебпазир бошанд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Дар шароити ҳозира намебинем ягон минтақа норозигӣ аз давлат ва ҳукумат дошта бошад ва гурӯҳе ташкил кунад. Мардуми тоҷик бояд талош кунанд, ки дигар гурӯҳу гурӯҳбозӣ накунанд. Соли гузашта пас аз нофаҳмӣ бо бародарони қирғиз, мо ду моҳ дар Исфара будем. Ҳамин давлатҳои дигар кофӣ нестанд моро фишор меоваранд, ки мо боз дар дохили худамон гурӯҳу гурӯҳбозӣ кунем. Дар шароити ҳозира мо бояд барои миллат фикр кунем, на барои минтақа ва гурӯҳе. Ман аз мардуми тоҷик даъват мекунам, ки гурӯҳу гурӯҳбозиро бас кунанд, ки миллати мо аз байн наравад. Дар шароити ҳозира мо бояд фикр миллату давлати худ бикунем, то дигар кишварҳо дар ҳаққи мо коре накунанд.

Озодӣ: Чанд муддат сармушовири баталиони зудамали кӯҳнавардии вазорати дифоъ будем. Дар бораи фаоълияти худ дар ин мақом чанд ҳарф мегуфтед.

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Як сол дар вазорати дифоъ кор кардем, чанд гурӯҳро кӯҳ ба кӯҳ аз Ғарм то худи шаҳри Душанберо бурдем. Наздик ба даҳ гурӯҳро бурдем. Баъди як сол шартномаи мо тамом шуд ва моро ҷавоб доданд.

Озодӣ: Ҳоло ки бознишаст шудаем, ба чӣ корҳо машғулед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Ризқ аз ҷониби Худованди мутаол аст. Нафақахӯр ҳам бошем, ба боғдорӣ ва картошкапарварӣ сару кор дорем. Ҳамроҳи фарзандонам ҳамин ҷо ҳастам, касе дасти кӯмак пурсад, кӯмакаш мекунем. Агар барои мардуми тоҷик, барои раҳбарон даркор шавад, моро мефармоянд ба Исфара ё Регар ё ҷои дигар равед, мо ҳама вақт дар хизмат ҳастем. Ягон вақт саркашӣ намекунем, то вақте ҷон дар бадан дорем.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG