Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пахши филми мазҳакавии «Зангирии Мугамбо», истеҳсоли синамогарони хатлонӣ, дар синамохонаҳо ва фурӯши он дар бозорҳо аз ҷониби идораи кино ва видеои вилояти Хатлон мамнӯъ шудааст.

Дар баробари ин филм, ҳамчунин мазҳакаи «Зангирии Донжуан» низ ба «феҳрасти сиёҳ»-и идораи кино ва видери вилояти Хатлон шомил гардид. Ин ду асар нахустин талоши филмсозии ҳунармандони маҳаллӣ дар Хатлон мебошанд, ки бо сармояи соҳибкорони хатлонӣ ва дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст.

Лутфия Роибова, раҳбари идораи кино ва видеои Хатлон, гуфт, ки 4 сабаби аслӣ боиси манъи пахш ва фурӯши филмҳои мазкур шудааст. Ин ҳам беэҳтиромӣ ба забони адабии тоҷикӣ, хилофи меъёрҳои касбии синамосозӣ наворбардорӣ шудани саҳнаҳои он, тарғиби ҷинояти дуздӣ ва орӣ аз арзишҳои фарҳангӣ будани мӯҳтавои ин ду филм мебошад.

Хонум Роибова афзуд: «Дар назди идораамон маркази ташхиси филмҳоро таъсис додем, ки ба он ба ғайр аз мутахассисони мо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, равоншиносон, педагогҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ шомиланд ва филмҳоро арзёбӣ мекунанд. Агар ба хулосае оянд, ки тамошо ва ё фурӯши филмҳои мушаххасе ба фоидаи ҷамъият ва насли наврас нест, ба мақомоти болоӣ дар бораи манъи он пешниҳод мекунанд. Филми «Зангирии Мугамбо» ғайрикасбӣ наворбардорӣ шудааст. Сужа бисёр заиф аст, забони давлатӣ хор шудааст. Филм бояд ғизои маънавӣ диҳад ба тамошогар, на ин ки асабашро хароб созад. Саҳнаҳои беодобона ва номувофиқ ба фарҳанги суннатии тоҷикон дар ин филм бисёр буд ва сабани мусодирааш аз дӯконҳо низ ҳамин буд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Илҳоми Шодӣ, муаллифи сенария ва яке аз ду қаҳрамони асосии филми «Зангирии Мугамбо», мегӯяд, истифода аз лаҳҷа дар филм ба хотири мардумӣ шудани он аст ва мақомот набояд саҳнаҳои ҳаҷвии филмро ҳамчун беодобӣ қабул доранд, зеро ин филм дар жанри мазҳака офарида шудааст. Илҳоми Шодӣ афзуд: «Ҳоло ҷавонон забони адабии тоҷикиро хуб балад нестанд. Филми мо барои аудиторияи ҷавон нигаронида шудааст. Шӯхиҳои ҷавонони имрӯзаро инъикос мекунад. Агар ба забони адабӣ гап зануд, мисли масхара ба гӯш мерасад, барои ҳамин аз лаҳҷа истифода кардем. Аммо дар мавриди сифати наворҳо шояд мувофиқ бошам бо мутахассисони идораи кино ва видео. Зеро мо ҳамагӣ 4 моҳ фурсат доштем барои наворгирӣ ва танзими он. Сарпарастон моро саросема карданд ва қисман маводи хомро гирифта, вориди бозор намуданд…»

Дар ҳамин ҳол, Лутфия Роибова, роҳбари идораи кино ва видеои вилояти Хатлон, мегӯяд, бо вуҷуди мамнӯъ эълон шудани пахш ва фурӯши филмҳои «Зангирии Мугамбо» ва «Зангирии Донжуан», навори ин филмҳо дар дӯконҳои бозор ба фурӯш гузошта шудаанд. Ахиран ба мақомоти идораи кино ва видеои Хатлон муяссар шудааст, ки аз чунин дӯконҳо 500 адад фитаи ин ду филми мамнӯъро мусодира кунанд. «Мо дар навбати аввал ба соҳибони дӯконҳои дискфурӯшӣ огоҳӣ додем, ки ин ду филмро аз фурӯш берун кунанд. Агар такрор шавад, масъалаи ба ҷавобгарӣ кашиданашонро ба миён мегузорем», - афзуд Л. Роибова.

Аммо мушкил ин аст, ки ба иддаои масъулони идораи мазкур, баъзе аз дӯконҳои дискфурӯширо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истилоҳ «сарпарастӣ» мекунанд, ки барои ба танзим овардани кори онҳо, идораи кино ва видео оҷизӣ мекашад.

Филми «Зангирии Мугамбо» маҳсули кори ширкати телевизиони мустақили Қӯрғонтеппа аст. Гуфта мешавад, ки ин нахустин таҷрибаи филмбардорӣ тавассути ширкатҳои телевизионӣ дар вилояти Хатлон мебошад, дар ҳоле ки дар ин минтақа ягон студияи сабти филмҳо арзи ҳастӣ намекунад. Ҳоло муаллифони филми мамнӯъшудаи «Зангирии Мугамбо» қасд доранд, ки филми нави мазҳакавиеро бо номи «Азизи зиндагӣ» ба навор бардоранд. Бо ин ҳадаф, ки филми нав низ ба мисли «Зангирии Мугамбо» ба рӯйхати филмҳои мамнӯъ шомил нагардад, ба кори таҳияи сенарияи филм коргардони маъруф Убайдулло Раҷабов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, низ ҷалб шудааст.

Аммо агар муаллифони филмномаи «Зангирии Мугамбо» дар мавриди ҳазинаи ин филм иттилоъ намедиҳанд, мегӯянд, ки манъи фурӯши он то имрӯз барои соҳибмулкон дастикам се ҳазор доллари амрикоӣ зиёни молӣ овардааст.
Соли гузашта низ корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон феҳрасти иборат аз 10 филмномаи «ғайри қобили қабул»-ро омода карда буд, ки пахши онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар ва фурӯши он дар дӯконҳо расман манъ гардид. Филмҳои бисёрсериягии истеҳсоли Туркия, филмҳои порнографию моҷароҷӯёна ва даҳшатафкане ба мисли «Пила», «Спартак» «Техасская резня», «Кровь и песок», «Дневник Вампира» ва барномаи гӯё ҳаҷвии «Наша Раша», ки моли телевизиони русии «ТНТ» аст, шомили ин рӯйхат шуда буданд.

Ҳамчунин раёсати ВКД дар вилояти Хатлон низ аз ҳукумат хоста буд, ки ба зудтарин фурсат номгӯи филму наворҳои, ба гуфтаи мақомот, «хатарзо ба амнияти идеоложӣ»-ро, таҳия кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG