Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро «Биҳишт...» ба тоҷикон нафорид?


Саҳнае аз филми Ҷамшед Усмонов «Биҳишт фақат барои мурдагон аст»
Саҳнае аз филми Ҷамшед Усмонов «Биҳишт фақат барои мурдагон аст»

Ин ҳафта филми Ҷамшед Усмонов «Биҳишт фақат барои мурдагон аст» ва нақшофарии Ҷонибек дар он, интернетро «тарконд».

Шоми 5-уми июл «Ишқи ҳамсари ман» - филми таҳиягари тоҷики Ҷамшед Усмонов аз тариқи яке аз бузургтарин шабакаҳои телевизионии Фаронса - «Канал Плюс» намоиш дода шуд.Ин нахустин филми сирф фаронсавии таҳиягари тоҷик аст, ки солҳои охир дар Порис ба сар мебарад. Ҷамшед Усмонов ба мо гуфт, ки «Ишқи ҳамсари ман» дар жанри детектив рӯи навор омада ва аллакай таваҷҷӯҳи тамошобини фаронсавиро ҷалб кардааст. Он дар ҳоле ба намоиш даромад, ки ҳамдиёриёни Ҷамшед филми пешинаи ӯро дар интернет ҳадафаи таъну маломат қарор дода буданд.

Ба дунболи «Ишқи ҳамсари ман» боз як филми фаронсавии таҳиягари тоҷик ҳам рӯи парда хоҳад омад, ки қиссаи ишқи як зану ду мард хоҳад буд. Ба гуфтаи Ҷамшед, дар бораи ин «секунҷаи ошиқон» асарҳову филмҳо фаровон таълифу таҳия шудаанд, вале ӯ мехоҳад нигоҳи вижаи худро пешкаш кунад. Ва аммо аз ин пештар Ҷамшед боз ба зодгоҳаш – ноҳияи Ашт меравад, то филми нави тоҷикӣ таҳия кунад:

«Соли 2003 филми «Фариштаи китфи рост»-ро навор гирифта будам, ки бисёр маъруф шуд ва, аз ҷумла, дар ҷашнвораи Канн онро хуб қабул карданд. Ҳоло мехоҳам «Фариштаи китфи чап»-ро навор гирам. Аз аввал ҳадаф навори ду филм буд – аммо он вақт барои таҳияи «Фариштаи китфи чап» зӯрам нарасид. Он вақт, албатта, ҷавонтар будам. Ҳоло фикр мекунам, ки пухта расидам, тайёр шудам ва ҳар рӯз аз субҳ болои филмнома кор мекунам. Аз нигоҳам филми хуб мешавад, вале маблағ пайдо кардан душвор хоҳад шуд. Худатон медонед, ки ҳукумати Тоҷикистон пул надорад ё пул додан намехоҳад ва аз ин ҷо пул бурдан бисёр душвор аст. Хайр, ягон илоҷ мекунем...»

Ҷамшед иқрор мекунад, ки навори филмҳояш дар Тоҷикистон бо сахтӣ мегузарад, зеро ӯ одатан филмҳояшро зимистон навор мегирад, фасле, ки дар Тоҷикистон барқ камчин аст ва ҳамкорони аврупоияш дар ин гуна шароит кор карданро хуш надоранд.

Нахустнамоиши филми «Ишқи ҳамсари ман» дар телевизиони «Канал плюс» дар ҳоле доир шуд, ки дигар филми Ҷамшед Усмонов – «Биҳишт фақат барои мурдагон аст» баъд аз шаш соли рӯи парда омадан сару садоҳои зиёдеро дар интернет барангехт. Ин филм саргузашти ҷавонест, ки пас аз сӯри арӯсӣ наметавонад бо ҳамсари худ хобухез кунад ва роҳи шаҳрро пеш мегирад. Он ҷо аз сари ӯ рӯйдодҳои романтикиву ҷиноие мегузаранд ва ниҳоят аз асрори хобухез огоҳ мешаваду ба деҳа бармегардад.

Ҷонибеки Мурод, яке аз қаҳрамонони филм
Ҷонибеки Мурод, яке аз қаҳрамонони филм
Бархе аз тамошобинон муаллифро дар навори саҳнаҳои фаҳш айбдор карданд, баъзеҳо иддао доранд, ки таҳиягарони бурунмарзие чун Ҷамшед аз решаҳои милливу мазҳабии худ дур шуда, фақат барои ҷашнвораҳо ва тамошобини аврупоӣ филм меофаранд. Баъди ин ҳама таънаву надомат, овозхони шинохта Ҷонибек, ки дар филми «Биҳишт...» нақши ҷавони фосиқро офаридааст, маҷбур ба худсафедкунӣ шуд:

“Соли 2004 хеле ҷавон будам. 18 сол доштам. Бисёр чиҳоро намефаҳмидам. Маро касе намешинохт. Вақте контракт кардем бо Ҷамшед Усмонов, мазмуни филмро ҳам намедонистам... Ақли имрӯзаам мебуд, албатта, ба чӣ қимате набошад, контрактро вайрон мекардам. Аммо он замони беақлӣ буд. Хато буд. Аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон хоҳиш мекунам, фаҳманд, ки ин филм имрӯзҳо гирифта нашудааст, 7 сол пеш буд. Агар имрӯз гӯянд, ки «тилло медиҳем», ҳамон нақшро бозӣ кун, намекунам.”

Аммо Ҷамшед мегӯяд, ки Ҷонибек набояд барои нақши шаш сол пеш бозидаи худ хиҷил бошад, зеро синамо - санъат аст ва чун дар хонаводаи ҳунарманд бузург шудааст, инро бояд хуб дарк намояд.

Ҷамшед иқрор мекунад, ки филми «Биҳишт...» аз аввал дар ҷашнвораҳо муваффақ набуд. Аммо нокомияш сабабҳои ғайриинтизор ҳам дошт - дар ҷашнвораи «Киношок» мунаққидон аз он нороҳат буданд, ки ҷавони тоҷик бо ...духтари рус ишқварзӣ мекунад. «Онҳо гумон мекунанд, ки, мо, тоҷикҳо ҳамеша гастарбайтер будем ва муносибати аҳли фарҳанг ҳам бо мо чун бо гастербайтер аст, ҳол он ки мо Румӣ дорему Ҳофизу Саъдӣ дорем». Зимнан, меафзояд мусоҳиби мо, хуб мебуд агар онҳое, ки филмро барои саҳнаи гӯё фаҳш маҳкум намуданд, аққалан як бор «Маснавии Маънавӣ»-и Румиро варақгардон мекарданд... Ҷамшед Усмонов меафзояд, ки дар ҷашнвораи синамо дар Канн ҳам «Биҳишт...» ба дарёфти ягон ҷоиза муваффақ нашуд:

«Филмро хуш истиқбол карданд ва аммо баъдан дар бораи он дигар ҳарфе нагуфтанд, яъне онро нодида гирифтанд. Ман ва ба вижа хонуме, ки саҳнаҳои эротикиро бозидааст, хело хиҷил шудем. Ва аммо боре ӯ телефон кард ва гуфт, ки мунаққиди маъруфи кинои фаронсавӣ Паскал Мережо аз филм бисёр ситоиш карда ва гуфтааст, ки «ҳоло мебинед, филматон чӣ тақдире хоҳад дошт». Ва воқеан ҳам баъд аз се моҳ, вақте филм рӯи парда омад, онро хело хуб қабул карданд ва камаш 15-20 ҷоиза гирифт...»

Сафари Ҳақдод
Сафари Ҳақдод
Сафари Ҳақдод, таҳиягари шинохта ва раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон филми «Биҳишт...»-ро ҳирфаӣ мехонад. Ва аммо ӯ мегӯяд, «шояд Ҷамшед аз воқеияти имрӯзи Тоҷикистон каме канда шуда бошад, ҳарчанд ҳар сол ба зодгоҳаш сафар мекунад. Агар ӯ ин ҷо зиндагӣ мекард, шояд ин қадар урёну бепарда намегуфт, андеша мекард. Аммо ӯ таҳриф накардааст, дурӯғ нагуфтааст, ҳамин хел муносибат, ҳамин хел воқеъа ё бархӯрд дар зиндагии мо ва дар зиндагии мардуми Осиёи Марказӣ метавонад бошад. Таҳиягар талоши урён сохтани як мушкили ҷомеаи имрӯзро карда ва муваффақ ҳам шудааст. Сафар Ҳақдод меафзояд, чун Ҷамшед дар Аврупо зиндагӣ мекунад, аз зовияи ҷомеаи боз ба ин ҳаводис нигаҳ мекунад ва чашми ӯ ҳатман бозтар аст.

Солҳои навадум ду таҳиягари тоҷик – Бахтиёр Худойназаров ва Ҷамшед Усмонов дар олами синамо ғулғула афканданд. Онҳо дар баробари дигар таҳиягарони маъруф - Валерий Аҳадов, Сайдо Қурбонов, Бақо Содиқов, Гулбаҳор Мирзоева, Майя Юсуфова, Меҳмоншо Меҳмоншоев, Фарҳод Абдуллоев ва Марворид Қосимова бар асари нооромиҳо дар Тоҷикистон дар Русияву Олмон ва Белорусу Фаронса, Узбакистон ва кишварҳои дигар муқим шуданд. Нахуст филми Бахтиёр «Братан» чанд ҷашнвораи байнулмилалиро тасхир кард.

Филми дуввуми ӯ «Қош ба қош», қиссаи ишқи ду ҷавон дар шароити ҷангу ҷидол, филме, ки дар он яке аз нақши асосиро ситораи синамои Чилӣ Паулина Галвес бозидааст, дар ҷашнвораи синамои Венетсия «Шери нуқра»-ро ба даст овард. «Падари моҳтобӣ» бошад Бахтиёр Худойназаровро ба феҳристи «мэтрҳои синамо» шомил кард. Асарҳои Ҷамшед Усмонов «Парвози занбӯр» ва «Фариштаи китфи рост» ҳам аз сӯи тамошобинону ҳайати ҳакамони ҷашнвораҳои байнулмилалӣ баҳои баланд гирифтанд. «Парвози занбӯр» беш аз даҳ ҷоизаи Ҷашнвораи синамои Маскав, ҷоизаи асосии ҷашнвораи кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва Балтика «Киношок» ва Гран-Прии ҷашнвораи синамои ҷавон дар Туринро ба даст овард. Ба Ҷамшед Усмонов барои филми «Фариштаи китфи рост» соли 2002 ҷоизаи миллии синамои Русия «Ника» супурда шуд.

Вале чаро солҳои ахир таҳиягарони бурунмарзӣ ҳарчӣ камтар ба мавзӯъҳои «сирф тоҷикӣ» рӯ меоваранд? Коршиносони синамо мегӯянд, ки баъд аз солҳои зиёди зиндагӣ дар ғурбат таҳиягарон ба тадриҷ ҳуввияти худро аз ёд мебаранд. Ба ҳамин далел аст, ки филмҳои солҳои ахир офаридаи Бахтиёр Худойназаров «Шик» ва «Танкер «Танго» комилан русиянд. Сафар Ҳақдодов мегӯяд

«Воқеан, вақте инсон аз замини худ канда мешавад, оҳиста-оҳиста ба завқу фаҳмишу талаботи ҷои нави зисташ одат мекунад. Аз сӯи дигар ӯ бояд талаби продюсерҳои сармоягузори филмро бояд ба инобат бигирад. Аммо бо вуҷуди ин ҳунарманди асил бо истифода аз воситаҳои санъат ҳамеша ҳувияти миллии худро ҳифз мекунад».

Аз нигоҳи Валерий Аҳадов, таҳиягари тоҷики муқими Маскав низ, рӯ ба мавзӯъҳои «бегона» овардани таҳиягарони бурунмарзӣ - ин як таҳаввулоти табиист, ба вижа, ки дар кино «мусиқиро касе фармоиш медиҳад, ки пул пардохт кардааст». Продюсерҳо мехоҳанд, ки филме наворбардоштаи, бигирем, Бахтиёр Худойназаровро, на фақат дар Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ, балки дар ҳама кишварҳо олам маъруф шавад, мегӯяд ӯ ва меафзояд:

«Бо вуҷуди ин рӯҳия боқӣ мемонад, ҳатто вақте Бахтиёр филмҳои худро дар Аврупо навор мебардорад, рангубори шарқӣ ва танзу ҳаҷви шарқӣ эҳсос мешавад. Аз сӯи дигар табиист, ки одамҳо аз асли худ дур мешаванд, кас акнун на барои «Регар» ё «Истиқлол», балки барои «Спартак» ё «Динамо» мухлисӣ мекунад ва пулашро бо рубл ҳисоб мекунад ва на бо сомонӣ».

Ҷамшед Усмонов мегӯяд, ки бисёр мехоҳад, филмҳояш дар Тоҷикистон намоиш дода шаванд ва аммо дар кишвар хонаҳои синамои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир кинонамоишдиҳӣ нестанд. “Филми “Фариштаи китфи рост”-ро дар даҳҳо кишварҳои олам, ҳатто дар Мексикаву Колумбия намоиш доданд, аммо фақат тамошобини тоҷик онро надидааст”, бо таассуф мегӯяд таҳиягар. Ӯ мегӯяд, ки фақат чанд сол пеш бо ибтикори раиси онвақтаи Кумитаи садову симо Абдуҷаббор Раҳмонов ду филми ӯро аз тариқи телевизиони тоҷик намоиш доданд ва аммо фақат соате, ки бештари мардум аллакай дар хоби роҳат буданд...
XS
SM
MD
LG