Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи 11-солаи Тоҷикистон то СҶТ


Қароргоҳи марказии Созмони ҷаҳонии тиҷорат.
Қароргоҳи марказии Созмони ҷаҳонии тиҷорат.

Русия расман ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайваст, Тоҷикистон ҳанӯз дар навбат аст.

Русия рӯзи 22-юми август, баъд аз 18 соли музокироти хеле мушкилу тӯлонӣ, билохира узви расмии Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) шуд. Русия бо иқтисоди аз нигоҳи ҳаҷм нӯҳуми дунё то ҳол бузургтарин иқтисоде буд, ки берун аз дарҳои СҶТ монда буд.

Бозори асосии дунё

Ба СҶТ пайвастани Русия умедвориҳои Тоҷикистонро, ки ҳанӯз дар соли 2001 дари ин созмонро мекӯбад, бештар мекунад. Вале масъала сӯду зиёнҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶТ аст ва ҳам ин ки оё Душанбе таҳти чӣ шароите ба ин созмон пазируфта хоҳад шуд?

СҶТ, марказаш дар Женева, соли 1995 дар заминаи Паймони умумии соли 1947 таҳияшудаи таъруфаҳову тиҷорат таъсис ёфта, имрӯз 95 дарсади гардиши моли дунё ба 156 кишвари узви ҳамин созмон рост меояд. Бардоштани маҳдудиятҳо дар роҳи тиҷорат ва танзими равобити тиҷориву иқтисодии кишварҳои узв аз аҳдофи умдаи СҶТ ном бурда мешавад. Се меъёри асосии узвият дар СҶТ яке шаффофияту якеи дигар баробарҳуқуқист, ки имтиёзи ба як кишвар ироашуда ба таври автоматӣ боқӣ кишварҳои узвро фаро хоҳад гирифт ва солисан, амали мутақобил, яъне дар ивази гузашти як кишвар кишварҳои дигар низ бояд айни гузаштро кунанд.

То имрӯз 9 кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла Қирғизистон, узви СҶТ буда, 25 кишвар, бо шумули Тоҷикистону Узбакистон, бо касби мақоми нозир, барои узвияти комил дари ин созмонро мекӯбанд.

СҶТ ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Салоҳиддин Насриддинов, сафири Тоҷикистон дар Женева, ки Душанберо дар СҶТ низ намояндагӣ мекунад, мегӯяд, пайвастан ба ин низоми тиҷорати ҷаҳонӣ ба манфиати кишвари мост: “Афзалияти зиёд медиҳад. Сармоя меояд, ширкатҳои хориҷӣ бештар меоянд ба Тоҷикистон, тиҷорати хориҷӣ ба танзим хоҳад омад, ҳамкории мо бо аъзои СҶТ, ки асосан кишварҳои пешрафтаи Аврупост, бештару хубтар мешавад.”

Шароити беҳтари дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва ба низомҳои байналмилалии ҳалли баҳсҳои тиҷорӣ, пойин бурдани боҷу хироҷҳои миёншикани гумрукиву молиётӣ ва дар натиҷа ба рӯи ширкатҳои хориҷӣ боз шудани бозори дохилӣ ва ҳатто бозори харидҳои давлатии Тоҷикистон, ки то ҳол асосан дар дасти чанд ширкати наздик ба мақомоти аввали ин кишвар қарор дорад, коҳиши заминаҳои фасод ва дар маҷмӯъ, ҷолибтар кардани иқтисоди Тоҷикистон барои сармояи
хориҷӣ аз ҷумлаи фоидаҳоест, ки Душанбе аз узвият дар СҶТ хоҳад бурд. Ҳамин тавр, зарурати ҳарсол аз нав аз ИА – бозори асосии фурӯши пахта ва алюминий - дархост кардани квотаҳои фурӯш барои ин ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон аз байн хоҳад рафт, чунки байни аъзои СҶТ чунин квотаҳо набояд бошанд.

Додарҷон Зоҳиров, раҳбари идораи ҳамкориҳои берунаи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, бо касби узвият Душанбе метавонад дар майдони тиҷорати байналмилалӣ бо қоидаҳои умумӣ бозӣ кунад: “Як манфиати асосиаш вуруд ба тиҷорати байналмилалӣ дар доираи қонунҳоест, ки тамоми кишварҳои узви СҶТ пазируфтаанд. Назари сармоягузорон ҳам ба кишварҳои узви он тамоман дигар аст, чунки кишварҳои узви ин созмон наметавонанд аз ин қонунҳои қабулшуда ягон қадам берун пой гузоранд. Барои ҳамин, тамоми шаффофият муҳайё карда хоҳад шуд барои сармоягузор. Ин фазои сармоягузориро хеле беҳтар мекунад ва мо умед дорем, ки рехтани сармоя ба Тоҷикистон 2 ва ҳатто 3 маротиба биафзояд.”

Як мояи чунин хушбинӣ ин аст, ки сармоядорон ҳаққи шикоят ба додгоҳҳои байналмилалии иқтисодӣ аз амалкарди мақомоти тоҷик ё ҳамкорони онҳо дар Тоҷикистонро ҳам пайдо хоҳанд кард. То ҳол ин шикоёт асосан дар додгоҳҳои маҳаллӣ ҳаллуфасл мешуд, ки дар чашми хориҷиён таърифи чандон мусбате надоранд.

Ин ҳанӯз калиди биҳишт нест

Саидмӯъмин Камолӣ, раҳбари Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистон, ки як бахши кораш мусоидат ба пайвастани Душанбе ба СҶТ низ ҳаст, мегӯяд, як бурди асосӣ таъмини муҳити беҳтари ҷалби сармоя хоҳад буд: “Як мақсади асосӣ аз байн бурдани мониаҳои маъмуриву ғайримаъмурӣ аз роҳи тиҷорат аст, ки тиҷорат озод бошад. Баъдан, таъмини шаффофият аст ва ҳам ин ки қоидҳои тиҷорат пешгӯишаванда ва барои ҳама умумӣ бошанд. Бартарии дигараш ин аст, ки транзити молу коло байни кишварҳои узв бояд озодона сурат бигирад. Ва агар Узбакистон ҳам узви СҶТ шавад, ин мониаҳое, ки дар роҳбандӣ эҷод мекард, бояд аз байн бираванд. Бо назардошти онки мо марзи тӯлонӣ дорем ва аксари молҳои мо тавассути Узбакистон меоянд, албатта, хуб мешуд, ки Тошкандро ҳам ба СҶТ бипазиранд. Вале қабл аз онҳо ворид шудани мо беҳтар аст.”

Аммо Узбакистон ҳанӯз узви СҶТ нест, ки даст ёфтан ба бурдҳои иқтисодии Тоҷикистон аз пайвастан ба ин созмонро ақиб меандозад. Иқтисоддонҳо мегӯянд, СҶТ кишварро якбора вориди биҳишт нахоҳад кард, балки дар солҳои аввал ба Тоҷикистон бо иқтисоди заифе, ки дорад, шояд бештар зиён биорад, то фоида. Барои мисол, 80 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фақат ду маҳсулот – алюминий ва пахта – аст, ки ҳарду ба сурати ашёи хом ба хориҷ фурӯхта мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми воридоти кишвар назар ба содироташ ду маротиба бештар буда, аз хориҷ асосан маҳсулоти тайёри ниҳоӣ ворид мешавад.

Ҳамин тавр, пойин бурдани боҷу хироҷи гумрукӣ, ки низ аз шартҳои узвияти Тоҷикистон дар СҶТ аст, коҳиши қобили мулоҳизаи қисми дахли будҷаро дар пай хоҳад дошт. Ин ба ҷайби бе он ҳам тиҳии Тоҷикистон, ки будҷааш асосан аз ҳисоби гумруку молиёт пур мешавад, асароти манфӣ дошта, Душанбе ҳамин тавр, бояд нархи маводи сӯхт ва барқашро ба бозори ҷаҳонӣ баробар кунад, ки ин ба ҷайби мардум ва корхонаҳояш зарба хоҳад зад.

“Камари тиҷорати ватанӣ мешиканад”

Вале зарбаи аз ҳама зиёдтарро, ба назари иқтисоддонҳо, шояд тавлидкунандаҳои ватанӣ бихӯранд, ки ба рақобат бо ширкатҳои хориҷӣ омода нестанд. Давлатмурод Ҷумъаев, раҳбари Анҷумани рушди соҳибкории Тоҷикистон ва узви собиқи гурӯҳи кории ҳукумат дар музокирот бо СҶТ мегӯяд, аз байн рафтани саддҳои молиётиву гумрукӣ такконе ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад дод, вале аз
Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев
тарафи дигар: “Яку якбора боз шудани кишвар камари тиҷорати ватаниро мешиканад. Нархҳо якбора поён мераванд ва тавлидкунандаи маҳаллӣ шавқи тавлиди молеро, ки айни он бо нархи арзон аз хориҷ ворид мешавад, гум мекунад. Мо маҳсулоти рақобатпазир қариб ки надорем. Ду маҳсулоте ки дорем – пахтаву алюминий – ҳамчун ашёи хом мефурӯшем. Ягон маҳсулоти тайёри мо харидор надорад дар хориҷ. Нархи баланди маводи сӯхту барқ, андозҳои миёншикан ва фасод боис мешавад, ки нархи маҳсулоти тавлидшуда дар Тоҷикистон хеле зиёдтар аз айни молест ки аз хориҷ ворид мешавад.”

Додарҷон Зоҳиров, раҳбари идораи ҳамкориҳои берунаи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ мушкил шудани солҳои аввали узвиятро эътироф мекунад, вале мегӯяд, ба сурати умум, Душанбе аз СҶТ бештар фоида хоҳад бурд, то зиён: “Мумкин дар аввал мушкил шавад, зеро мо нархҳоро ва содироту воридотро озод мекунем, рақобат пеш меояд байни ширкатҳои дохиливу хориҷӣ. Як давраи муайян каме вазнинтар мешавад барои харидорони дохилӣ, вале онҳо оҳиста-оҳиста ба шароит мутобиқ мешаванд. Ҳар як кишвар дар марҳалаи аввал ба мушкил рӯбарӯ мешавад. Аз як тараф агар зиён бинад, аз тарафи дигар чанд маротиба фоидаи бештар меёбад, ки дар маҷмӯъ тавозунро нигоҳ медорад. То ҳол ягон кишвар нагуфтааст, ки ман зарар кардаму ин созмон ба ман даркор. Агар зарар мекард ягон кишвар, то имрӯз аз СҶТ хориҷ мешуд.”

Ғами деҳқони тоҷикро бояд хӯрд!

Як шарти дигари СҶТ барои аъзояш истифодаи меъёрҳои ягона барои фурӯши маҳсулоти кишоварзист, аз ҷумла маҳдуд кардани истифодаи нуриҳои минералӣ ва пеш аз фурӯш ҳатман тибқи меъёрҳои ин созмон халта кардани меваҷоту сабзавот. Ин тақозо дар бисёр кишварҳое, ки ба фарқ аз, барои мисол, кишварҳои Аврупо ба деҳқонони худ ёрона намедиҳанд, касод шудани кишоварзони маҳаллиро дар пай дошт.

Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, чунин таҳдид барои риштаи кишоварзии Тоҷикистон низ вуҷуд дорад, чунки деҳқонони тоҷик аз давлат ёронае намегиранд: “Вақте ки Эстония ба СҶТ дохил шуд, баъди чанд сол тамоми заминҳояш киштношуда монд. Чунки вақте марзҳои гумрукиро бардоштанд, аз Аврупову кишварҳои дигар маҳсулоти хеле арзон ба бозори Эстония фурӯ рехт ва мардум ҳам мусаллам аст, ки моли арзонро харид. Дар натиҷа фермерҳову хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ касод шуданд. Мо бояд хеле эҳтиёт кунем дар ин масъала. Тоҷикистон бояд махсусан барои деҳқононаш истодагарӣ кунад ва имтиёзҳое аз СҶТ ба даст биорад.”

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, узвият дар СҶТ ба рӯи деҳқонони тоҷик имкони дастрасӣ ба техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзиро низ боз мекунад. Вале оқои Воҳидов ҳам як давраи гузор барои кишоварзони тоҷикро зарур медонад, чунки, мегӯяд ӯ, хоҷагиҳои маҳаллӣ ба маҳзи имконоти маҳдуди моливу фаннӣ ҳанӯз тавони рақобат бо моли хориҷиро надоранд: “Масалан истифодаи техника дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон хеле паст рафтааст. Соли 1991 мо барои 825 000 гектар замини кишт 30 054 трактор доштем. Ҳозир барои 900 000 гектар ҳамагӣ 13 000 трактор мондааст, ки он ҳам аксаран кӯҳнаву фарсуда аст. Мо маводи сӯхтро аз хориҷ меорем. Нуриҳои минералии мо фақат 50 фоизи талаботро қонеъ мекунанд.”

Роҳи 11-солаи Душанбе то Женева

Ваҳҳоб Воҳидов аммо мӯътақид аст, ки Тоҷикистонро барои ҳамроҳӣ ба СҶТ ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш аст ва гумон аст, ки ин роҳ дар чанд соли наздик тай шавад. Душанбе ҳанӯз 11 сол қабл барои узвият дар СҶТ ариза дода буд, вале тақрибан 3 сол пеш ва он ҳам баъди берун аз дари Иттиҳоди гумрукии Русияву Қазоқистон ва Беларус монданаш ва ба лағви имтиёзҳо дар тиҷорат бо боқӣ кишварҳои пасошӯравӣ ва аз ҷумла ба эъмоли боҷу хироҷи ҳангуфти гумрукӣ
Ваҳҳоб Воҳидов
Ваҳҳоб Воҳидов
болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон иқдом кардани Маскав, пайвастан ба СҶТ-ро дар авлавият қарор дод. Идомаи ҳаракати Душанбе ба сӯи Иттиҳоди гумрукӣ дигар маънои чандоне ҳам надошт, чунки Русия ҳамчун узви СҶТ ҳоло мулзам аст, ки имтиёзҳои мавҷуда дар чорчӯби Иттиҳоди гумрукӣ дар қиболи Беларус ва Қазоқистонро, ки узви ин созмон нестанд, бознигарӣ кунад.

Агар то соли 2009 дар қароргоҳи СҶТ дар Женева ҳамагӣ 4 даври музокироти гурӯҳи кории Тоҷикистону СҶТ доир шуда бошад, дар 3 соли баъдӣ 4 даври дигар барпо шуд, аз ҷумла охиринаш дар моҳи июл. Душанбе умедвор аст, ки дар даври навбатии музокирот, ки қарор аст, дар поёни сол доир шавад, таърихи пайвастани кишвар ба СҶТ билохира ниҳоӣ хоҳад шуд.

Мутобиқ сохтани қонунгузории кишвар ба муқаррароти СҶТ, лағви имтиёзҳои хос дар тиҷорат бо кишварҳои алоҳида ва ахзи ризоият ва имзои протоколҳои дуҷониба бо ҳамаи кишварҳои узв аз шартҳои пайвастан ба низоми ҷаҳонии савдост ва Душанбе алакай ислоҳоти хеле аз қонунҳояшро анҷом дода, бо кишварҳои калидие, чун Чину Туркия, протоколҳои дуҷонибаро ба имзо расондааст. Сафорати Тоҷикистон дар Женева танҳо дар тобистони имсол чунин санадҳоро бо Ҳондурасу Доминикан ва Ҷопону Таиланд ҳам имзо кард.

Сафири Тоҷикистон дар Женева Салоҳиддин Насриддинов мегӯяд, музокирот бо СҶТ ва ҳам гуфтугӯҳои дуҷониба бо кишварҳои узви ин созмон бо мушкил, вале пайваста пеш мераванд: “Масъалаи Тоҷикистон ҳам мешавад оҳиста-оҳиста. Кор рафта истодааст. Вазорати иқтисод гурӯҳи корӣ дорад, куммиссиюни ҳукуматӣ ташкил шудааст. Музокирот бе душворӣ намешавад. ҳар кишвар як пешниҳоди худашро дорад, вале масъалаҳои ҳаллшавандаанд. Бубинед, Русия 18 сол музокирот гузаронд. Ин як раванди мушкил аст. Дар ҳар музокирот баъзе масъалаҳои иловагӣ мебарояд. Ва мо талош дорем, ки ин масоил ҳарчӣ зудтар ҳаллуфасл шаванд."

Ҳимояти Амрико

Дар ҳоли ҳозир, музокироти дуҷонибаи Тоҷикистон бо 32 кишвари узви СҶТ, аз ҷумла бо Амрико ва ИА, идома дорад. Вошингтон дар ин авохир чандин бор паёми рӯшан дод, ки аз ин азми Душанбе ҳимоят хоҳад кард. Роберт Блейк, муовини вазири хориҷаи Амрико аз ҷумла як моҳ пеш дар Конгресс гуфт: “Тоҷикистон шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дар авлавияти калидии равобити дуҷонибаи мо қарор додааст ва мо аз ин ҳамаҷониба тарафдорӣ мекунем.”

Саидмӯъмин Камолӣ, раҳбари Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистон, мегӯяд, узвият дар СҶТ дар ниҳоят ба нафъи харидор аст, ки интихоби хеле васеътар ва бо нархи арзонтарро пайдо хоҳад кард. Ба ақидаи оқои Камолӣ, гузашта аз ин , агар пайвастан ба узвияти СММ эътирофи истиқлоли сиёсии кишвар буд, узвият дар СҶТ ба маънои эътирофи истиқлоли иқтисодии Душанбест, ки билохира рӯзе бояд ба он бирасад.
XS
SM
MD
LG