Пайвандҳои дастрасӣ

"СҶТ худбахуд кишварро бой ё камбағал намекунад"


Николя Гигас, муовини раҳбари дафтари намояндагии Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон.

Николя Гигас, муовини раҳбари дафтари намояндагии Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон.

Суҳбати ихтисосии «Озодӣ» бо Николя Гигас, муовини раҳбари дафтари намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, дар мавзуи шомилшавии Тоҷикистон ба СҶТ.

Озодӣ: Гуфта мешавад, ки ҳукумати Швейтсария яке аз пуштибонҳои аслии пазируфтани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) буд. Ин ҳимоят аз чӣ иборат буд ва ҳадаф аз ин пуштибонӣ чӣ аст?

Николя Гигас: Воқеан Швейтсария аз тариқи котиботи давлатӣ оид ба масоили иқтисод ҷонибдори аслии шомилшавии Тоҷикистон ба СҶТ аст. Швейтсария аз амалӣ шудани ислоҳот дар ин кишвар ва афзоиши имконоти баргузории гуфтушунидҳо бар асоси шартҳои барои иқтисоди Тоҷикистон мусоид пуштибонӣ кардааст. Ин пуштибонӣ сар аз соли 2001 аз тариқи ду барнома анҷом шудааст.
Барномаи аввал таваҷҷуҳ ба машваратҳои сиёсӣ доир ба масъалаҳои СҶТ ва интиқоли механизм дар мавриди афзоиши имконот дошт. Барномаи дуввум марбут ба сиёсати пешбурди тиҷорат дар бахшҳои саноати кишоварзӣ ва нассоҷӣ аст, ки ҳамроҳ бо Маркази байналмилали Тиҷорат сар аз соли 2002 роҳандозӣ шудаст.
Барномаҳои мазкур мавриди баҳогузориҳои дохиливу хорҷӣ қарор гирифта ва тавсияҳои аслӣ нишон доданд, ки Тоҷикистон феълан низ ба кӯмак дар бахши қонунгузорӣ дар ҷараёни воридшавӣ ба СҶТ ва мусоидат ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ниёз дорад.

Озодӣ: Бархе таҳлилгарон бар инанд, ки узвият ба СҶТ барои иқтисоди бе ин ҳам заъифи Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Яъне, сабаби афзоиши қиммати маҳсулот шуда, ба зиндагии бе ин ҳам мушкили мардум нақши манфӣ мегузорад. Қудрати харидории аксари мардуми кишварро камтар мекунад. То куҷо ин дуруст аст. Таҷрибаи кишварҳои назири Тоҷикистон ин далелҳоро рад намекунад?

Николя Гигас: Манзури шомил шудан ба СҶТ эҷоди шароити мусоид ҷиҳати Николя Гигас ҳини сӯҳбат бо Озодӣ

Николя Гигас ҳини сӯҳбат бо Озодӣ

рушди иқтисод аст. Шомил шудан ба СҶТ худ ба худ кишвареро сарватманд ё қашшоқ намекунад. Ҳадафи шомил шудан ба ин созмон эҷоди заминаҳо барои тағйироти дарозмуддат дар кулли иқтисод аст на тағйирот дар наздиктарин фурсат. Ҳамчунин шомил шудан ба СҶТ имконият медиҳад, ки кишвар маҷмуи қоидаҳои қонунгузориҳоро дар мутобиқат ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ роҳандозӣ кунад. Ин албатта тиҷорат ва имконоти сармоягузориро осон мекунад. Таҳқиқи таъсири узвияти Ветнам ба СҶТ нишон додааст, ки дар бахшҳои ислоҳоти сиёсӣ ва сохторӣ, эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ, афзоиши қудрати рақобатпазирии молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ва тавсеаи бозори содирот имконоти нав пайдо шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони иқтисодӣ, вазъи иқтисодии Ветнам пас аз се соли ворид шудан ба СҶТ, беҳтар шудааст.

Озодӣ: Ба дунболи шомил шудани Тоҷикистон ба СҶТ ширкатҳои бузурги байналмилалӣ ва брендҳои маъруф, бонкҳои бузург вориди бозори Тоҷикистон хоҳад шуд. Фикр намекунед, ки дар зимн ширкатҳо ва бонкҳои заъфи Тоҷикистон муфлис мешаванд ва бозорро аз даст медиҳанд?

Николя Гигас: Гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар бахшҳои тиҷорату хидматрасонӣ, махсусан хидматрасонии инфрасохторӣ, чун мухобирот, молиёт ва чанде дигар аз хидматрасониҳо зарурати қабули қоидаҳоеро пеш меорад, ки боиси эҷоди рақобат мегардад. Маҳз ҳамин як омили асли барои ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ дар ин бахшҳо мегардад. Ба ин тартиб Тоҷикистон бояд ислоҳоти сиёсии дохилии мазкурро дар арафаи шомилшавӣ ба СҶТ таъмин кунад. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо Тоҷикистон кафолат додааст, ки озод кардани иқтисод ба таври мӯшикофона барои қонеъ кардани талаботи шароити кунунии рушди иқтисодиёти кишвар мувофиқ карда шудааст. Дар бахши хадамоти бонкӣ омодагии Тоҷикистон иборат аз теъдоди муҳими нуқтаҳо аст, ки аз як сӯ дастрасии бонкҳои хориҷӣ ба бозори Тоҷикистонро тақдим ва аз сӯи дигар манофеи Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Хизматрасониҳои фаромарзӣ пас аз 8 соли шомил шудан ба СҶТ иҷозат аст, дар ҳоле ки филиалҳои мустақими хориҷӣ пас аз 5 сол ин иҷозатро ба даст меоранд.
Ин бояд ба бахши ватанӣ давраи зарурии мутобиқшавиро фароҳам созад. Ғайр аз ин, ҳузури тиҷоратии бонкҳои хориҷӣ танҳо ба шакли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо дороии ҳадди аксари 51 дарсади сармоя ҳаққи фаъолият доранд. Бар изофа ифтитоҳи бахши бонкӣ ба аз даст додани танзими бохирадона мусоидат нахоҳад кард, зеро ба ҳамаи аъзои СҶТ иҷозат дода шудааст, ки танзимро боадолатона ва бе шикастани қоидаҳои СҶТ анҷом диҳанд. Дар мавриди дигар бахшҳои хизматрасонӣ, хориҷиҳо танҳо бо сабти номи шахси ҳуқуқӣ метавонанд ба бозори хадамоти Тоҷикистон ворид шаванд. Ин кафолат медиҳад, ки ҳама танзимоти дохилии бахшҳои мушаххас низ дар баробари ширкатҳои хориҷӣ низ анҷом мешавад. Озод кардани бозор ба ин маънӣ нест, ки хадамот дигар танзимнашаванда аст.

Озодӣ: Раҳбари СҶТ Паскал Ламӣ гуфт, узвият дар СҶТ шароити тиҷорати бидуни табъиз (дискриминация)-ро дар Тоҷикистон фароҳам хоҳад сохт. Манзур аз тиҷорати бидуни табъиз чист?

Николя Гигас: “Бидуни табъиз” принсипи калидии СҶТ аст, ки манзур худдорӣ аз фарқ гузоштан миёни аъзои СҶТ мебошад. Агар як узви СҶТ бозори худро ба рӯи узви дигар боз кунад, он узв бозори худро барои аъзои дигари ин созмон боз мекунад. Ҳарчанд ин маънии онро дорад, ки ӯҳдадориҳоеро, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҶТ бар ӯҳда гирифтааст, ки дар баробари дигар аъзои СҶТ роҳандозӣ мешавад, ин ҳамчунин маънии онро дорад, ки дигар аъзои СҶТ бозорҳои худро ба рӯи Тоҷикистон боз мекунанд.

Озодӣ: Узвият дар ин созмон ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон таъсири манфӣ нахоҳад дошт? Чун дар гузашта намунаҳое буд, ки риштаи кишоварзии бархе кишварҳо баъди пайвастан ба СҶТ рӯ ба муфлисӣ овард.

Николя Гигас: Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфӣ барои соҳаи кишоварзӣ пас аз ворид шудан ба СҶТ, уҳдадориҳои худ дар бахши кишоварзиро хеле мушикофона мутобиқ кардааст. Баъд аз шомил шудан ба СҶТ дар нархномаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ тағйироти назаррас сурат намегирад. Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз кишоварзӣ ҷиҳати пуштибонӣ аз манофеи соҳибкорони хурд фазои кофӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG