Пайвандҳои дастрасӣ

Президент - "меҳмон"-и Мирзохӯҷа Аҳмадов


Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мирзохӯҷа Аҳмадов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Рашт аз фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов аёдат кардааст.

Сухангӯи президент ба Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дар Рашт шинос шуд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳур ба Радиои Озодӣ гуфт, хочагии деҳқонии ба номи оилаи Аҳмадовҳоро фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекунад ва вақте раисҷумҳур ҳозир шуд ӯ бо аъзои хоҷагиаш саргарми картошкаҷамъоварӣ буд. Ҷаноби Шарифзода афзуд, "президент бо ӯ саломуалейк карда, аз рафти корҳои хоҷагӣ ва натиҷаҳояш пурсид ва ба даъвати Аҳмадов сари як пиёла чой посух дод, ки агар барои мактаб – интернати Рашт ду тонна кортошка фиристад, ҳисоб кун, ки мо чоятро нӯшидем. Ва бори дуюм вақте Мирзохӯҷа Аҳмадов раисҷумҳурро самимона барои як пиёла чой даъват кард, президент дастур дод, ки қабул, ман меоям, агар ташаббус карда, ягон мактаб, роҳ созӣ ва ё аз ятимон хабар гирӣ."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар замини хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дар рустои Белгӣ сари роҳи сафараш ба Ҳойит таваққуф кардааст. Ба гуфтаи Абдуфаттоҳ Шарифзода, раисҷумҳур дар Ҳойит бинои нави ҷамоат ва милисаро ифтитоҳ кард, ки бо маблағи 1 миллиону 970 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз ду ошёна, толори маҷлис ва 16 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Ҷамоати Ҳоит 12 000 аҳолӣ дорад.

Қаблан наздикони Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфта буданд, ки ин фармондеҳи собиқи мухолифин чанд рӯзи ахир барои пазироии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар манзилаш омодагӣ медид, аммо раисҷумҳур бо ӯ дар мактаб-интернати ноҳия мулоқот кард. Ба қавли яке аз онҳо, қарор буд, Эмомалӣ Раҳмон барои ошноӣ бо хоҷагии деҳқонии Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки умдатан бо парвариши картошка машғул аст, меҳмони фармондеҳи собиқ шавад, аммо раисҷумҳур ба далели камбуди вақт ӯро ба мактаб-интернат хост ва аз ӯ даъват кард, ки барои ин мактаб-интернат ду тонна картошка диҳад. Ин манбаъ мегӯяд, писари Мирзохӯҷа Аҳмадов дар масоҳати 3 гектар замин картошка кишт карда, ҳосили дар минтақа беҳтаринро гирифтааст.


Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Рашт ду рӯз идома мекунад. Ба ҷуз ифтитоҳи хобгоҳи мактаб – интернат, ки бо сармоягузории «Тоҷиксодиротбонк» сохта шудааст, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи раёсати бинои нави шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт иштирок кард ва бо шароити қисми низомии Гвардияи Тоҷикистон дар шаҳраки Навобод ошно шуд.

Наздикони Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯянд, фармондеҳи собиқ ҳоло Эмомалӣ Раҳмонро дар сафараш ба дараи Ҳойит ҳамроҳӣ мекунад.Моҳе пеш хабарҳое дар бораи интисоби ин фармондеҳи собиқ ба мақоми мушовири як воҳиди кӯҳгарди нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нашр шуда буд. Аммо худи Аҳмадов он замон бо изҳори бехабарӣ гуфта буд, ки пир шудааст ва дигар дар замини деҳқониаш ба киштукор машғул аст.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 25 сентябр сафараш ба навоҳии водии Рашт аз ноҳияи Рашт шурӯъ кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сурат мегирад, ки дар ҷараёни ин боздид бо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ин минтақа ошно хоҳад шуд." Интизор меравад, раисиҷумҳур ҳамчунин аз ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикободу Ҷиргатол ва Тавилдара дидан кунад. Ҳамчунин қарор аст, бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ноҳияҳо чанд бино ифтитоҳ ва як нишасти фаъолони водии Рашт баргузор шавад.

Сафари охирини Эмломалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт 2 сол пеш сурат гирифта буд. Он сафар як рӯз идома кард ва дар дар пайи нооромиҳое буд, ки шарқи Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2010 рӯбарӯ шуд.

Мақомоти амниятиву низомии Тоҷикистон тайи қариб 8 моҳ дар водии Рашт саргарми амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ буданд, ки бо кушта шудани Алии Бедакӣ дар моҳи январи соли 2011 ва қатли Мулло Абдуллоҳ дар моҳи апрели ҳамон сол хотима ёфт.

Душанбе ба хотири рафъи хатари ин гурӯҳҳо маҷбур шуд, бо фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақа – Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов – вориди муомила шуда, ҳатто Искандаровро муовини раиси идораи умури дохилаи водии Рашт таъйин кард. Мирзохӯҷа Аҳмадов низ, бино ба хабарҳо, ахиран ба мақоми сармушовири баталони зудамал дар вазорати дифоъ таъин гардид.

Аммо сафари феълии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи Рашт, дар ҳоле сурат мегирад, ки шаби 1 ба 2 сентябр Нуриддин Темиров, маъруф ба Ҳоҷӣ Нуриддин, раиси кони ангишти "Назарайлоқ" тавассути афроди ношинос дар утоқи истироҳатиаш кушта шуд. То кунун мақомот омилони ин ҳамларо ошкор накардаанд. Ҳарчанд гурӯҳи бузурги тафтишотӣ дар маҳлли ҳодиса қарор дорад ва ба гуфтаи манобеъи огоҳ, хеле талош дошт, то ин ҷиноятро то сафари президент ба ин минтақа ошкор кунад.

Ба гуфтаи як манбаъи Озодӣ, дар иртикоби ин қазия ҳатто Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров низ бозпурсӣ шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG