Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз дар деҳаи ҷӯгиҳо


Ҷӯгиҳоро дар Тоҷикистон аксаран ҳамчун мардуми талбанда мешиносанд. Вале аз расму анъанаҳо, дину оин ва мушкилоти ин қавм кам касе ба хубӣ огаҳ аст.

ЛӮЛИҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон дар қатори қавму миллатҳои гуногун қабилае бо номи лӯлӣ ё ҷугӣ ба сар мебаранд. Ин қавм бо талбандагӣ ва сиёҳҷурдагии худ аз сокинони дигари Тоҷикистон фарқ доранд. То ҳанӯз теъдоди дақиқи лӯлиҳо муайян нашудааст. Вале тибқи иттилои ғайрирасмӣ ва тавре худи раҳбарони қавми лӯлӣ мегӯянд, теъдоди онҳо дар Тоҷикистон ҳудудан ба 40 ҳазор нафар мерасад.

Лӯлиҳо аксаран дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Панҷакент, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Колхозобод, Ёвон ва Кӯлоб зиндагиву кор мекунанд. Дар чанд соли ахир мақомоти расмии Тоҷикистон талош ба харҷ додааст, ки фарзандони қавми лӯлӣ ба мактаб ҷалб шаванд ва савод ёд гиранд. Зеро қавми лӯлӣ то ин муддат аз омӯзиш худдорӣ варзида, зиндагии худро бо талбандагӣ пушти сар кардаанд. Гуфта мешавад аксарияти онҳо ҳатто синну соли дақиқи худ ва ҳисобу китобро ба дурустӣ намедонанд.

"БАРОИ ТОҶИКИСТОН ҶОНРО ФИДО МЕКУНАМ"

Муҳаммад Юсуф, имоми қавми ҷугӣ дар маҳаллаи Тундара дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат аст. Вайро дар ин маҳалла ба унвони “депутат” садо мекунанд. Муҳаммад Юсуф мегӯяд, сокинони ин маҳал ӯро намояндаи худ таъйин кардаанд. Синни ӯ ба 35 мерасад ва ҳафт соли пеш як мадрасаи динӣ дар ноҳияи Ваҳдатро хатм кардааст.

Замоне, ки мо аз маҳаллаи Тундара дидан мекардем, дар кӯчаҳои он гурӯҳи ҷавонон ва мардонро вохӯрдем. Онҳо мегуфтанд, ки субҳи барвақт мӯйсафедону занони ин маҳалла барои талбандагӣ ба хонаҳои мардум рафтаанд.

Муҳаммад Юсуф дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, онҳо аз сокинони маҳаллии Тоҷикистон худро ҷудо намедонанд ва хешро ба унвони тоҷик мешиносанд. Вай афзуд, “мо дар ҳамин кишвар ба сар мебарем. Шахсан барои як хаси Тоҷикистон ҷони худро фидо мекунам. Чунки ин диёри ман, ватани ман аст. Ман аз рӯзе, ки худро мешиносам, дар ҳамин ҷо ба сар мебарам ва падару бобоҳои мо низ дар ҳамин марз ба дунё омадаанд. Мо чӣ хел беватанем? Худоро шукр, ватан дорем”.

ТАЛБАНДАГӢ: ПЕША Ё НОЧОРӢ?

Ин ишораи охири Муҳаммад Юсуф ба талбандагӣ ё гадоии қавми ҷугӣ бастагӣ дошт. Талбандагӣ пешаи аслии пайравони қавми лӯлӣ дониста мешавад. Ҳатто ба нақли аксарият, духтарони лӯлӣ ҳангоми никоҳ бори зиндагиро ба дӯши худ мегиранд ва савганд ёд мекунанд, ки то лаҳзаи охирин шавҳару фарзандони худро бо талбандагӣ мехӯронанду мепӯшонанд.

Аммо Ойимхоли ҳафтодсола, ки даврони бознишастагияшро пушти сар мекунад, гуфт, ки нодорӣ ва ҳимоят наёфтани онҳо аз сӯи давлат онҳоро маҷбур ба талбандагӣ кардааст. Вай мегӯяд, манзили истиқоматияш се соли пеш дар як обхезӣ тахриб шудааст. Ҳоло ӯ ва шаш нафар аз аъзои хонаводааш дар як ҳуҷрае, ки тоза сохтмонаш анҷом ёфтааст, зиндагӣ мекунанд. Ойимхол мегӯяд, шавҳари 88-солаи ӯ маҷбур шудааст, ки субҳи барвақт барои дарёфти рисқу рӯзӣ пушти дари сокинон равад: “Барои мо ду нафар ҳамагӣ 25 сомонӣ нафақа медиҳанд. Рӯзи мо аб ин намегузарад. Маҷбур гадоӣ мекунем”.

