Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СҶТ: "Тоҷикистонро дар сафи худ ҷой медиҳем"


Паскал Ламӣ, раиси Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ)

Паскал Ламӣ, раиси Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ)

Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) гуфтааст, дар моҳи декабри соли равон Тоҷикистонро ба узвият хоҳад пазируфт.

Ин созмон, ки марказаш дар Женева аст, интизор дорад, ки ҳамаи кишварҳои узви он то нишасти Шӯрои умумӣ, ки бояд 11-12 декабр баргузор шавад, ҳуҷҷатҳои номзадии Тоҷикистонро тасвиб хоҳанд кард. Ҳамчун бахше аз созишномаи узвият Тоҷикистон бояд режими тиҷорати худро боз ва пайвандҳояшро бо иқтисоди ҷаҳонӣ қувват диҳад. Ин кишвар, ки аз соли 2001 талоши узвият дар СҶТ-ро дорад, розӣ шудааст, ки баландтарин ҳадди боҷи воридотии худро 8.0 дарсад таъин кунад ва аз талаби ҳама гуна пардохтҳои дигар даст кашад.

Ҳоло ин боҷ барои маҳсулоти кишоварзӣ 10.4 ва ғайри кишорварзӣ 7.8 дарсад аст. Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, аз амалҳое даст кашад, ки ҳаққи ворид кардани молу колоро ба ин кишвар маҳдуд мекунанд. Он акнун ба татбиқи яксони талабҳои СҶТ дар саросари кишвар, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мавзеъҳои наздимарзӣ иқдом хоҳад кард.

Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, ки тартиби муҷаввиз ё иҷозадиҳӣ ва шартҳоеро ба сифати монеаҳои мустақили вуруд ба бозори мол ва хадамоти он истифода нахоҳад кард. Раҳбари СҶТ Паскал Ламӣ дар баёнияаш ба муносибати узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳод гуфт, “пайвастан ба СҶО Тоҷикистонро сароҳатан ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми ҷаҳонии тиҷорат пайваста, муҳити бозу шаффоф ва бидуни табъизро таъмин хоҳад кард.”

Салоҳиддин Насриддинов, сафири Тоҷикистон дар Женева, ки Душанберо дар СҶТ низ намояндагӣ мекунад, мегӯяд, пайвастан ба ин низоми тиҷорати ҷаҳонӣ ба манфиати кишвари мост: “Афзалияти зиёд медиҳад. Сармоя меояд, ширкатҳои хориҷӣ бештар меоянд ба Тоҷикистон, тиҷорати хориҷӣ ба танзим хоҳад омад, ҳамкории мо бо аъзои СҶТ, ки асосан кишварҳои пешрафтаи Аврупост, бештару хубтар мешавад.”

Аммо инак, баъди 11 сол Тоҷикистон таҳти кадом шароит вориди СҶТ мешавад ва узвият дар ин созмон барои Душанбе чӣ имтиёзҳое хоҳад дод. Ин суолҳоро дар як тамоси телефонӣ бо муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев матраҳ кардем, ки масоили музокирот бо СҶТ низ аз масъулиятҳои ӯ дар ин вазорат аст. Ҷаноби Назриев мегӯяд, дар моҳи декабр дар масъалаи узвияти Тоҷикистон танҳо тасмими усулӣ гирифта хоҳад шуд, вале расман пайвастани Душанбе ба СҶТ шояд боз чанд моҳи дигарро дар бар бигирад.



Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, узвият дар СҶТ ибтидо ба Тоҷикистон, ки моли худии бозоргир кам дорад, шояд бештар зиён орад, то фоида. Ҳаҷми воридоти кишвар назар ба содироташ ду маротиба бештар буда, аз хориҷ асосан маҳсулоти тайёри ниҳоӣ ворид ва ба хориҷ асосан маводи хоме чун алюминий ва пахта содир мешавад. Ҳамчунин мумкин аст, фишор ба истеҳсолкунандаи дохилӣ ва риштаи кишоварзӣ бештар шавад. Давлатҳои узв хостори дар ҳадди камтарин нигоҳ доштани ёронаҳои давлат ба риштаи кишоварзиянд. Вале дар навбати худ имкон дорад, узвият дар СҶТ ба вуруди фанноварӣ ва сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистонро густариш диҳад.

СҶТ, марказаш дар Женева, соли 1995 дар заминаи Паймони умумии соли 1947 таҳияшудаи таъруфаҳову тиҷорат таъсис ёфта, имрӯз 95 дарсади гардиши моли дунё ба 156 кишвари узви ҳамин созмон рост меояд. Бардоштани маҳдудиятҳо дар роҳи тиҷорат ва танзими равобити тиҷориву иқтисодии кишварҳои узв аз ҳадафҳои умдаи СҶТ шумурда мешавад. Се меъёри асосии узвият дар СҶТ яке шаффофияту якеи дигар баробарҳуқуқист, ки имтиёзи ба як кишвар ироашуда ба таври автоматӣ боқӣ кишварҳои узвро фаро хоҳад гирифт ва сеюм, амали мутақобил, яъне дар ивази гузашти як узв аъзои дигар низ бояд айни гузаштро кунанд.

То имрӯз 9 кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла Қирғизистон, узви СҶТ буда, Тоҷикистону Узбакистон, бо касби мақоми нозир, талоши узвияти комил дар ин созмонро доранд. Аз он берун мондани Узбакистон барои Тоҷикистон монеае барои дастрасӣ ба фоидаҳои иқтисодӣ дар узвият дар СҶТ хоҳад буд.

Ду ҳафта пеш коршиносон ва намояндагони давлат суду зиёни эҳтимолии узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷоратро баррасӣ карданд, ки метавонед дар ин гузориши видеоӣ дид:


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG