Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як таҳқиқот мегӯяд, ки ҷомеъаи Русия рӯз аз рӯз мӯътоди Интернет мешавад.

Чоряки бонувони Русия ва 20 дар сади мардҳои ин кишвар гуфтаанд, ки розӣ ҳастанд, зиндагии шахсии худро қурбони Интернет кунанд ва аз муносибати маҳрамона бо ҳамсарони худ даст кашанд. Ин нукта дар пажӯҳиши ҷадиди як созмони назарсанҷии NewsEffector таъкид шудааст, ки бар пояи андешаҳои наздик ба 8000 сокини аз 18 то 55-солаи Русия анҷом ёфтаст.

Назарсанҷӣ муайян кардааст, ки 53 дарсади аҳолии Русия зиндагии худро бидуни Интернет тасаввур намекунанд. 12 дарсади мардҳо ва 9 дарсади занон иқрор шудаанд, ки барои онҳо истифода аз шабакаи ҷаҳонӣ, аз муошират бо аҳли оила ҷолибтар аст. Дар ҳамин ҳол 34 дарсади мардҳо ва 32 дарсади бонувони рус гуфтаанд, ки назар ба сӯҳбатҳои рӯбарӯ, ба муоширати интернетӣ бо дӯстонашон бартарӣ медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд шумори корбарони Интернет, тибқи ҳисобҳои миёна, дар ҳудуди 2,5 миллион нафар гуфта мешавад, вале то кунун кадом пажӯҳиши хосе дар заминаи вобастагии мардум аз шабакаи ҷаҳонӣ анҷом нашудааст.

Фариштамоҳ Гулова ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет мегӯяд, феълан ҷомеаи Тоҷикистон ба ду гурӯҳи калон тақсим шудааст. Онҳое, ки бидуни Интернет зиндагӣ барояшон маънӣ надорад ва нафароне, ки комилан аз он хабар надоранд:

  • Мо аз дигар кишварҳо ба куллӣ фарқ мекунем. Ҳарчанд ҷавонони мо низ маъмулан аз воситаҳои дилхушкунандаи интернетӣ истифода мекунанд. Аммо бартарии мо дар он аст, ки интернетро ба хотири пешрафт истифода мекунем. Масалан, аз роҳи ошноӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ҷавонон донишҳои забонии худро такмил медиҳанд. Баъзеҳо аз Интернет ба хотири тиҷорат ва табодули андеша истифода мекунад. Нафарони дигар дар омӯзишҳои верталӣ ширкат намуда сатҳи касбии худро боло мебардоранд.

Хонум Гулова гуфт, ки шумори корбарони Интернет дар Тоҷикистон то рафт афзун мешавад. Вай гуфт, дар кишвар ҳанӯз дарсади хеле ночизи мардум ба қавле мӯътоди Интернет ҳастанд ва ҳодисаҳои ба “фишори равонӣ” гирифтор шудани корбарони Интернет дар сурати набудани дастрасӣ ба ин шабакаи ҷаҳонӣ ангуштшуморанд. “Аз сӯи дигар, - гуфт ӯ, - зарурат ба маҳдуд кардани сомонаҳо вуҷуд надорад». Хонум Гулова ба ҳодисаҳои масдудшавии дастрасӣ ба Интернет ва баъзе шабакаҳои хабаррасони мунаққиди давлат ишора кард, ки бори охир дар пасманзари рӯйдодҳои Хоруғ сурат гирифт. Муддатест дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сайтҳои интернетии Азия-Плюс, Сентразия ва дигарҳо масдуд боқӣ мемонад.

Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев,
раҳбари созмони ҷамъиятии «Пешрафт» ва яке аз фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфт, зиндагӣ бидуни интернет барои ӯ ҳеҷ маънӣ надорад. Вай мегӯяд, рӯзе дасти кам 3-4 соати худро дар шабакаи ҷаҳонӣ сарф мекунад:

-Ин барои ман хеле муҳим аст. Интернет мисли ғизои зеҳнии ман аст. Зиндагии худро бе Интернет тасаввур намекунам. Дар Фейсбук дӯстони зиёди ҳамфикр дорам ва бо онҳо баҳс кардан бароям хеле шавқовар аст. Дар як рӯз агар ду ё се маротиба аз хабарҳои дохил ва хориҷ огоҳ нашавам, худро бад ҳис мекунам.

Зуҳуршо гуфт, ки Интернет барояш имкони огаҳ шудан аз таҳаввулоти ахири Тоҷикистон ва ҷаҳонро, новобаста аз маҳалли буду бошаш фароҳам меорад. Вай мегӯяд, ки шабакаи ҷаҳониро як василаи муҳим ва муфиди дарёфти хабару маълумот барои худ арзёбӣ мекунад.

Зимнан, ба навиштаи маркази назарсанҷии NewSeffector, дар Русия 78 дар сад гуфтаанд, ки шабакаи ҷаҳониро як “дастоварди” башарият унвон меҳисобанд, дар ҳоле, ки 5 дарсад онро “бад” ва “зароровар” арзёбӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG