Пайвандҳои дастрасӣ

Дӯстони азиз! Ояндасоз ин навбат дар барномаи вижаи худ дар бораи ҷавононе сӯҳбат хоҳад кард, ки онҳоро дар манзилҳои хеш ва ё хиёбонҳои шаҳру деҳот борҳо дидаед, аммо шояд ба рӯзгори онҳо кам таваҷҷӯҳ карда бошед.

Сухан дар бораи ҷавонони лулӣ ё ба қавли худи онҳо ҷӯгӣ меравад, ки муқими Тоҷикистонанду фарҳангу маданият ва тарзи зисти вижаи худро доранд.

Оё ин ҳамсолони лӯлии мо чи рӯзу рӯзгоре доранд? Орзуву ормонҳои онҳо чист ва то куҷо садои онҳо ба гуши масъулину ҷомеъаи тоҷик мерасад?

Ҷомеаи Тоҷикистон роҷеъ ба ҳаёти лӯлиҳо иттилоъи кам доранд. Чизе ки онҳо медонанд, ҳамин аст, ки ин мардум дар шароити вижа зиндагӣ мекунанд: онҳо дар маҳалҳои алоҳида хона бунёд карда, расму русуми худро доранд. Онҳо аз дини ислом пайравӣ мекунанд.

Кудакони лулӣ аз деҳаи Кучабоғи Ҳисор

Роҷеъ ба шароити зисти онҳо ҳамин чиз маълум аст, ки аксарашон нодору ниёзманд ҳастанд, аксари оилаҳо бо талбандагӣ рӯз мегузаронанд, занҳо одатан бо тибби мардумӣ ва фолбинӣ машғул ҳастанд, ва аз ҳамин хотир, ба бовари аксарият дар Тоҷикистон, ин расму суннатҳои мардуми лӯлӣ мебошад.

Ва аммо ин танҳо зоҳири ҳаёти ин мардум аст. Дар асл лӯлиҳо киянд ва чӣ расму суннатҳое доранд, ки мо намедонем. Ин саволи аввали мо буд ба мардумшинос Дилшод Раҳимов. Ба гуфти Дилшод Раҳимов, дар кишвар беш аз 20 000 лӯлӣ дар навоҳии мухталиф аз қабили Ҳисор, Панҷакент, Колхозобод ва Ваҳдат зиндаги мекунанд. Роҷеъ ба машғулиятҳои онҳо назари Дилшод Раҳимовро аз барномаи Ояндасоз хоҳед шунид.

Насли миёнсоли лӯлиҳо мегуянд, талбандагӣ ё даргаштӣ аз гузаштагонашон ба онҳо мерос мондааст, ки касб ва воситаи пешбурди зиндагиашон маҳсуб меёбад. Соати кории онҳо низ чун аксар муассисоти давлатӣ аз ҳашти субҳ шурӯъ мешавад. Онҳо дар як автобуси махсус халтаҳои бузург дар китф ба марказҳои шаҳру навоҳӣ мераванд. Дар баробари талбандагӣ аксарият ба фолбинӣ ва табобати мардуми машғул мешаванд.

Луликудакон ҳамеша хушҳолу чолоканд

Аммо дар миёни қабилаҳои лӯлӣ оид ба идомаи талбандагӣ ё пешаи аҷдодӣ баҳсу андешаҳо зиёданд. Агар барои насли калонсол талбандагӣ як кори маъмули ба ҳисоб равад, насли ҷавон мухолифи он буда, орзӯи аз байн рафтани даргаштиро доранд. Ҳатто бархе аз оилаҳои ҷавон бо ифтихор мегӯянд, бо меҳнати худ зиндагишонро пеш бурда, дари касеро барои як бурда нон намекубанд.

Агар Шумо ба зиндагии ҳамсолони лӯлии тоҷикистониамон таваҷҷуҳ доред ва мехоҳед оид ба орзуву ормонҳои онҳо огоҳ шавед, пас барномаи Ояндасозро аз тарафи рости ин сомона бишнавед. Сӯҳбатҳои ҷолиб ва мусиқиҳои ҷаззоб шуморо интизор аст. Бо мо бошед!

Вобаста

XS
SM
MD
LG