Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон узви қомилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд


Протоколи узвияти Тоҷикистон дар ин созмонро рӯзи 10-уми декабр раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва мудири иҷрояи СҶТ ба имзо расониданд.

Протоколи узвияти Тоҷикистон дар ин созмонро рӯзи 10-уми декабр раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва мудири иҷрояи СҶТ ба имзо расониданд.

Тоҷикистон сар аз имрӯз 2-юми марти соли 2013, ба таври расмӣ 159-умин узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шуд.

Созмони мазкур рӯзи 1-уми феврал дар Женева санади узвият дар ин созмонро ба Тоҷикистон тақдим карда буд. Тибқи муқаррароти мавҷуда, баъд аз тақдими санади узвият, дақиқ баъд аз як моҳ узвияти кишвар дар ин созмон бояд эътибор пайдо кунад ва амалиёти тиҷоратии он кишвар дар ҷаҳон дар чаҳорчӯбаи ин созмон оғоз ёбад.

Протоколи узвияти Тоҷикистон дар ин созмон рӯзи 10-уми декабри соли гузашта дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири иҷроияи Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ ба имзо расида буд.

Дар даҳаи ахири моҳи январи соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон ин қарордодро ба тасвиб расонд ва он 31-уми январ ба Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар Женева супурда шуд.

Ҷои ёдоварист, ки Тоҷикистон дар соли 2001-ум барои узвият дар ин созмон ариза навишта буд. Қирғизистон ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ мебошад, дар соли 1998 ба увзияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат қабул шудааст.

Узвияти Тоҷикистон дар ин созмон дар ҳолест, ки таҳлилгарони масоили иқтисодӣ мегӯянд, аз худи Тоҷикистон вобаста аст, ки чигуна аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баҳра хоҳад гирифт. Парвиз Камолиддинов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, ки дар ҷараёни омодасозии Тоҷикистон барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ё ВТО иштирок доштааст, ба "Озодӣ" гуфт, аз ин пас сармоягузории хориҷӣ худбахуд ба Тоҷикистон сарозер нахоҳад шуд. Балки, ба гуфтаи ӯ, барои ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ зарур аст, Тоҷикистон мубориза бо фасод ва осон кардани фаъолияти бахши хусусӣ талоши зиёде ба харҷ диҳад.

Ҷаноби Камолиддинов бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ гуфт, кишварҳои зиёде вориди ин созмон шуда, вале дар сатҳи зарурӣ натавонистанд, афзалиятҳои ин созмонро ба манфиати иқтисоди худ истифода баранд. Зеро мегӯяд ӯ, "бархе аз кишварҳо вазифаҳое, ки дар доираи ин созмон ба дӯш гирифтанд, пурра иҷро накарданд ва сазовори боварии сармоягузору соҳибкорони хориҷӣ нагаштанд."

Бартарияти узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро Табаралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисодӣ, дар он мебинад, ки масъулини корхонаю созмонҳои ватанӣ маҷбур мешаванд, дар баробари маҳсулоти кишварҳои пешрафта, моли рақобатпазир тавлид кунанд. Ғаниев ҳам таъкид намуд, ки барои манфиат аз ин созмон Тоҷикистонро зарур аст, ки пайваста дар пайи такмилу осон намудани низоми андозбандӣ ва шароити фаъолияти бахши хусусӣ бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG