Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зани лӯлие дар ноҳияи Восеъ барои кӯмак дар гадоӣ ва талбандагӣ, 4 кӯдаки ҳамтабори худро ба «иҷора» гирифтааст.

Ин зан, ки худро Алқосбӣ Худойқулова муаррифӣ кард, гуфт, волидайни ин кӯдакон бо сабабҳои гуногун наметавонанд, ба талбандагӣ бароянд, аз ин рӯ, ӯ онҳоро «барои кӯмак кардан ва ҳам соҳиби як бурда нон шудан» ҳамроҳ гирифтааст.

Хонум Алқосбӣ кӯдаконро аз ноҳияи Восеъ ба шаҳри Кӯлоб овардааст ва мо бо ӯ дар назди бозори марказии Кӯлоб вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, ҳар як кӯдаки лӯлие, ки ҳамроҳи ӯ меояд, дар як рӯз аз 20 то 30 сомонӣ маблағ ҷамъ меоварад. Ҳамзамон Алқосбӣ ба ин кӯдакон сабақи талбандагӣ медиҳад. Дар посух волидайни кӯдакон ба ӯ аз 3 то 5 сомонӣ мабалағ медиҳанд:


«Дар ҳамсоягарӣ ҳамин хел аст. Рӯзе мешавад, ки ман наметавонам ва ҳамсояаам, ки ба гашт меравад, кӯдакамро ба ӯ медиҳем. Кӯдакро фиреб намекунем. Чанд пуле, ки кор кард, оварда ба падару модараш медиҳем, ӯ инсофан ба мо чанд пуле, ки диҳад. Хай, рӯзи дароз кӯдакро мегардонем, лекин бачам, Худо ҳар каса худаш диҳад.»

«Ҳамроҳгаштак» ё иҷораи кӯдак

Аммо як лӯлизани дигар бо номи Савригул мегӯяд, ин анъанаро, ки кӯдаки лӯлиёни бемор ё барҷмондаро мисле ба иҷора мегиранд, онҳо «ҳамроҳгаштак» меноманд ва аз даҳ сомонии фоидаи кӯдак 3 сомонаш ҳаққи нафарест, ки кӯдак таҳти назорати ӯ талбандагӣ кардааст. Савригул мегӯяд, аслан, ин корро занҳои калонсоле, ки фарзанди хурдсол надоранд, анҷом медиҳанд: «Мешавад, ки танҳо биоӣ, аммо одат шудааст, ки бо кӯдак бигардӣ. Як одат аст, ки онҳо занҳои танҳо ҳастанд ва фарзанди хурдсол надоранд, аз ин рӯ, бо фарзандони дигар гашт мебароянд. Ин касб аст, намешавад, ки онро накунӣ. Шукри Худо зиндагӣ хуб аст, лекин ин одат аст.»

Насиба, духтарчаи 8-солаи лӯлӣ, ки зери назари Алқосбӣ талбандагӣ мекунад, мегӯяд, модари ӯ, таваллуд кардааст ва то се моҳи дигар ба талбандагӣ баромада наметавонад: «Модарам гуфт, ки бо холаат ҳамроҳ равед ва аз гапи ӯ берун набароед. Худаш кӯдаки майда дорад ва то калон шудани ӯ мо бо ин холаам меоям. Ӯ моро ба Кӯлоб меорад ва боз бегоҳ ба хона мебарад.»

«Мактаб нони лӯлиро нимто мекунад»

Бахтулло Мирзоев, директори ягона мактаби лӯлиён дар ноҳияи Восеъ мегӯяд, лӯлиён ба он хотир кӯдаконро ба талабандагӣ ҷалб мекунанд, ки сокинони дигар ба кӯдак раҳму шафқат зоҳир карда, маблағи бештар медиҳанд. Мирзоев мегӯяд, наздики даҳ сол боз талош доранд, то кӯдакони лӯлиро ба таълим фаро бигиранд, аммо ин имкон ба пуррагӣ барояшон даст намедиҳад:

«Ҳоло бисёриҳо калонсолони лӯлиҳоро мегӯянд, ки рафта кор кунед ва нонатонро ёбед. Ба кӯдакон раҳм мекунанд ва маблағи бештар медиҳанд. Ба мактаб онҳоро ҷалб мекунем, лекин боз талбандагиашонро давом медиҳанд. Дар аввал бисёр азоб буд, зеро як кӯдаки лӯлиро ба мактаб ҷалб кардан маънои нонашро нимта кардан буд. Онҳо ба ин касби аҷдодиашон сахт содиқанд.»

Ҳушдор ба лӯлиҳо: Ҳуқуқи кӯдаконатонро поймол накунед

Занҳои лӯлиро бо кӯдакони хурдсол ҳамарӯза метавон назди бозори марказии Кӯлоб мушоҳида кард. Умарҷон Саидамиров, сармутахассиси Бахши ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Кӯлоб мегӯяд, инҳо кӯдаконе ҳастанд, ки аз субҳ то бегоҳ бо фишори волидайн дар шаҳр гадоӣ мекунанд.

Саидамиров мегӯяд, борҳо ба лӯлиҳои бузургсол ҳушдор доданд, ки ҳуқуқи кӯдакони худро нақз накунанд, вале онҳо ба ин ҳушдорҳо эътибор намедиҳанд:
«Мушоҳида мешавад, ки онҳо фишор меоранд, ба кӯдакон, ки талбандагӣ кунанд. Мо дар якҷоягӣ бо ШКД-и шаҳри Кӯлоб чанд бор рейд гузаронидем ва онҳоро фаҳмонидем, ки кӯдаконашонро ҷабр накунанд. Ду се рӯз намеоянд, лекин боз меоянд.»

Аммо Ҳамроҳ Қудратов, як бузургсоли қавми лӯлӣ мегӯяд, онҳо розианд, ки фарзандонашон бихонанд ва ба хидмати ҳарбӣ бираванд, аммо набояд тарки касб кунанд. Ӯ мегӯяд, набояд ҳукумат монеи касби аҷдодии лӯлиён шавад.
«Шиори мо ҳамин аст, ки бо баромадани офтоб берун мешавем ва бо фурӯ нишастани он бармегардем. Мо ба ҳеҷ кас зарар намерасонем. Ин касби мо ҳаст, бояд онро бикунем. Аз авлод ба авлод омадааст.»

Лӯлиён дар минтақаи Кӯлоб дар ҷамоати Пахтакор ва Тутгараки ноҳияи Восеъ ба сар мебаранд, ки шумораашон наздик ба ду ҳазор нафар мерасад. Чандин ҳазор нафари дигар дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд ба сар мебаранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG