Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фейсбук ба “одати бад” гирифтор мекунад?


Пажӯҳишҳои ахир нишон додаанд, ки теъдоди духтарони зиёд дар Олмон бинобар ғайбату сайри зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, батадриҷ ба интернет беш аз ҳад хӯ мегиранд.

Бернд Вернер аз Бунёди Олмонии Мубориза бо эътиёд ба интернет мегӯяд, ташхиси аксарияти духтарони гирифтор ба бемории эътиёд ба комютеру интернет нишон додааст, ки аксарияти онҳо маҳз ба айби шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин дарди баде гирифтор шудаанд. Бернд Вернер меафзод: “Ин духтарон ҳамвора дар андешаи онанд, ки ҳоло дар шабакаҳои интернетӣ чӣ мегузарад. Духтарон дар ин шабакаҳо бо дӯстонашон маҳфил меороянд ва аз ин рӯ пайваста онҳоро ба инҷо мекашад.”

Айни замон мушкил инҷост, ки волидон ҳанӯз масъалаи эътиёди духтарон ҷиддӣ намегиранд, вале агар аломате аз эътиёд дар рафтори писарашонро бинанд, зуд дар пайи ислоҳ мешаванд. Аломатҳои ба истилоҳ оғози бардагии духтарон ба Интернет, мисли аломатҳои бардагии писарон ба бозиҳои интернетӣ аст, ки соатҳои зиёд аз пеши компютер намехезанд. Аломатҳои намоёни эътиёди духтарон ба интернет, беэътиноии онҳо нисбат ба дӯстон, машғулиятҳои дӯстдошта ва беаҳамиятӣ нисбат ба худашон аст.

Ба гуфтаи Бернд Вернер, эътиёд ба интернет аз онҷо шурӯъ мешавад, ки дигар назорат бар рафтори хешро аз даст медиҳад ва наметавонад аз пеши компютер ба осонӣ бархезад. Дигар аломати эътиёд ба интернет ин будааст, ки ба гуфтаи Бернд Вернер, ҷавоне ва ё ноболиғе медонанд, ки волидонаш аз одати бади ӯ, асабонӣ ҳастанд ва савияи донишаш ҳам дар мактаб поин меояд, вале бо вуҷуди донистани ин воқеъият, ҳеҷ коре барои ислоҳи худ намекунад.

Дар умум бемории эътиёд ба интернет хоси писарон будааст. Аз ҷумла, як пажӯҳиш дар Олмон нишон додааст, ки 0.7 дар сади афроди аз 25 то 64-сола, ба осонӣ наметавонистаанд, ки одати бади бозиву сайри зиёд дар шабакаҳои иҷтимоиро канор гузоранд. Бо назардошти тамоми аҳолии Олмон ба чунин хулоса расидаанд, ки дар миён як дарсади онҳо мардҳо ва танҳо 0.4 дар сад занон ҳастанд.

Барои пешгирӣ аз эътиёди бачаҳо ба комютер, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки беҳтар аст, ки компютер дар утоқи бачаҳо набошад, ё дар ҷое бошад, ки назари волидон ба онҷо зиёд меафтад. Бернд Вернер ҳамчунин тавсия медиҳад, ки бо вуҷуди эътирозу зораву илтиҷои бачаҳо ба онҳо смарфтон ва ё телефони ҳушманд нахаред, зеро аз тариқи онҳо метавонанд, тӯъмаи бозиҳову шабакаҳои иҷтимоӣ шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин хуб аст, агар волидон барои бозӣ ва сайр дар Фейсбук барои фарзандонашон вақти муайян бидиҳанд ва ҳам бубинанд, ки онҳо дар Фейсбук доир ба кадом масъалаҳо бештар сӯҳбат мекунанд. Масъалаҳое, ки ба гуфтаи ӯ бисёре аз онҳоро метавон дар сари дастурхон ҳал кард.

Рустам Маҷидов, як ҷавони тоҷик, ки кораш аксаран бо шабакаҳои иҷтимоист, мегӯяд, баъзе аз ин аломатҳо дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG