Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холиқов гуфт, намоз бояд тибқи Кодекси меҳнат адо шавад


Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, ки тибқи Кодекси меҳнат, коргарони корхонаву муассисаҳо намозро бояд берун аз вақти корӣ адо намоянд.

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов зимни суханронии хеш дар як ҳамоишидар пойтахти Тоҷикистон изҳор дошт, ки "тибқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон, дар вақти корӣ кор кунем ва берун аз он намози худро адо кунем."

Оқои Холиқов рӯзи панҷшанбеи 15-уми август дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба «Муносибати давлат ба дин дар ҷомеъа» изҳор дошт, ки дар вақти корӣ вазифаи кориро бояд иҷро кунем ва берун аз вақти корӣ дар ҷое, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, намози худро ба ҷо орем.

«Мо, албатта, мусалмонем ва намоз мегузорем, эътиқод дорем, лекин ба қонуни меҳнат арҷ гузорем, шумо бубинед, ҳатто дар «Хонаи худо» як гурӯҳ барои риояи тартибу низом росто меистанд ва дигарон намоз мегузоранд, вазифаи худро дуруст иҷро кардан ҳам ибодат аст», мегӯяд раиси Кумитаи дин.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
Линки мустақим


Ба қавли ҷаноби Холиқов, вақте духтур дар беморхона дар вақти ҷарроҳӣ беморро ба ҳоли худ гузошта намозгузорӣ меравад, бемор мефавтад ё сарҳадбон сарҳадро гузошта биёяду намоз гузорад, сарҳад бесоҳиб мемонад.

Вай афзуд, ки қонуни меҳнат амал мекунад ва онро ҷиддан ба инобат гирифта, берун аз вақти корӣ намоз гузошта шавад, чунки аз нигоҳи шаръӣ ҳам намоз хондан ҷой ва вақти худро дорад.

Дар ҳамин ҳол раиси собиқ Академияи исломии ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ, мегӯяд, ки иддаои Раиси кумитаи дин як навъ фишор болои мардуми мусалмони Тоҷикистон аст: «Мо дар сафарҳои хориҷӣ будем, ҳатто дар кишварҳои ғайри мусулмонӣ будем, дар онҷо барои кормандони мусалмони идораҳо шароит муҳаё карда шудааст, ки намози худро дар вақташ адо кунанд, охир ин Тоҷикистон кишвари мусалмонӣ ҳаст»-, мегуяд Зубайдулоҳи Розиқ.

Вай меафзояд, ки дар он кишварҳо дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан масҷидҳо доранд, ки намозгузор метавонад намозашро ба ҷо биёрад.

Зубайдуллоҳи Розиқ пешниҳод мекунад, ки масъалаи дар вақти корӣ намоз нагузоштан ва ё намоз гузориданро бояд Кумитаи дин дар машварат бо Шӯрои уламо ва дигар созмонҳои мазҳабии кишвар ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG