Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фейсбук ба ҷашни зодрӯз 3 000 меҳмони нохонда овард


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Иштибоҳи як духтар боис шуд, ки даъватномаи зодрӯзаш ғайримунтазира ба 20 ҳазор нафар дастрас шавад.

Шаби ҷумъа, 21-уми сентябр, пулиси таъйиноти махсус дар як шаҳраки ҳолландӣ издиҳоми иборат аз тахминан 3 ҳазор ҷавонро пароканда кард.

Онҳо бар пояи як даъватнома дар Фейсбук (Facebook) ба шаҳри Ҳарен рафта буданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, издиҳом ба ғорати дӯконҳо ва тахриби моликияти сокинони Ҳарен даст задааст.

Дар ҷараёни амалиёти пулис 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки захми 3 нафари онҳо ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Аслан даъватнома дар Фейсбукро як духтар ҷой дода, мехостааст бо наздиконаш зодрӯзашро ҷашн гирад, вале ӯ фаромӯш кардааст, ки даъватномаро ҳамчун паёми хусусӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҷой диҳад.

Ҳамин тариқ, даъватнома ғайримунтазира ба воситаи вирус ба 20 ҳазор нафар ирсол шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG