Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар дуроҳаи интихоб: СҶТ ё Иттиҳодияи гумрукӣ?


Раҳбарони се кишвари узви Иттиҳодияи гумрукӣ

Раҳбарони се кишвари узви Иттиҳодияи гумрукӣ

Тоҷикистон ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро назар ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ тарҷеҳ медиҳад.

Изҳороти бархе мақомоти тоҷик дар ин замина ҳокӣ аз натҷиагирии Тоҷикистон дар ин самт мебошад.
Тоҷикистон агар узви Иттиҳодияи гумрукӣ шавад, аз як сӯ боло рафтани бархе таъруфаҳо ногузир аст, аз сӯи дигар дар харидории маводи сӯхт имтиёз касб хоҳад кард...


Ахиран Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки ҳеҷ гуна гуфтушуниде дар марвиди ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ феълан пеш бурда намешавад.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо пас аз пайвастани Қирғизистон ба ин иттиҳодия имкон дорад, ки Тоҷикистон музокиротро барои узвият дар ин созмон оғоз кунад.

"Феълан мо ҳеҷ гуна музокирот барои ворид шудан ба Иттиҳодияи гумрукиро пеш намебарем. Мо ҳоло масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода ва суду зиёни ворид шудан ба ин иттиҳодяиро меомӯзем. Муҳимтар аз ин, Қирғизистон узви ин иттиҳодия нест, балки узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) аст ва мо танҳо баъд аз ворид
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
шудани Қирғизистон метавонем дар бораи ворид шудан ба он сӯҳбат кунем. Феълан тоҷирони хурду миёнаи мо аз Туркия, Эрон, Чин ва дигар кишвраҳо асосан мол ворид мекунанд ва дар сурати пайвастани мо ба Иттиҳодияи гумрукӣ таруфаҳои воридотӣ се ё чор маротиба афзоиш хоҳад ёфт ва ин соҳибкорон муфлис хоҳанд шуд. Ин тоҷикрон бо бозорҳои дохилиро бо маводи марвиди ниёз таъмин мекунанд ва мо бояд дар фикри онҳо ҳам бошем",-афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мушкили ворид шудан ба Иттиҳодияи гумрукӣ дар ҳоле афзун аст, ки музокироти Тоҷикистон бо СҶТ дар бораи узвият дар ин созмон бо муваффақият пеш рафта ва даври охирини ин музокирот дар моҳи июли имсол анҷом шудааст. Ва аксари тарафҳо мувофиқати худ барои узвияти Тоҷикистон дар СҶТ-ро иброз кардаанд ва бо ИМА ва ИТ дар ин замина гуфтушунид идома дорад.





Ин дар ҳолест, ки қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки Тоҷикистон омода аст масъалаи узвият дар Иттиҳодияи гумрукиро баррасӣ кунад ва ба он ворид шавад. Аммо коршиносон мегӯянд, ба чанд далел Тоҷикистон ба ин натиҷа расидааст, ки СҶТ-ро ба Иттиҳодияи гумрукӣ тарҷеҳ диҳад.

Сабаби аввали он ақибмондагии иқтисоди ин кишвар аз мизони рушди иқтисодии аъзои Итиҳодияи гумрукӣ, назири Русия ва Қазоқистон, аст. Он ду феълан ҳаводори пазируфтани иқтисоди нокоми Тоҷикистон ба ҳавзаи фаъолияти худ нестанд.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари тоҷик дар ин замина мегӯяд, инчунин сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон низ боис шудааст, ки худро маҳдуд танҳо ба Иттиҳодияи гумрукӣ накунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон ин гуна мавзеъгирии Тоҷикистон то ҷое далели сиёсӣ низ дорад. Зеро равобити Тоҷикистон бо Русия, узви аслии Иттиҳодияи гумрукӣ ба сурати бесобиқа сард аст ва музокироти бештар аз яксолаи Душанбе бо Маскав дар мавриди лағви боҷи содиротии маводи сӯхт ба Тоҷикистон натиҷа надодааст. Ҳоло ҳар литри бензин дар Тоҷикистон 6,5 сомонӣ қимат дорад, дар ҳоле ки Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ ва Қирғизистон бензинро ба қимати имтиёзӣ мефурӯшад.

Ба ҳар сурат, коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон агар узви Иттиҳодияи гумрукӣ шавад, аз як сӯ боло рафтани бархе таъруфаҳо ногузир аст, аммо аз сӯи дигар дар бархе маврид, аз ҷумла дар харидории маводи сӯхт имтиёз касб хоҳад кард.

Аммо ҳоло маълум нест, ки ба ин зудӣ масъалаи узвияти Тоҷикистон дар СҶТ низ ҳал шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG