Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, аз шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат истиқбол мекунад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр бо пахши як изҳороте гуфт, Амрико аз соли 2001 ба ин сӯ талошҳои Тоҷикистонро барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ё ВТО пуштибонӣ карда, "кӯмаки техникӣ" расондааст.

"Амрико аз иқдоми Тоҷикистон, ки барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат монеаҳои зиёди тиҷоратиро барҳам дода, ҳудуди 100 санади ҳуқуқӣ қабул кардааст, истиқбол мекунад",-омадааст дар изҳороти сафорат.

Худи сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, Сюзан Эллиот, низ дар саҳфаи Фейсбуки худ талошҳои пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои узвият дар СҶТ махсусан қайд кардааст.

Комиссияи аврупоӣ низ дар изҳороте, ки рӯзи 11-уми декабр интишор дод, мегӯяд, "мо аз Тоҷикистон ба унвони узви нави Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат истиқбол мекунем." Карел де Гюхт, комиссари Комиссияи аврупоӣ оид ба тиҷорат, гуфтааст, "бовар дорам, узвияти Тоҷикистон дар СҶТ (ВТО) муҳаррики рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ хоҳад шуд."

Тоҷикистон ба дунболи Қирғизистон дувумин кишвари Осиёи Марказист, ки узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро ба даст овардааст. Дар баёнияи Комиссияи аврупоӣ гуфта шудааст, ки барои шомил шудани Тоҷикистон ба СҶТ, Иттиҳояи Аврупо кумак карда буд ва дар минбаъда низ барои воридшавии Тоҷикистон ба тиҷорати бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард.

Бар пояи қарори Шӯрои генералии Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, Тоҷикистон бояд то моҳи июни соли оянда як қатор ҳуҷҷатҳои дигарро ба тасвиб расонад. Танҳо пас аз сӣ рӯзи тасвиби ин аснод Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони масоили иқтисодӣ мегӯянд, аз худи Тоҷикистон вобаста аст, ки чигуна аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баҳра хоҳад гирифт. Парвиз Камолиддинов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, ки дар ҷараёни омодасозии Тоҷикистон барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ё ВТО иштирок доштааст, гуфт, аз ин пас сармоягузории хориҷӣ худбахуд ба Тоҷикистон сарозер нахоҳад шуд. Балки, ба гуфтаи ӯ, барои ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ зарур аст, Тоҷикистон мубориза бо фасод ва осон кардани фаъолияти бахши хусусӣ талоши зиёде ба харҷ диҳад.



Ҷаноби Камолиддинов бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ гуфт, кишварҳои зиёде вориди ин созмон шуда, вале дар сатҳи зарурӣ натавонистанд, афзалиятҳои ин созмонро ба манфиати иқтисоди худ истифода баранд. Зеро мегӯяд ӯ, "бархе аз кишварҳо вазифаҳое, ки дар доираи ин созмон ба дӯш гирифтанд, пурра иҷро накарданд ва сазовори боварии сармоягузору соҳибкорони хориҷӣ нагаштанд."

Бартарияти узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро Табаралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисодӣ, дар он мебинад, ки масъулини корхонаю созмонҳои ватанӣ маҷбур мешаванд, дар баробари маҳсулоти кишварҳои пешрафта, моли рақобатпазир тавлид кунанд. Ғаниев ҳам таъкид намуд, ки барои манфиат аз ин созмон Тоҷикистонро зарур аст, ки пайваста дар пайи такмилу осон намудани низоми андозбандӣ ва шароити фаъолияти бахши хусусӣ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG