Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Смартфон". Танҳо телефон ё чизе бештар аз он


Ҷавонони тоҷик мегӯянд, "Смартфон" ва ё телефони доно барои онҳо арзиши бештар аз як телефонро дорад.

Ховар Раҷабов, як ҷавони тоҷик, ҳамеша дар Интернет “мечархад” ва ҳодисаҳои ҷолибро натанҳо барои бойгонии шахсӣ, балки барои нашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё майдонҳои баҳс ба навор мебардорад. Ӯ на ноутбук дорад, на дастгоҳи сабти видеову акс ва на Айпад. Танҳо василаи фаннии ӯ як «смартфон» ё телефони "доно" аст, ки бо экрани каме калонтар ва имконоти муосир ҳамеша ӯро онлайн ва дар ҷараёни таҳавулоти дохилу хориҷи кишвар нигоҳ медорад. Ховар мегӯяд, ӯ тавассути телефони ҳамроҳаш аз Твитер, Фейсбук, майдонҳои баҳс, сомонаҳои хабарии Азия плюс, Озодӣ ва ББС истифода мекунад ва барои ӯ ин дастгоҳ бештар аз як телефон аст:

«Дар ягон тарабхона мешинед ва хӯриши зеборо мебинед зуд аксашро гирифта ба сомонаҳои иҷтимоӣ мепартоед ва бо дигарон таассуротатонро дар миён мегузоред. Ё ин ки дар кӯча ягон ҳодисаи нохубро мебинед, онро ҳам ба навор гирифта ҳамон замон ба сомонаҳои дилхоҳатон мефиристед. Доимо онлайн мешавед агар GPRS симкортро истифода кунед. Ин мобилӣ аст. Бо компютерӣ дастӣ дар кӯча акс гирифта ё видео гирифтану онро ба сомонаҳо фиристодан ноқулай аст. Дар автобус ё дигар ҷойҳои серодам аз он истифода кардан, тамоман намешавад. «Смартфонҳо» ҳам акс мегиранд ва ҳам навори видео, бо онхо ба дилхоҳ сомона мешавад ворид шуд. Хуллас имкониятҳои як компютеро дорост ва аз ин рӯ истифодаи мақсадноки онҳо шуморо ҳамқадами замон мекунад».

Ҳоло дар Тоҷикистон телефонҳои «смартфон» мӯд шудааст. Дар кӯчаву боғҳои Душанбе ҷавонони зиёдеро метавон дид, ки чашм аз экрани телефонҳои "доно" намекананд ва ҳамзамон бо гӯши мусиқӣ ё барномаеро мешунаванд.

Азиза, донишҷӯи колеҷи тиббии пойтахт мегӯяд, ки аз тариқи телефон ба саҳифаи "агент" ворид мешавад ва дӯстонашро пайдо мекунад. Азиза мегӯяд, аз рӯзе, ки "Самртфон" харидааст, дигар ба марказҳои истифодаи интернет намеравад.
"Ман ҳатто баъзе санадҳоро ҳам тавассути телефон мефиристам. Ҳамчунин аз телефонам, сомонаҳои "Азия плюс" ва "Ховар"ро мехонам, ба дигар саҳифаҳо ҳоло даромада наметавонам».

Коршиносон мегӯянд, аксар ҷавонони тоҷик аз барномаи муоширатии «Агент»-и портали Майл ру, саҳифаи «Одноклассники» ва «Шиносоӣ» истифода мекунанд, вале хабар надоранд, ки "Смартфон" имконоти бештар аз инро дар ихтиёри онҳо мегузорад.

Дар ҳамин замина, ба хотири омӯзиши фарҳанги истифодабарии интернет ва фанновариҳои нав, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барномаи наверо рӯйи даст гирифтааст. Тамринҳое, ки ин созмон барои корбарандагони интернет баргузор мекунад, боз кардани сомонаҳои хабарӣ, сабти видео, аккосӣ ва нашри ин мавод дар шабакаҳои иҷитмоиро таълим медиҳад.

Талъат Нӯъмонов, раҳбари маркази мазкур мегӯяд, ҳамасола ҳудуди 200 ҷавон аз омӯзишҳои онҳо баҳравар мешаванд.Ба гуфтаи Талъат Нӯъмонов густариши фарогири истифодаи телефонҳои мобил дар Тоҷикистон, теъдоди истифодабарандагони сомонахои хабарӣ аз тариқи телефонҳои ҳамроҳро бештар кардааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, на ҳама сомонаҳои тоҷикӣ дар телефони мобил боз мешаванд.

Феълан шумори корбарони телефонҳои мобил дар Тоҷикистон зери 6 миллион нафар гуфта мешавад, вале барои аксарияти ин корбарон телефон то ҳол танҳо василаи тамос ва сӯҳбат боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи мусоҳибони мо, телефони мобил, бахусус "Смартфон" қодир аст дари ҷаҳони хеле бузургтар аз сӯҳбатҳои телефониро ба рӯи соҳибонашон боз кунанд.
XS
SM
MD
LG