Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори чанддафъаинаи "Корвон"-ро таҳқиқ мекунанд


Ҳукумати Душанбе барои таҳқиқи иллатҳои сӯхтори чанддафъаина дар бозори "Корвон" комиссияи махсус таъсис дод.

Раҷаби Мирзо, раиси Маркази таҳлиии "Бозтоб", ки узви комиссияи махсус барои таҳқиқи сӯхтори чанддафъаинаи "Корвон"аст, рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин комиссия таҳти раҳбарии вакили маҷлиси шаҳрӣ, Абдулло Ҳабибов, таъсис ёфтааст. Ба қавли ӯ, дар ин комиссия вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва рӯзноманигорон шомиланд.

Аз ҷумла, Зафар Абдуллоев, масъули маркази таҳқиқотии "Контент", Гулнора Амиршоева, сардабири "Вечерний Душанбе" ва худи Раҷаби Мирзо шомили ин комиссияи махсуси ҳукумати шаҳри Душанбе будаанд. Интизор меравад, ҳайати ин комиссия имрӯз, 20-уми сентябр, нахустин ҷаласаи худро баргузор кунад.

Ин комиссия дар ҳоле таъсис ёфта, ки сӯхтори шоми 5-уми сентябр дар бозори яклухтфурӯшии "Корвон" тоҷиронро сахт нигарон кард. Онҳо гуфтанд, "Корвон" бори шашум аст, ки ба коми оташ меравад, вале мақомот иллати аслии ин сӯхторҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ба дунболи ин, тоҷирон рӯзи шашуми сентябр тазоҳурот карда, посухи ин суолро аз мақомот хостанд ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ваъда кард, ки омилони ин сӯхтор базудӣ ошкор ва муҷозот хоҳанд шуд.

Молики бозори "Корвон", Нуршед Машрабов, низ гуфт, ба касе, ки омилони сӯхторро ошкор мекунад, ҳамчун ҷоиза 150 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад кард. Ҳарчанд як навор аз чигуна оташ гирфтани бозори "Корвон" ахиран дар Интернет пайдо шуд, аммо то кунун омилони ин сӯхтор фош нашудаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки бино ба қавли молики бозори "Корвон" тақрибан 50 дарсади бозори яклухтфурӯшии "Корвон", ки ба хокистар мубаддал шуда буд, дубора барқарор шудааст. Ӯ гуфтааст, базудӣ сохтмони дӯконҳоро ба поён расонда, онҳоро ба соҳибонашон медиҳад ва аз тоҷирон ба мӯҳлати панҷ сол ҳаққи кироя нахоҳад гирифт.

"Ин навбат дар бозор тамоми шароит ва василаҳои зиддисӯхтор, аз ҷумла гӯшаҳои махсус ва ҳавзҳо эҷод хоҳанд шуд",-афзудааст ӯ.

"Корвон" чӣ гуна оташ гирифт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG