Пайвандҳои дастрасӣ

Бо наздик шудани соли хониш баъзе волидон дарёфтанд, ки соҳаи маориф бачаҳои наздик ба ҳафтсоларо ба мактаб қабул намекунад.

Бар пояи қонуни Тоҷикистон бачаҳо бояд дар синни ҳафтсолагӣ ба мактаб қабул шаванд ва сарфи назар аз дониши фавқулодда бояд дар баробари талабҳои дигар таълим бигиранд.

Сафина Душанбиева, ҳамагӣ ҳафт сол дорад. Аммо дар ин сину сол озодона мехонаду менависад. Фирӯза Файзуллоева, модари Сафина мегӯяд, духтараш дар сесолагӣ алифборо аз худ кард ва ҳоло маҷаллаву рӯзнома, китобҳо ва сомонаҳои интернетиро мустақилона мехонад.

Сафина ҳамчунин иштирокчии озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, ба мисли «Китоб - сарчашмаи дониш» буда соҳиби ҷоизаҳо низ шудааст. Аммо феълан модари Сафина аз он нигарон аст, ки фарзандаш бо ин ҳама заковату маҳорат дар қатори кӯдакони дигар ба синфи як меравад. Дар ҳоле ки ба ақидаи Фирӯза Файзуллоева фарзандаш бояд ҳамсабақи хонандагони синфҳои 2 ва ҳатто 3 бошад.


Фирӯза, модари Сафина мегӯяд, «мактаб рафтам, гуфтанд, ки тибқи қонун як сол пеш ба мактаб додан мумкин нест. Ва ӯ бояд ҳамроҳи ҳамсолонаш хонад. Писарчаам имсол синфи ду мегузарад. Ӯ низ зеҳни тез ва қобилияти хуби саводазхудкуниро дорад ва дар 7-солагӣ аллакай мисли толибилмони синфҳои дуву се мехонд. Ӯро низ ба синфи 2 қабул накарданд ва маҷбур шуд ба синфи як равад. Мактаб мерафт меомад, тамоман алифборо намекушод, чунки барояш ҷолиб набуд».


Аммо Абдусамад Муллоев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар низомномаи ин ниҳод мавридҳои алоҳидаи шеваи қабули кӯдакони боистъдод ба муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ нашудааст. Ӯ мегӯяд, албатта мешавад як гурӯҳи корӣ таъсис дод ва бачаҳои қобилиятнокро аз санҷиш гузаронд. Вале ба гуфтаи ӯ, ин нишондод дар низомномаи вазорати маориф сабт нашудааст.


«Вундеркинд» ба кӣ даркор?

Волидони бачаҳои соҳибистеъдод аз он нороҳат ҳастанд, ки мақомоти давлатӣ, чун дар кишварҳои дигар аз пайи бачаҳои соҳибзаковат намегарданд ва ин корро бар дӯши падару модар вогузор кардаанд.


Мухбира Мардонова, як модари тоҷик ба низоми кунунии маорифи кишвар мухолиф аст. Ӯ мегӯяд, бо назардошти қобилияти фарзандаш Мадинаро дар синни панҷсолагӣ ба яке аз мактабҳои амрикоии шаҳри Душанбе супурд. Мухбира мегӯяд, ҳарчанд ин мактабҳо ҳоло бо мушкили гирифтани иҷозатномаи фаъолият мувоҷеҳанд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои таълимӣ харҷи калонро металабад, аммо ӯ бо ҳамсараш барои таъмини ояндаи хуби фарзандонашон маблағеро дареғ намедоранд.


Мухбира гуфт: «Зеҳни кӯдакам тез аст, ман намехоҳам, ки фарзанди ман интизор шавад, ки кай аз рӯйи низомномаи вазорати маорифи Тоҷикистон қобили қабул мешаваду баъд ба мактаб меравад. Ман мехоҳам, ки кӯдаки ман аз синни панҷсолагӣ илм гирад, тарбия гирад ва оянда обрӯи Тоҷикистон шавад ва Худо хоҳад чунин ҳам мешавад».

Дар синни ҳафтсолагӣ ба мактабҳо қабул шудани кӯдакон имрӯз ба проблемаи аксари волидайн табдил шудааст ва онҳо талош доранд, ки қонун ҳолатҳои истисноиро дар назар бигирад.



Кӯдаки шашсолаву нӯҳмоҳа ҳақи мактаб рафтан надорад


Барно Эмомалиева, сокини шаҳри Душанбе мехост, имсол мехост фарзандаш Меҳварро ба мактаб супорад. Аммо писари ӯро ба мактаб қабул накарданд, зеро ӯ танҳо баъди се моҳи дигар ҳафтсола мешавад.


Барно афзуд: «Мо ба мактаб рафтем онҳо гуфтанд, ки мо кӯдакони соли таваллуди 2005-ро қабул мекунем. Писари ман таваллуди 2006 аст ва ҳамагӣ 3 моҳаш намерасад. Агар мо ӯро соли оянда ба мактаб диҳем, аллакай ҳаштсола мешавад. Мо намедонем чӣ кор кунем. Ҳатто мо бозор рафта костюму брюк, сумка, дафтару ручкаи ӯро харидем».


Абдусамад Муллоев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф низ тасдиқ кард, ки мувофиқи низомнома имсол танҳо кӯдаконе ба мактаб қабул мешавад, ки то 31 декабри соли 2005 таваллуд шудаанд.
Ӯ вазъиятро ба мушкили норасоии ҷойи нишаст ва мактабҳо марбут кард. Вай гуфт, ки дар кишвар намегузоранд, ки ин мӯҳлат ақаллан як моҳ зиёд карда шавад. Ӯ гуфт, агар имрӯз танҳо дар шаҳри Душанбе дар як сол 10-12 ҳазор кӯдак ба синфи як қабул шавад, соли оянда танҳо даҳ дар сади толибилмони синфи якум ба ҳамин рақам хоҳад расид.


Кунун замона дигар гашту мо дигар гаштем...


Аммо ба ақидаи коршиносон, низоме, ки ҳоло вазорати маорифи Тоҷикистон пеш мебарад, аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик вобаста ба ин гуфт, ки кӯдакони асри XXI аз кӯдакони асри XX ба куллӣ фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, низоми имрӯзаи маориф дархӯри талаботи замони муосир нест.


Ӯ гуфт: «Ин кӯдакон аз хурдӣ дар даруни иттилоот ҳастанд. Ва иттилоот дар атрофашон зиёд аст. Чи телевизион, чи Интернет, чи радио, чи масалан DVD, чи филмҳои тасвирии гуногун ва албатта глобализатсия, яъне ҷаҳонишавӣ. Дар шуурнокии кӯдакони ҳозира ҳамаи ин таъсир дорад ва ман фикр мекунам, ки кӯдакон ҳатто аз 5 ва 6-солагӣ тайёр ҳастанд, ки ба мактаб раванд».


Соҳибназарон бо таассуф ишора мекунанд, бо гузашти 20 сол Тоҷикистон ҳамчунон аз низоми таҳсили даврони шӯравӣ берун нарафтааст. Дақиқтараш мушкилоти фаровон дар ин соҳа маорифи Тоҷикистонро намегузорад, то ба усулҳои ҷадад ва муосири таълим рӯ биёрад.


Ин ҳам дар ҳоле, ки сол аз сол теъдоди хонандагон дар мактабҳо зиёд мешавад, аммо мактабҳо ба ҳамон тарзе ки буданд, фаъолият мекунанд.


Танҳо дар соли гузашта беш аз 160 ҳазор хонанда ба синфи якум ворид шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш ба маротиб бештар будааст. Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 3731 мактаби умумӣ, фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1,655 ҳазор хонанда бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.


Соҳибаи Кароматулло, радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG