Пайвандҳои дастрасӣ

Болоравии нархи молу коло дар қисмати аз оташсӯзи амонёфтаи бозори «Корвон» мардумро нигарон кардааст.

Аксарияти сокинон, ки қаблан барои харидории моли арзон ба бозори «Корвон» мерафтанд, ҳоло бошад лаб ба шикоят мекушоянд.

Ситора, як духтари 25-солаи сокини пойтахт, ки барои тӯйи арусӣ омодагӣ мегирад, аз гаронии нархи либос дар бозори «Корвон» изҳори норозигӣ кард. Вай гуфт, ки чанд бор аст барои харидани ҷиҳози арӯсияш ба ин бозор меояд ва наметавонад ниёзашро аз ин ҷо бароварда созад.

"Ҳатто баъзе чизҳо баробари молҳои «Садбарг» ва бозори «Ганҷина» нарх доранд. Маълум аст, ки бозор сӯхту мол камтар шуд, лекин ба ин далел боло бурдани нарх аз рӯи инсоф нест, ки бояд молҳои боқимонда бо нархи гарон фурӯхта шаваду мардумро ғорат кунанд. Барои мисол, ҳамон борҳое, ки се сомонӣ нарх дошт, имрӯз аз 5 сомонӣ ҳам қиммат шудааст,"-афзуд Ситора.

Ситора танҳо нафаре нест, ки аз болоравии нархи молу коло дар бозори «Корвон» шикоят мекунад. Ба гуфтаи харидорон, бозори «Корвон» дар баробари дигар бозорҳои пойтахт, маҳз бо молу колои нисбатан арзонтараш фарқ мекард.

Ҳамсӯҳбати дигари мо холаи Хурсандой аст, ки бо ӯ дар растаи молҳои зарурии рӯзгор рӯ ба рӯ шудем. Номбурда гуфт, якбора боло бурдани қимати молҳо бештар ба онҳое гарон меафтад, ки зиндагии хуб надоранд ва дар фақру нодорӣ зиндагӣ мекунанд. Вай афзуд, «як бозоре ки каме арзонтар молашро харидорӣ мекардем, он ҳам дигар гарон шудааст».

Дар ҳамин ҳол, Фирӯза, як тоҷири бозори «Корвон» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гаронии молу колоҳоро рад накард ва гуфт, шояд нарх дар бархе аз нуқтаҳо тағйир ёфта бошад. Зеро, гуфт ӯ, феълан мол камтар аст ва бештари фурӯшандагони ин қисмати бозор молҳоро аз қисмати яклухтфурӯшии бозоре, ки дар оташсӯзӣ хокистар шуд, ба ин тараф меоварданд.

"То он дараҷае ки акнун молҳо хеле қимат шуда бошаду мардум норозӣ бошад, инхел нест, мисли пештара бозор пуродам аст. Аммо мол ки кам шуд, нархаш қимат мешавад. Ин дар ҳамаҷо ҳамин хел аст. Ҳамаи савдогарон дӯкону мағозаҳои худро иҷора гирифта, барои молашон маблағи зиёде пардохт мекунанд," - гуфт Фирӯза.


Бозори яклухтфурӯшӣ баъди сӯхтори 5 сентябр

Бозори яклухтфурӯшӣ баъди сӯхтори 5 сентябр

Дар ҳамин ҳол масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки «ин ниҳод дар ин соҳа кор намебарад». Ба гуфтаи як манбаъ аз ин хадамот, эҳтимол аст нархи молу коло тағйир ёбад, чунки «ин ҳодисаи табиӣ бозор» аст. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти охири худ бо хабарнигорон, ҷаҳиши нархи маводи ниёзи аввалия дар бозорро кори дасти тоҷирон унвон карда буданд.

Коршиносон мегӯянд, дар тайи чанд соли ахир танзими нарх дар бозорҳои кишвар мушкил шуда ба як одати маъмулӣ даромадааст. Сӯҳроб Мирзоев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳарчанд болоравии нарх дар бозор маънои монополияро надорад, аммо тоҷирон бештари маврид аз ҳолатҳои рухдода ба мисли сӯхтор дар бозор истифода мекунанд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, «вақте мардум ба як мол ниёз дорад, кӯшиш мекунад, онро харидорӣ кунад ва дар ин ҳолат савдогарон низ нархро ҳарчӣ бештар боло мебаранд. Зеро агар фурӯшанда нахоҳад, молашро ба бозор намебарорад. Ҳамин гуна механизмҳо дар замони бозаргонӣ вуҷуд дорад. Ин раванд низ дар бархе аз давлатҳои хориҷ ҳам амалӣ мешавад.» Ба гуфтаи аксар таҳлилгарон, то замоне ки давлат пардохтҳои гумрукиро коҳиш надиҳад, нарх дар бозорҳоро наметавон поин овард.

Рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар пайи як оташсӯзӣ қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» сӯхта хокистар шуд. Ва то имрӯз иттилое дар мавриди зиёни расида ба соҳибкорони бозори мазкур пахш нашудааст. Бо гузашти бештар аз ду ҳафта, молики бозори «Корвон» низ эълом кард, ки 50 дарсади корҳои навсозӣ анҷом шуда, феълан дар бозори яклӯхтфурӯшии «Корвон» ҳудуди 20 дӯкон дубора ба кор даромадаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG