Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Зайд Саидов дар СИЗО доир мешавад


Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаро дар бинои боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон(КДАМ) баргузор мекунад.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 5 сентябр бо тасдиқи ин хабар аз он изҳори нигаронӣ кард, ки муҳокимаи парвандаи зерҳимояаш дар боздоштгоҳи мувақат ё СИЗО-и КДАМ баргузор мешавад.

Оқои Табаров гуфт, рӯзи гузашта мулоқоти вакилони дифоъ бо Зайд Саидов сурат гирифт ва ҳамзамон онҳо бори дигар парвандаро омӯхта барои мурофиаи додгоҳӣ омодагӣ дидаанд

Ин вакили дифоъ мегӯяд, дар ҷараёни мурофиа дар боздоштгоҳи мувақати КДАМ танҳо ҳайати додгоҳӣ ва вакилони дифоъ ҳаққи ширкатро хоҳанд дошт.

Вакилони дифои Зайд Саидов аз он изҳори таассуф кардаанд, ки ҷараёни мурофиа аз назари хабарнигорон дур мемонад ва ин маънои онро дорад, ки «мақомот ба ҳар навъе ки хоҳанд ҳукм содир мекунанд.»

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, вазири пешин ва соҳибкори муваффақи тоҷик соати 10-00 рӯзи 12 сентябр дар СИЗО - и Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ сурат хоҳад гирифт.

Ожонсии зидди фасод ва додситонии пойтахт ҷамъан 8 парвандаи ҷиноиеро, ки алайҳи Зайд Саидов боз карда буданд, дар поёни моҳи август барои таҳияи хулосаи ниҳоӣ ба додситонии кулл супурданд ва додситониии кулл баъди ҳамагӣ як ҳафтаи баррасӣ рӯзи 28 август ин парвандаҳоро бидуни ягон таҳрир ва бо задани мӯҳри махфӣ барои муҳокимаи ниҳоӣ ба ихтиёри Додгоҳи олӣ супурд.

Додгоҳи олӣ гуфтааст, ки мурофиаи Зайд Саидов рӯзи 12 сентябр таҳти раёсати додрас Шавкат Абулхайров пушти дарҳои баста шурӯъ хоҳад шуд. Ба вакилони Зайд Саидов гуфтаанд, азбаски дар парвандаҳои зидди ӯ исми чандин мансабдори аршади собиқу кунунӣ зикр шудааст, ба ин парванда мӯҳри махфӣ задаанд, ки ин баргузории мурофиаи озодро ғайримумкин мегардонад.

Зайд Саидов аз 19 май дар боздошт ба сар мебарад. Худи ӯ мегӯяд, парвандаҳояш ангезаҳои сирф сиёсӣ дошта, ба азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG