Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

24 лӯлибача дар ростои депортатсия


Акс аз сайти интернетии омбудсмени Санкт-Петербург гирифта шудааст

Акс аз сайти интернетии омбудсмени Санкт-Петербург гирифта шудааст

Моҳи феврал фарзандони шаш хонаводаи лӯлиҳои Тоҷикистон аз волидонашон ҷудо карда шуданд.

Рӯзи 7 март дар намояндагии Вазорати умури хориҷа дар шаҳри Санкт-Петербург мақомоти Тоҷикистону Русия сарнавишти гурӯҳи кӯдакони тоҷикистониро баррасӣ мекунанд, ки дар як рейди полис ва Хадамоти федеролии муҳоҷират боздошт шуданд. Дар ин мулоқот масъули ВУХ дар ин шаҳр, ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Санкт-Петербург Светлана Агапитова ва консули ифтихории Тоҷикистон дар ин шаҳр Назари Мирзода ширкат хоҳанд кард.


Шумори ин кӯдаконро ҷониби Тоҷикистон 24 ва Русия - 25 нафар мегӯянд. Ба иттилои Мирзода, атфоли 1 то 12-солаи 6 хонаводаи лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддин Румии вилояти Хатлон миёнаҳои моҳи феврал дар як рейди полис ва хадамоти муҳоҷират аз ноҳияи Красноселское дар вилояти Ленинград боздошт ва ба се муассисаи тиббӣ интиқол дода шуданд.

Мақомот гуфтанд, ки далели боздошти атфол зиндагии онҳо дар шароити “хатарнок барои сиҳҳатии кӯдак” мебошад. “Онҳо дар як вайронаи бефаршу шароит зиндагӣ карда, дар замини сард хоб мекарданд ва нишонаҳои бемориҳои сармохӯрдагӣ доштанд. Дар ин сармоҳо аз роҳи як печка гармиро таъмин мекарданд”, мегӯяд дафтари ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Санкт-Петербург. Ин сохтор мегӯяд, ки баъди аз волидонашон гирифта шудани кӯдакон, ба Маркази кӯмаки тиббиву иҷтимоии ба номи Тсимбалова оварда шуданд ва аз он ҷо ба се муассисаи дигар, бемористонҳои кӯдакона ва хонаи махсуси кӯдакон тақсим шуданд.

Олег Алексеев, сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки муоинаи атфол ҳеҷ бемории ҷиддиеро дар ҷисми онҳо ошкор накард, ба ҷуз “сармохӯрдагии сабук ва педикулёз (шабушкзор шудани сар)”. Масъулини тиббии хонаи махсуси кӯдакон гуфтаанд, ки волидонро иҷозат намедиҳанд, ки бо фарзандонашон дидор кунанд. Алексеев ба саволи Озодӣ оид ба сабабҳои чунин муносибат бо ин хонаводаҳо, ки нақзи ҳуқуқи инсон мебошад, гуфт, дар шаҳри Санкт-Петербург ҳоло эпидемияи грипп мушоҳида мешавад ва бо ин сабаб, ҳама муассисаҳои тиббӣ таҳти карантин қарор доранд. “Аз сӯи дигар, - гуфт ӯ, - волидон ҳам нишонаҳои шабушкзадагӣ доранд ва табибон ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки бо чунин аҳвол ба дидори фарзандонашон биёянд”, гуфт ӯ.

Аз рӯи иттилои Алексеев, дар санади баъзе аз ин волидон мушкил вуҷуд дорад. “Баъзеашон ҳатто мӯҳри ворид шудан ба қаламрави Русияро надоранд”, гуфт ӯ. Ҳарчанд, ба иттилои Назар Мирзода, ки бо ин волидон пайваста дар иртибот аст, таҳқиқи онҳо муайян кард, ки санадҳои онҳо “дуруст буда, ҳеҷ иштибоҳе надоранд”. Ба гуфтаи ӯ, ин хонаводаҳо дар Санкт-Петербург асосан аз роҳи талбандагӣ дар сохтмону бозор ва метро рӯз мегузаронанд.


“Аз ҳар хонавода 2 то 5 кӯдак гирифта шудааст. Инҳо аз хонаводаи Амонқуловҳо, Чигитовҳо, Акбаровҳо, Раҳмоновҳо, Дилшодовҳо ва Мендашаровҳо гирифта шудаанд. Аз оилаи Акбаровҳо якбора 5 кӯдак гирифта шудааст”, гуфт ӯ.





Олег Алексеев гуфт, ки мақомоти Русия наметавонанд кӯдаконро дубора ба шароите, ки аз он ҷо гирифта шуданд, баргардонанд ва дар музокирот ҳам фардо сӯҳбат сари ин мавзӯъ хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, сохторҳои тиббие, ки кӯдакони тоҷикистониро ҷо додаанд, аз он нигаронанд, ки барои нигоҳубини атфоли хориҷӣ ба онҳо маблағ ҷудо намешавад. “Ва онҳо дар чунин ҳолат намехоҳанд, ки қонунро вайрон кунанд, чунки барои харҷи маблағҳои давлатӣ бояд гузориш диҳанд”, гуфт ӯ. Айни замон, ба гуфтаи Назар Мирзода, мақомоти рус гуфтаанд, ки мехоҳанд, ин хонаводаҳоро ба ватанашон истирдод кунанд. “Вале онҳо чунин ҳақро надоранд, чунки санадҳои волидон мушкил надоранд”, мегӯяд ин масъули Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG