Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дунболи ҳодисаҳои Хоруғ, сӯхтор дар бузургтарин бозори Душанбе - "Корвон" ба истилоҳ "болои сӯхта намак пошид".

Махсусан, мардуме, ки рӯзиашонро аз ин бозор меёфтанд, ҳамакнун пешорӯи мушкилоти сангин қарор гирифтанд. На танҳо ин мардум аз "нони даҳонашон" монданд, балки барои чанд соли дигар дар қарз ғӯтиданд.

Ҳарчанд, зоҳиран бо дар назар гирифтани паёмадҳои амалиёти Хоруғ, ки боиси хашми ғазаби мардуми ин шаҳр шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба истиқболи "корвониён" рафт ва ваъдаҳое кард, ки боиси то андозае ором гирифтани мардуми эътирозгари бозорнишин шуд. Вале боз ҳам дида мешавад, ки ҳукумати марказӣ ба таҳаввулоти сарнавиштсозе, ки пояи бақояш аст, фориғболӣ мекунад ва иқдомоти ҷиддие рӯи даст намегирад. Аз сӯи дигар, ваъдаи шаҳрдор ба бозбинии шароити қарзи тоҷирони "Корвон" низ зоҳиран ба хотири таскин додани онҳо буд, зеро Убайдуллоев ҳаққи дахолат дар кори ягон бонки тиҷориро аз рӯи қонун надорад.

Аммо бӯҳрони Хоруғ ва сӯхтори "Корвон" танҳо ду намунаи ангуштнамои бефарқии мақомот нисбат ба масоили доғи мардум дар Тоҷикистон аст. Ин мақомот дар тӯли солҳо нисбат ба мавзӯъҳои барои мардум ҳаётие чун муҳоҷирати саросарӣ, камбуди шадиди нерӯи барқ, фасоди густардаи идорӣ ҳамингуна нигоҳи бефарқ доштанд. Ба гуфтаи нозирони умур, ин ҳама мушкилотро зери дандон монда таҳаммул кардани мардум дар тӯли ин солҳост, ки мақомотро чунин фориғбол ва нисбат ба худ беш аз ҳад мутмаин кардааст.

Абдуфаттоҳ Воҳидов

Абдуфаттоҳ Воҳидов

Бархе аз таҳлилгарон ин гуна амалкардро ба саҳлангории мансабдорон марбут медонанд. Ба таъкиди ҷомеашинос, Абдуфаттоҳ Воҳидов, саҳлангории ҳукумат дар ниҳоят бар зарари ин ҳукумат тамом хоҳад шуд: "Аз он ҳолате, ки мо мебинем, ҳукумат тавони таъмини амнияти мардум, шояд аз лиҳози молиявӣ ва ғайраро надорад, яъне имконоташ ба ҳамин сатҳ аст. Аммо ҳукуматро лозим аст, то тадобир андешад ва ҷилави вуқӯъ аз ҳар гуна ҳаводисеро бигирад, ки дар акси ҳол бар зарари худаш хоҳад буд."

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, бар ин бовар аст, ки намешавад, гуфт, ҳукумат тавони ҳалли мушкилоти мардумро надошта бошад. Зеро ба таъкиди вай, мушкилоти мардум "он қадар зиёд ҳам нест". Кабирӣ сабаби ба мушкилоти мардум вокуниш накардани ҳукуматро дар одати нописандии ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ медонад, ки мардумро бо шиорпартоиҳои дурӯғин ва тарс доданҳо аз такрори ҷанги даҳаи 1990-ум ҳушдор медиҳанд.

Ҳол он ки ба қавли раиси ҲНИТ, "мо аз ҳад зиёд гирифтори ана ҳамин шиорҳои дурӯғин шудем. Акнун бояд, ин як сигнали қавӣ бошад барои масъулин ва ҳукуматдорон ва на танҳо ҳукуматдорон, балки ҳамаи сиёсатмадорон, то дунболи ҳалли мушкилоти ҷомеа бошанд ва пахтаҳоро аз гӯш бардоранд ва айнакҳои сиёҳро аз чашм бигиранд ва воқеиятҳоро ҳамон тавре, ки ҳаст, бишнаванд, гӯш кунанд ва иқдом кунанд. Агар омода ҳастанд, хело хуб, мардум дар хизматашон ҳастанд ва кӯмакашон хоҳанд кард. Агар омода нестанд, баъзе масъулонро ҷавоб дод ва гуфт, ба талаботи ҷомеа созгор нестанд ва кадрҳои дигар биоянд, то мушкилоти мардумро ҳал кунанд."

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Ба назари маҳофил, таҳаввулоти ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон нишонаҳои "лабрез шудани косаи сабри мардум"-ро мемонад. Чун дар Хоруғ мардум дар қиболи амалиёти сохторҳои қудратӣ, ки боз ҳам худи мақомот онро "иштибоҳ" хондаанд ва чандин кушта аз афроди мулкиро дар пай дошт, ба майдон рехтанд, аммо дар Душанбе мардумро оташсӯзии навбатӣ дар бозори "Корвон" барои бори аввал дар чанд соли охир ба эътироз кашонд. Агарчӣ хисороти ворида аз оташсӯзии ахир то ҳол эълом нашудааст, аммо бар пояи иттилои расмӣ панҷ сӯхтори қаблӣ дар ин бозор 3,5 миллион доллар хисоротро бар ҷой гузоштааст.

Ҳол он ки ба гуфтаи тоҷирони бозори "Корвон", сӯхтори ахир метавонад ба маротиб бештар аз панҷ сӯхтори қаблӣ бошад. Дар ҳолатҳои бӯҳронӣ одатан ҳатто як шарора мунҷар ба оташи бузург мешавад. Дар пайи таъқиби пулис худро оташ задани як бозорнишин дар Тунис ба силсилаи инқилобҳои Баҳори Араб оғоз гузошт, ки дар ниҳоят ҳам ҳукумати Тунис ва ҳам чанд режими дигари ҳокими Ховари Миёнаро сарнагун кард.

Соҳибназарони тоҷик "алангаи оташи бозори Корвон"-ро шабеҳи оташи норизоияти мардум дониста мегӯянд, ҳукумат набояд бо ин "оташ" зиёд бозӣ кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG