Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзода: "Лӯлибачаҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд"


Наздики 100 лӯлии дар рейди Санкт-Петербург боздоштшуда ба Тоҷикистон интиқол меёбанд. Ҳанӯз маълум нест, ки маблағи билети ҳавопаймои онҳоро кӣ пардохт мекунад.

Назар Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, ки Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз ба дӯш гирифтани масъулияти комили ба Тоҷикистон баргардонидани лӯлибачаҳо сарпечӣ кард.
Рӯзи панҷшанбе, 7 март, Назар Мирзода дар як нишаст ҳамроҳ бо намояндаи вазорати умури хориҷии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург Валентин Запевалов, ваколатдори ҳуқуқи атфол дар Санкт-Петербург Светлана Агапитова, намояндаи волии шаҳр ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Санкт-Петербург сарнавишти лӯлибачаҳои тоҷикистониро баррасӣ карданд.

Назар Мирзода мегӯяд, тасмим гирифта шуд, ки ҳамаи атфол ҳамроҳ бо волидайнашон аз тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон фиристода шаванд. Аммо мавзӯе, ки маблағи билети ҳавопайморо кӣ бояд пардохт кунад, боиси баҳси тӯлонӣ гардид. Масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтанд, ки онҳо омодаанд фақат як бахши хароҷотро бипардозанд, маблағи боқӣ бояд ё аз сӯи волидайни лӯлибачаҳо ё аз ҳисоби созмони тоҷикони муқимии шаҳри Санкт-Петербург пардохт шавад. Назар Мирзода меафзояд, “мо ба хулосае расидем, ки дар як номаи муштарак аз ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон хоҳиш кунем то ин лӯлибачаҳоро ҳамроҳ бо волидайнашон то ба ватанашон расонад”. Ба гуфтаи ӯ, онҳо имрӯзу фардо посухи ширкати ҳавопаймои Тоҷикистонро интизор хоҳанд шуд.

Хадамоти федеролии муҳоҷират ҳамчунин хостори он шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо дар бораи чӣ гуна то ба манзилҳояшон расидани лӯлибачаҳо иттилоъ диҳанд. Назар Мирзода мегӯяд, ки чанд хонавода аз ноҳияи Рӯдакӣ ва боқимонда аз ҷамоати Тукаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Санкт-Петербург омадаанд ва дар ин шаҳр ба талбандагӣ машғул буданд.

Ба гуфтаи консули фахрии Тоҷикистон, айни ҳол дар се парваришгоҳи шаҳр 51 тифл ва навраси лӯлӣ нигаҳ дошта мешаванд. Қаблан хабар дода мешуд, ки теъдоди онҳо 24-25 нафар аст. “Шумораи умумии онҳо ҳамроҳ бо волидайнашон қариб 100 нафар аст, яъне бояд барои ҳамаи сад нафар билети ҳавопаймо харидорӣ шавад, ки маблағи андак нест”, меафзояд ӯ. Назар Мирзода мегӯяд, ки “аз ҳар хонавода 2 то 5 кӯдак гирифта шудааст ва онҳо асосан аз хонаводаҳои Амонқуловҳо, Чигитовҳо, Акбаровҳо, Раҳмоновҳо, Дилшодовҳо ва Мендашаровҳо мебошанд. Бибунед, фақат аз оилаи Акбаровҳо якбора 5 кӯдакро гирифта ба парваришгоҳ бурдаанд”. Ба гуфтаи Назар Мирзода, фақат чанд тан аз кӯдаконе, ки дар Русия ба дунё омадаанд, санад надоранд. Санадҳои дигарон, меафзояд ӯ, комил аст.

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург гуфтанд, ки далели боздошти лӯлибачаҳо дар як рейди муштараки полису Хадаомти федеролии муҳоҷират зиндагии онҳо дар шароити барои саломатияшон хатарнок аст. Як корманди дафтари ваколатдори ҳуқуқи атфол дар шаҳри Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “кудакон дар як вайронаи бефаршу бидуни шароит зиндагӣ ва рӯи замини сард хоб мекарданд ва нишонаҳои бемориҳои сармохӯрдагӣ доштанд”.
XS
SM
MD
LG