Пайвандҳои дастрасӣ

Коргардони ҷавон Аъзам Раззоқов сабти аввалин филми худ «Марги журналист»-ро ба анҷом расонд.

Ин филм аз рӯи қиссаи Хуршеди Атоулло «Марги журналист дар давоми 50 рӯз дар Ёвону Душанбе рӯи навор омад.

Нақшҳоро ҳунармандони ҳирфаӣ, аз қабили Исфандиёр Ғуломов, Қурбони Собир, Давлат Убайдуллоев ва дигарон иҷро кардаанд. Наворбардори филм мутахассиси эронӣ Ризо Фотеҳист. Алҳол филм барои муаррифӣ омода мешавад.

Дар сӯҳбат бо Анвар Розиқов нахуст аз ӯ суол кардем, ки ин чӣ қисса аст ва ба кадом хотир гирифта шудааст, бахусус оё рӯзгори як рӯзноманигор барои ҷомиа то куҷо аҷиб ва бозоргир аст:

Аъзам Раззоқов: Қисса рӯзгори як журналисти оддист, ки дар ғурбат ба сар мебарад, аммо аз ватан хабар мерасад, ки оилаашро нобуд мекунанд. Ӯ бармегардад ва бо онҳое, ки зиндагии ӯро шикастанд, ҳисобашро баробар мекунад.

Озодӣ: Яъне рӯзноманигори Шумо ҳам ба як нафари ҷиноӣ табдил меёбад?

Аъзам Раззоқов: Ҳисобашро баробар мекунад, на ба он маънӣ, ки душманонашро мекушад ё мепарронад. Балки бо роҳҳои махсус ҳамчун рӯзноманигор онҳоро ҷазо медиҳад.

Озодӣ: Пас қасос мегирад?

Аъзам Раззоқов: Қасос гирифтанаш ҳам ба он қасосҳое, ки маъмулан мебинем, монанд нест. Ӯ таҳқиқи рӯзноманигорӣ мебарад ва ба ин роҳ гуноҳи душманонашро собит карда, қисмеро зиндонӣ мекунад ва қисми дигарро низ аз мансабҳояшон маҳрум мекунад.

Озодӣ: Фикр мекунед, ин мавзӯъ барои бинандаҳои мо, ки ба мисли мӯътод аз дозаи кам хуш намешаванд, хуш меояд?

Аъзам Раззоқов: Бале, вақте мавод хуб аст, ҳатман бозоргир мешавад, новобаста аз он, ки дар бораи рӯзноманигор аст, полис ё зиндонӣ.

Озодӣ: Дар Тоҷикистон филмҳои зиёд таҳия мешаванд, ки қариб мӯҳтавои якхела доранд ва ҳатто ҳунарпешагони якхела. Метавонед гӯед, ки филми Шумо чӣ бартарӣ дорад?

Аъзам Раззоқов: Зиёд ном намебарам – ягона филме, ки дӯст медорам ва қабул дорам, филми устод Носир Саидов «Қиёми рӯз» аст. Дигар ҳама дуюмдараҷа ҳастанд. Шояд филми мо ҳам дуюмдараҷа бошад, ҳатто умед дорем, ки чунин бошад. Аммо ман ҳам аз ин қиссаҳои ошиқӣ, ки бибӣ ин гуфт, писар ину духтар он, хаста шудаам. Вақти наворбардорӣ дар Ёвон мехостем мардум низ ба навор афтанд, мегурехтанду мегуфтанд, ки боз филми тоҷикӣ, боз ошиқӣ аст? Шиносҳоям ҳам мегуфтанд, ки боз дар бораи ошиқӣ филм мегирӣ. Ин далели он аст, ки мардум ҳам аз ин филмҳо хаста шудаанд.

Озодӣ: Бубинед, барои он ки зиндагии рӯзноманигорро нишон диҳед, оё зиндагии ягон нафаре аз онҳоро омӯхтед?

Аъзам Раззоқов: Ростӣ, махсус як нафарро гирифта омӯзам, чунин набуд. Аммо дар қиссаи «Марги журналист» ин зиндагӣ хеле хуб тасвир шудааст. Фақат ман дар филм онро ба таври худ бандубаст кардам. Аммо касби рӯзноманигорӣ барои худам ношинос нест. Дар даврони аспирантура хонданам, 10 матлаб навишта будам. Аз ҳама муҳим, рӯзноманигори ҳақиқӣ як зиндагии дигар дорад, ки насиб бошад, дар филми мо онро хоҳед дид.

Озодӣ: Ҳазинаи филмро мегӯянд, хеле кам буд, бештар аз 20 ҳазор доллар. Фикр мекунед, бо ин пул филми хуб гирифта мешавад?

Аъзам Раззоқов: Бале, ин маблағ кофӣ набуд. Аммо агар идея хуб бошад, ба назарам, гап дар маблағ нест. Аз ҳама муҳим идея дуруст ва зебо ба навор ояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG