Пайвандҳои дастрасӣ

"Захми носур"-и Сайидҷон Қодирӣ ба намоиш медарояд


Лаҳзаҳое аз филми "Захми носур"

Лаҳзаҳое аз филми "Захми носур"

"Захми носур", филми бадеии нави Сайидҷон Қодирист, ки рӯзҳои наздик дар толорҳои Душанбе ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Сайидҷон Қодирӣ, коргардони шинохтаи тоҷик, филми "Захми носур" роҷеъ ба сарнавишти як ронандаи "Камаз" сӯҳбат мекунад, ки солҳои ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон ба унвони сарбоз хидмат кардаву сипас тақдир ӯро ба ҳаводиси ҷангҳои дохилии Тоҷикистон рӯбарӯ мекунад.

Коргардони тоҷик гуфт, ин филм барои ватандӯстӣ ва азиз доштани ҳар пора хоки ватан ва ашёи он тамошобинро ташвиқ мекунад. Сайидҷон Қодирӣ қаблан филмҳоеро бо номи "Умеди охирин", "Наберагон", "Баҳори як кӯча", "Ҷазо" ва "Нишони зиндагӣ" ба навор гирифтаву пешкаши тамошобин кардааст.

Дар як сӯҳбате бо Саидҷон Қодирӣ доштем, аз ӯ пурсидем, ки роҷеъ ба ин филм, қаҳрамони он ва сарпарастҳояш маълумоти бештаре диҳад.

Сайидҷон Қодирӣ: "Воқеаҳои филм аз ҳаводиси солҳои 1992-1997 гирифта шудааст. Филм дар мавзеъҳои хеле хуби навоҳии кишвар, бахусус ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон, рӯи навор оварда шудааст. Ин филм дар бораи сарнавишти як ронанда қисса мекунад. Воқеаҳои филм як қисмашон дар Афғонистон мегузарад, ҳамон солҳое, ки артиши Шӯравӣ дар онҷо буд ва баъдан соли 1989 бароварда шуд."

Озодӣ: Яъне филми бадеиву ҳунарӣ дар бораи як тоҷики "Камаз"-ист, ки солҳои пеш дар Афғонистон дар даврони Шӯравӣ адои хидмат кардааст?

Саидҷон Қодирӣ

Саидҷон Қодирӣ

Сайидҷон Қодирӣ: "Дар он давра аз тамоми гӯшаву канори Шӯравӣ аскарҳоро ба Афғонистон мебурданд. Аз соли 1979 то 1989 хеле аз ҷавонҳоро ба онҷо бурда буданд. Аз ҷумла, афсари мо низ дар байни русу қазоқу гурҷиву қирғизу чечен меафтад ва онҳо бо ҳам дӯст мешаванд ва чанд сол дар онҷо хидмат мекунанд. Яъне инҷо як ёдоварӣ аст. Вақте ки солҳои 1992 ҷанги шаҳрвандӣ дар худи Тоҷикистон рух медиҳад, қаҳрамони асосии филм дар як ҳодисаи мудҳиш гирифтор мешавад ва ҷиҳати кӯмак барои бародар ва дӯст ин рафиқон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва Русия ба Тоҷикистон меоянд ва аз болои як мафияе, ки бисёр корҳои ношоиста анҷом медод, якҷоя мубориза кардаву ғалаба менамоянд. Шохаи ин мафия аз Афғонистон оғоз меёбад ва баъдан ба Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон мерафт ва ба тиҷорати маводи мухаддир машғул буд..."

Озодӣ: Дар нақши асосии кино кӣ бозӣ мекунад?

Сайидҷон Қодирӣ: "Дар нақши асосӣ ҳунарманди шинохта ва маъруф Назирмад Мӯсоев, Мавлона Наҷмиддинова, яке аз ҳунарпешаҳои тоҷик, ки дар театри Майяковскийи пойтахт фаъолият дорад, ва баъдан кӯдаки онҳо Мелоди Тоҷиддин бозӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар ин филм ҳунармандони маъруфи тоҷик -- Қурбони Собир, Исо Абдурашидов, Аҳмадшоҳи Улфатшо ва Беҳрӯзҷони Сайид, Машҳура Сайидзода, дар маҷмӯъ 60 актёри тоҷик, барои ин кино ҷалб шудаанд. Ҳамчунин афсар ва сарбозони Нерӯҳои марзбонии кишвар дар хеле аз саҳнаҳо ширкат меварзанд, ки ман барои мусоидат ба Вазорати дифоъ сидқан ташаккур мекунам. Фикр мекунам, як филми хеле ҷолиб ва диданӣ рӯи навор омадааст. Ин филм аз авохири моҳи май то сентябри соли ҷорӣ ба навор гирифта шуд."

Озодӣ: Вазифаи қаҳрамони асосӣ дар кино чӣ аст?

Сайидҷон Қодирӣ: "Дар кино дар нақши асосӣ ронандаи "Камаз" аст. Боркашонӣ мекунад. Аз Афғонистон бор меорад ба Русия мебарад, мисли сангҳои қиматбаҳо, маводи мухаддир... Яъне, аз ин гурӯҳе, ки бо ин корҳо сарукор мегиранд, ӯ ҷудо мешавад ва баъдан мафия аз пайи ӯ меафтад."

Озодӣ: Дар рӯи навор омадани "Захми носур" кӣ кӯмак кард, яъне дастгирии молиявии он бар дӯши кӣ буд?

Сайидҷон Қодирӣ: "Ин филми истеҳсоли телевизиони "Сафина" аст. Албатта, дастгирии вазоратҳо: Вазорати дифои Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раисони ноҳияҳо, масалан ноҳияи Қумсангир ва ноҳияи Шаҳристон ва ростӣ дар ҳар куҷо, ки пораҳои филмро сабт намудем, ба мо дасти мадад дароз намуданд."

Озодӣ: Намоиши он кай ва дар куҷо сурат мегирад?

Сайидҷон Қодирӣ: "Иншооллоҳ намоиши он ба наздикиҳо бояд сурат гирад. Албатта, аввал маросими муаррифии он бо ширкати мутахассисон ва аҳли завқ баргузор мешавад. Мақсад дорем, дар беҳтарин толорҳои шаҳри Душанбе намоиши он ба роҳ монда шавад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG