Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Баҳси муборизони педофилия бо масъулони "ВКонтакте"


Фаъолони ҳаракати мубориза бо педофилия дар Русия хостаанд, ки дастрасӣ ба шабакаи "ВКонтакте" маҳдуд шавад.

Онҳо бо ирсоли як нома ба намояндагии дипломатии 32 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дархост кардаанд, ки дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-ро маҳдуд намоянд. Ба гуфтаи муборизон бо педофилия, дар ин шабакаи иҷтимоии русӣ, ки ҳазорон нафар бо ҳам гуфтугӯ, шиносоӣ ва дӯстӣ мекунанд, аксу видеоҳои порнографӣ, аз ҷумла "порнографияи кӯдакона" нигаҳдорӣ мешавад.

Сергей Жук, раҳбари ин ҳаракат, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, мушкили педофилия ё шаҳват нисбати ноболиғон ба мушкили умдаи Русия табдил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир ҷиноёти марбут ба зинову шавҳат ва дастдарозӣ нисбати кӯдакони ноболиғ даҳҳо баробар афзоиш ёфтааст.

“Дар Русия тайи даҳсолаи ахир, ҳатто даҳсола неву чанд солҳои ахир, шумораи ҷиноёти шаҳвонӣ тақрибан 30 баробар афзудааст. Яъне, ин мавзӯъро мо барқасдона доман назадаем. Кӯдаконро воқеан ҳам мерабоянд, дар Русия, ба маълумоти расмии вазорати умури дохилӣ, ҳар шабонарарӯз чаҳор кудак беному нишон ғайб мезананд. Аслан кӯдакони бештар ғайб мезананд ва аммо баъзеи онҳоро баъдан дар ягон ҷой пайдо мекунанд, аммо чаҳор нафарро ҳеҷ гоҳ намеёбанд”,-афзуд ӯ.

Сергей Жук мутмаин аст, ки бештари ин кӯдакон ба истилоҳ тӯъмаи педофилҳо мешаванд. Аз нигоҳи ӯ, аксу видеоҳои порнографӣ ё шаҳватбарангез дар шабакаи "ВКонтакте" на фақат боиси таҷовуз ба номуси наврасон, балки сабаби бадахлоқии наврасон ҳам мешавад, зеро айни ҳол дар "ВКонтакте" бештар аз 11 миллион наврас, аз ҷумла ҳафтуним миллион аз Русия "сайругашт" мекунанд.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, миёни шабакаҳои иҷтимоӣ фақат дар “ВКонтаке” чунин аксу видеоҳоро метавон пайдо кард. “Ман шабакаҳои “Одноклассники”, “Фейсбук”, “Ютюб”-ро ҳам ҷустуҷӯ кардам ва аммо акс ё видеои шавҳатбарангез наёфтам”-, мегӯяд Сергей Жук. Ҳадафи даъват аз 32 кишвари ҷаҳон барои маҳдудсозии торнамои “ВКонтакте”-ро Сергей Жук ин гуна шарҳ медиҳад: “Мо аз худи торнамо ягон шикоят надорем. Амалҳои моро набояд чун талоши нобудсозии "ВКонтакте" арзёбӣ кард. Мо ин корро агар хоҳем ҳам, анҷом дода наметавонем. Мо фақат мехеҳом раҳбарияти торнаморо водор созем, ки сардабир барканор ва сиёсаташро дигар кунад. Тамом вассалом.”

Дар ҳамин ҳол намояндагони шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" аз ин муроҷиати ҷунбиши мубориза бо педофилия дар Русия норозигӣ кардаанд. Владислав Сиплухин, намояндаи "ВКонтакте" дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, “мо исбот кардем, ки фаъолони ин ҳаракат мардумро ба хушунат мебаранд. Мо бо шахсиятҳои ҷиноии ин гурӯҳ ягон хел гуфтугӯ намекунем."

Ба қавли ӯ, дар шабакаи онҳо аксу видеои шаҳватбарангез вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт. Вай гуфтааст, дар ин маврид онҳо бо мақомоти пулис ҳамкории зич доранд ва чунин аксу видеоҳоро дар торнамои худ роҳ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Мадонна Дунёева, хабарнигори нашрияи “Извастия”, чопи Маскав, ки ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, ҳодисаҳои ахири рабудан ва куштори як наврас аз сӯи педофил дар шаҳри Пятигорск шояд мақомоти Русиро барои шадидтар кардани муҷозот барои ин ҷиноят таҳрик диҳад. Сергей Жук бошад, ҷонибдори он аст, ки педофилҳоро на ҷинояткор, балки маризи рӯҳӣ эътироф кунанд, зеро табибони ҳама олам мутмаинанд, ки педофилия паёмади харобшавии асаб аст. Ва беҳтар аст афроде, ки даст ба ин ҷиноят задаанд, то охири умр дар бемористони маризиҳои рӯҳӣ боқӣ монанд, мегӯяд раиси ҳаракати мубориза бо педофилия дар Русия.

Торнамои "ВКонтакте" дар Тоҷикистон дар баробари шабакаҳои дигари иҷтимоии русӣ маъруф аст ва садҳо тан дар ин ҷо саҳифаҳои худро боз карда, аксу мусиқӣ ва видеову назарҳои худро гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG