Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии боз як узви Эътилоф


Қирғизбек Қонунов.
Қирғизбек Қонунов.

Шоми шанбеи 7-уми сентябр Қирғизбек Қонунов, узви эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандиро кормандони мақомоти амниятӣ бозпурсӣ кардаанд.

Дар ин бора худи Қирғизбек Қонунов дар саҳифаи худ дар сомонаи Фейсбук навиштааст. Ба навиштаи вай шоми 7-уми сентябр дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе хӯроки шом мехурдаанд ва кормандони мақомот вайро бо ҳамроҳонаш барои бозпурсӣ бурдаанд.

Вай навиштааст, «ростӣ, мо нафаҳмидем барои чӣ моро боздошт карданд. Мо бо ҳамкорон дар қаҳвахонаи «Лаззат» хӯроки шом мехурдем. Моро аз ҳамонҷо кормандони мақомот бурданд. Фақат дар бораи пасманзари боздошти худ, баёнот додем ва тамом."

Қирғизбеков дар саҳифаи худ навиштааст, ки кормандони мақомот бо онҳо муносибати хуб доштаанд. Баъд аз «сӯҳбат» дар кумитаи амният аз онҳо баёнот гирифта ҷавоб додаанд.

Даъват ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як расми қонунӣ шумурда мешавад, аммо афзоиши чунин мавридҳо дар баробари таҳаввулоти ахир дар кишвар ин андешаро ба вуҷуд овардааст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон шояд аз чизе сахт нигаронанд. Хусусан баъди таъсиси Эътилоф барои демократия ва ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон чанд узви онро барои бозпурсӣ ба мақомот даъват карданд.

Охирҳои моҳи май Рамзия Мирзобекова, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия – Плюс»-ро ба шӯъбаи амнияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъват карда буданд. Онвақт Мрзобекова гуфта буд, ӯро ҳушдор додаанд, ки баъзан дар фаъолияти рӯзноманигориаш ба иштибоҳҳое роҳ медиҳад, ки метавонанд ба амнияти миллӣ таъсир расонанд. Дар ин маврид аз ҷумла гузоришҳои ӯ дар бораи ҳаводиси Хоруғ ёдрас шудаанд.

Ҳамчунин дар идомаи суҳбат дар бораи узвияташ ба Эътилоф барои демократия ва ҷомиаи шаҳрвандӣ пурсидаанд аз ҷумла эҳтимоли истифода шуданаш аз сӯи неруҳои хориҷӣ.

Нафари дигари ба КДАМ даъватшуда Маҳмурод Одинаев, хабарнигори ҷамъиятии ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва низ яке аз 9 узви Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандист. Ӯ падари як маҳбусест, ки ба гуфтаи пайвандонаш, дар зиндони Хуҷанд мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Дар кумитаи амният аз Одинаев ҳам мақсад аз аъзо шуданаш ба эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пурсидаанд.
XS
SM
MD
LG