Бо ин ҳол, миёни қавми лӯлӣ дар бораи талбандагии онҳо баҳсҳое рӯ задааст. Насли ҷавони онҳо мехоҳанд, ки аз тариқи меҳнат кардан дар коргоҳҳо қути лоямути худро пайдо кунанд. Аммо насли калонсолашон мегӯянд, талбандагӣ ё гадоӣ пешаи лӯлиҳост, ки аз гузаштагони онҳо ба мерос мондааст. Лӯлиҳо ҳар лӯлии баномус вазифадор аст, ки ин пешаро ба фарзандонаш биёмӯзад.

МУШКИЛИ МАСҶИД

Сӯҳбати мо бо Муҳаммад Юсуф дар бораи зиндагӣ ва одатҳои қавми ҷугӣ хеле тӯлонӣ буд. Вай қавми ҷугиро бо ислом муртабит хонд ва гуфт, ки онҳо аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа пайравӣ мекунанд.

Ҳоло дар Тундара масҷиде расман фаъолият надорад. Масҷиди онҳо ду сол пеш дар як селхезӣ тахриб шудааст. Онҳо намозҳои панҷвақтаи худро бо аҳли ҷамоат дар манзиле дар ин маҳалла анҷом медиҳанд, аммо барои адои намози ҷумъа ба наздиктарин масоҷиди ҷомеъ мешитобанд: “Ҳоло масҷид надорем. Аммо шукри худо, ки ҳамаи бачаҳои мо намоз мехонанд. Дар замони Шӯравӣ камтар намоз мехонданд. Ҳоло дар масҷидҳо олимони дин баромадаанд ва ба шарофати онҳо мардуми мо намозхон шудаанд. Тақрибан 80 – 90 дар сади мардуми мо намоз мехонанд. Мо аз ҷиҳати дин сахтгирем. Мо занони худро намегузоем, ки сари луч бе рӯймолу сатр дар кӯчаҳо гарданд. Агар духтари касе аз мо сари луч дар берун гардад, ӯро ба маърака роҳ намедиҳанд ва сарзаниш мекунанд”.

Маҳаллаи Тундара дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат ҷой гирифтааст, ки дар он ҳудудан панҷоҳ хонаводаи қавми ҷӯгӣ ба сар мебаранд. Хонаҳои онҳо аз хишти лойин сохта шудааст, ки дар зери боронҳои пайдарҳами баҳорӣ нам гирифтаааст. Аҳли ин маҳалла мегӯянд, ки се моҳ ба ин сӯ нерӯи барқ надоранд ва дар торикӣ ба сар мебаранд. Бо шамъу бо чароғи бобоӣ…

ҶУГӢ ВА МУСУЛМОНӢ

Қавми ҷугӣ худро пайванд бо ислом медонанд ва мегӯянд, шариат ҳар чизеро зарур донистааст, анҷом медиҳанд. Онҳо саводи кофии динӣ надоранд, аммо аз рӯйи таъкидҳои раҳбари қамвашон, ки афроди шинохта дар миёни қабила будааст, кор мекунанд.

Сӯҳроб як сокини миёнасоли ин қавм ба мо гуфт, онҳо низ мисли сокинони мусулмони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаро рӯзи муборак медонанд ва дар моҳи Рамазон рӯза медоранду дар иди Азҳо қурбонӣ мекунанд: “Се рӯз қабл аз оғози Рамазон худро покиза месозем. Дар Рамазон ифтор мекунем. Дар рӯзҳои ахири моҳи Рамазон ҷӯборҳову кӯчаҳоро озода мекунем ва дар субҳи рӯзи ид намози идро мехонем”. Сӯҳроб мегӯяд, иди рамазону Қурбон бо шодии атфоли қавми лӯлӣ оғоз мешавад. Дар ин рӯз ба гуфтаи ӯ, бузургсолон ба атфоли худ ҳадяҳо медиҳанд ва худашон ба хонаи ҳамдигар рафта, аз нозу неъмати дастархонашон мечашанд.

Чизи ҷолибтаре, ки аз сӯҳбат бо намояндагони қавми ҷугӣ дарёфтем, ин буд, ки онҳо гуфтанд, гӯристонашон аз гӯристони сокинони маҳаллӣ ҷудост. Сокинони Тундара мегӯянд, қабристони онҳо дар Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи нӯҳум километри Душанбе ҷой гирифтааст.

Абдураҳмон, сокини 52-солаи Тундара мегӯяд, далели ҷудо будани гӯристони қавмаш аз гӯристонҳои дигарро намедонад, вале барои ӯ ҳамин нукта рӯшан аст, ки онҳо фарди фавткардаро дар назди гузаштагони ӯ мегӯронанд. “Наздики ҳаштод сол аст, ки қабристони мо дар Ҳазрати Мавлоност. То ҳозир низ мо дар он ҷо мегӯронем. Қабристони мо алоҳида аст. Аз як тараф қабристони тоҷикон ва аз тарафи дигар қабристони намояндагони миллати мо. Мардуми мо як анъана доранд, ҳамин ки фард қазо кард, бобояшро дар куҷое гӯронида бошанд, дар он ҷо мегӯронанд”.

ДАР БОРАИ НИКОҲ

Мо дар ин сӯҳбати худ бо намояндагони қавми ҷугӣ аз онҳо пурсидем, ки маъракаҳои оиладоршавии худро чӣ гуна мегузаронанд. Муҳаммад Юсуф ва ҳамроҳони ӯ гуфтанд, ки пайравони миллати ҷугӣ як қисмашон бо мусиқӣ ва қисме дигарашон бо баёни амри маъруфҳо маросими никоҳи худро мегузаронанд.

Аммо Абдураҳмон, як сокини Тундара, мегӯяд, онҳо дар масъалаи никоҳи навхонавдорон низ сахтгиранд. Ба гуфтаи вай, “арӯсони мо фатта, як навъ либоси аврупоӣ намепӯшанд. Онҳо либоси миллӣ мепӯшанд. Ҳамчунин, мо пас аз хатми тӯй онҳоро никоҳ мекунем, то никоҳи онҳо бурида нашавад”.

БЕСАВОДӢ

Tajikistan -- Gypsies of Tajikistan, 06Mar2010
Аммо бесаводӣ мушкили умдаи қавми ҷугӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки онҳо ҳам аз илми дунявӣ бехабаранд ва ҳам аз илми динӣ. Ҳоло дар маҳаллаи Тундара дар ноҳияи Ваҳдат хонаеро ба унвони мактаб дар ихтиёри онҳо гузоштаанд, ки дар он ҷо ҳудудан 26 нафар наврас таълим мегиранд. Дар миёни онҳо духтарон низ ҳастанд.

Вале устодони онҳо мегӯянд, ин наврасон ҳамагӣ то синфи чорум мехонанду халос. Замоне мо ба синфи онҳо ворид шудем, ҳамагӣ шаш бача ба омӯхтан машғул буданд. Муаллимаи онҳо гуфт, ки дигар бачаҳо ба далели ин ки намози ҷумъа аст, ба дарс ҳозир нашудаанд.

ХУЛОСА

Бо ин ҳол, қавми ҷугӣ дар Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки ба сар мебаранд. Онҳо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд. Аммо тафовути лаҳҷа ва рафтори онҳо аз тоҷикон бахубӣ мушоҳида мешавад. Ҳатто рустоҳои лӯлинишин низ зоҳиран аз рустоҳои дигари тоҷикӣ фарқ доштааст. Маҳаллаҳои лӯлинишин аксаран бедолу дарахтанд. Чунки пайравони қавми лӯлӣ ба боғдорӣ машғул нестанд ва кишоварзӣ ҳам намекунанд.

Аммо ин танҳо қавмест, ки бо ҳудудан чиҳил ҳазор аъзо ҷамъияти худро надорад ва аз инҳо дар шӯроҳои маҳаллӣ ва шӯрои ҷамъиятӣ касе намояндагӣ намекунад. Лӯлиҳо мегӯянд, аз як сӯ бесаводӣ ва аз сӯи дигар чунин бемаҳалии мақомот онҳоро ранҷ медиҳад.

XS
SM
MD
LG