Пайвандҳои дастрасӣ

Аксар назардиҳандагон бастани торнамоҳоро “кори бефоида” дониста гуфтанд, баръакс ин амал боиси овозаҳо шудааст.

Ин гурӯҳи ҳамсӯҳбатони мо Интернетро як воситаи дарёфти иттилоъ барои худу дигарон медонанд ва мегӯянд, бастани баъзе аз торнамоҳои хабарӣ ба дунболи ҳаводиси Хоруғ баръакс вазъро мушкилтар кардааст.

Онҳо ба ин фикранд, ки Тоҷикистон кишвари демократист ва набояд ҳаққи сокинон барои дарёфти иттилоъ ва дастрасӣ ба торнамо (сайт)-ҳо маҳдуд шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, мақомоти расмӣ то кунун далели маҳдуд сохтани дастрасӣ ба баъзе аз торнамоҳои хабариро шарҳ надодаанд.

Аммо дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе сайтҳоро, махсусан дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ, муҳим мешуморанд. Ин гурӯҳи назардиҳандагон мегӯянд, чопи ҳар гуна иттилои носаҳеҳ метавонад вазъро ба ҳам занад ва аз ин нигоҳ "хуб аст, ки дастрасӣ ба бархе торнамоҳо маҳдуд шуд".

Аз оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшон (24-уми июл) мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Дар тӯли ин муддат торнамои “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Чанд сомонаи дигар, аз ҷумла сомонаи русии Бӣ-Бӣ-Сӣ ва YouTube дастнорас буданд.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, дастрасӣ ба сомонаҳои хабариро бо супориши Хадамоти алоқа, ки "мушкилоти фаннӣ"-ро баҳона меорад, маҳдуд намуданд. Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи ҷумъа, 3-юми август, созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз Хадамоти алоқа хостаанд, ки сабаби аслии масдуд кардани торнамоҳоро шарҳ диҳад.

Хонандаи азиз, Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Аввал ин навори видеоро бубинеду сипас назари худро ҳам бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG